ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 02 2019


Омӯзгори собиқадор Мирзоалӣ Содиқов, аз ноҳияи И.Сомонии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар бораи устод Бозор Собир чанд ҷумла гуфтаниям. Рӯзгори устод пур аз пасту баландиҳо, ғаму шодӣ буд. Хосса, солҳое, ки дур аз Ватан, дар ғарибӣ иқомат дошт. Шоирро ёди ёру дӯстон, ҳамкасбон, ёди деҳаи азизаш-Сӯфиён… сахт азият медод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо сари баланд дунёи фониро падруд гуфт. Баъди даргузашти ӯ шоир Давлати Раҳмониён шеъре навишт бо номи «Баъди Бозор қаламро шиканед!». Воқеан, мактаби адабӣ ва эҷодии Бозор пайрав ва мухлиси зиёд дорад! Раҳмониён аз аҳли қалам даъват ба амал меорад, ки моро боястӣ ҷуръати шоирии Б.Собирро дошта бошем, вагарна муваффақ нахоҳем шуд. Зимнан, устод аз ибтидои фаъолияти эҷодӣ то охирин лаҳзаҳои зиндагиаш далер, ғаюру нотарс боқӣ монд. Ҳанӯз 25 сол қабл аз бозсозии горбачёвӣ шеъри «Забони модарӣ»-ро навишта буд. Дар замони пасошӯравӣ шоир дар ҳамаи мусоҳибаҳои матбуотиаш такрор ба такрор мегуфт: «Фаъолияти ҲНИТ расман манъ карда шавад». Аммо боиси таассуф аст, ки эроди шоирро дар вақташ ба анҷом нарасондем, зеро ӯ хуб медонист, ки бадтарин паёмади таассубгароии мазҳабӣ-тарсуист!

Чоршанбе, Дек 26 2018


Узви Ташкилоти ҷамъиятии «Фидоиёни Ватан», Бобомурод Абдураҳмонови 54-сола, сокини ноҳияи Синои пойтахт (тел: 98 866 89 63) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки 5 сол боз дар ЖЭУ (Кооперативи моликони манзил)-и №6 ба ҳайси партовчӣ шуда кор мекунам. Ман 4 сол боз барои 1 моҳ 400 сомонӣ ҳаққулзаҳмат мегирифтам. Аммо 1 сол боз маоши моро аз 400 сомонӣ ба 175 сомонӣ фароварданд. Ин дар ҳолест, ки бояд тибқи фармони Президенти кишвар аз моҳи сентябри соли ҷорӣ моҳонаи мо зиёд мешуд. Ин албатта ба ман сахт мерасад, зеро 7 фарзанд дорам, ки яке аз онҳо дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳсил дорад. Пас бо 175 сомонӣ чӣ хел 7 фарзандро хӯронаму пӯшонам? Чандин бор ба раисамон-Хайрулло Ҳабибуллоев доир ба ин мушкил гап задам, аммо ягон натиҷае нест! Ростӣ, ин ноадолатӣ барои ман сахт алам мекунад, чунки барои барқарории Ҳокимияти конститутсионӣ хизмат кардаам ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ дорам!

Панҷшанбе, Дек 20 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Муҳриддин Исроилов, аз шаҳри Ваҳдат (тел: 904 15 82 08) дар меҳмонии СССР гуфт, қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мо мардум бо
Кумитаи идораи замин мушкил дорад. Масалан, касе, ки қарори ҳукуматро дар бораи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ дорад, пас аз бунёди хонаи истиқоматӣ хонаю замин мерос ба фарзандону наберагон мемонад. Пас шарт нест, ки кумитаи заминсозӣ аз ӯ сертификати наздиҳавлигӣ талаб кунад, зеро заминро бо қарори ҳукумат барои бунёди хонаи истиқоматӣ гирифтааст. Ин амалро кумита ба фоидаи шахсии худ иҷро мекунад. Ҳуҷҷатҳои шахсии сертификатгиранда зина ба зина боло рафта, то ба зинаи охирон расидан он қадар маблағ сарф мешавад, ки аз хонаю замин ҳам безор мешавӣ! Ба фикрам барои замини наздиҳавлигӣ гирифтани сертификат шарт нест, аммо барои замини деҳқонӣ ва ё сохтани ягон мағоза, аптека  ва дигар иншооти ҷамъиятӣ доштани сертификат зарур аст. Ман аз масъулони соҳа хоҳиш ва илтимос мекунам, ки ин қонунро дида бароянд ва ба дарди мардум бирасанд! Фикр мекунам, тамоми депутатҳои мо дар ин боб медонанд, аммо гӯё, ки дарак надоранд.

Чоршанбе, Дек 12 2018


Муаллимаи ҷавони фанни таърих-Сайёра Алимӣ аз ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ман матбуоти даврии Душанберо пурра мехонам. Аммо ҳангоми варақгардонии газетаҳо бо баъзе калимаҳои ношиносу бегона вомехӯрам ва ин хоҳу нохоҳ ба коҳиши хонандагони нашрияҳо мерасонад. Аҷибаш ин аст, ки аксарияти вожаҳои мушкилфаҳм эрониву туркӣ, арабӣ… мебошанд. Барои кӣ ва чаро вожаҳои нофаҳм ва бегонаро дар матлаб истифода мебарем? Барои ман фаҳмост, лек хонандаи авом онро дарк мекунад? Бо ин рафтор ба забон «хизмати хирсона» мекунем. Агар матбуот нисбати забони модарии мо чунин рафтор кунад, дар 3-4 соли дигар забон ифлос шуда меравад. Бобоям нақл мекунад, ки нахустин президенти Тоҷикистон, раҳматӣ Қаҳҳор Маҳкамов низ дар охирҳои солҳои 1980 газетаҳоро хонда, рӯзе дар сари минбари Шӯрои Олӣ гуфтааст: «Забони матбуоти мо ба ҳадде печида аст, ки ҳатто маънои баъзе калимаҳоро аз китоби 2-ҷилдаи Фарҳанг низ намеёбӣ!». Мисол: ношӣ, ҳокӣ, ҳарими ҳавоӣ, султа, гуруҳи тамос, тарофа, торих, гумони ағлаб, дар муҷовироти мароқизӣ, гузиниши маҳали андоз, муҷададдан, мушкили умда, тақарруб, муштамил, қоиқ, мутаяқин, нақз, тармим… Мо бояд ба калимаҳои бегона тақлид накунем.

Чоршанбе, Дек 05 2018


Муаллими собиқадор Ҳасанбой Шерзода, аз деҳаи Миндонаи шаҳри Панҷакент (тел: 92 793 77 28) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки радиои маҳаллии ш.Панҷакент эълон кард, ки «рӯзҳои 29, 30 31-и октябр дар мағозаи қолинфурӯшии «Майсара» палосу қолинҳои истеҳсоли Қайроқум 20% арзон фурӯхта мешаванд». Хурсанд шуда, 3 ноябр ба дӯкон рафтам. Расул-соҳибдӯкони «Майсара» болои кат якпаҳлӯ зада, бо ғурур ба сару либоси харидор нигариста, нарх мегузошт. Ман, ки бо сару либоси деҳқонӣ омада будам, арзиши 5 метр палосро пурсидам. Расул гуфт: 600 сомонӣ! 600 сомонӣ дар дасташ дода палосро харидам. Яъне, ҳар метри палос 120 сомонӣ! Аз нархгузории ӯ ба шубҳа монда, рӯзи дигар бо тағйири сару либос ба ҳамон дӯкон рафта, аз дур назорат кардам. Расул метри ҳамон палосро бо қимати 90 сомонӣ мефурӯхт. Яъне ӯ аз ман 150 сомонӣ зиёд пул гирифтааст. Нархгузории Расул ба сару либоси харидор вобастагӣ дошта, ягон палос ва зарфҳои чинивориаш ҳам нархнома надошт. Чаро ташкилотҳои зидахли Ҳукумати ш.Панҷакент лаҷоми Расулро сар дода мондаанд?

Чоршанбе, Нояб 28 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Шарифхон Поччоев аз деҳаи Сангдараи ноҳияи Муъминобод (тел: 918 30 90 59, 907 30 90 59) дар меҳмонии СССР гуфт, ман низ чандин сол боз газетаи дӯстдоштаам-СССРро дар кӯҳу дара, аз пайи рамабонӣ хонда, лаззат мебарам. Мисли ман даҳҳо чӯпони дигар мухлиси ашадди газетаи мардумии СССР ҳастанд ва ҳар шумораи онро бесаброна интизор. Нисфи умри мо, ки бештар дар адиру дара ва айлоқ мегузарад, СССРро дар зери рӯшноии шамъу чароғ ва фонарик мехонему лаззати маънавӣ мебардорем… Ман бо 1 мушкили чарогоҳ назди шумо омадам. Аз соли 1992 ин ҷониб дар дашту теппаҳо мегардам, ба ин маънӣ, ки чӯпон будам ва дертар сарчӯпон ҳам шудам. Аз соли 2009 то соли 2011 дар хоҷагии «Тебалай» ба ҳайси чӯпон ва аз соли 2011 сарчӯпон шуда кор кардам. 17.05.2017 маро 2 нафар низомипӯш аз қӯтан пеш карда, моламро беҳисоб бурданду таҳдид карданд. Бо ҳамин 20.000 сомонӣ ва 20 сар гӯсфандамро надоданд. Ба суди ноҳия хаттӣ муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нашуд. Баъди 4 моҳ ҳалномаи судиро гирифтам. 1 солу 1 моҳ гузашту ҳалномаи судӣ ҳалли худро наёфт. Ростӣ, дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ба доди ман бирасанд!

саҳ 36 аз 62

Китобҳо

Flag Counter