ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 27 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Аҳтам Одинаев аз ноҳияи Ховалинг дар меҳмонии СССР гуфт, ки ба н.Сангвор (Тавилдара) солҳои тӯлонӣ сафар накарда будам. Маро дӯстам ба хурсандияш даъват кард. Ман ҳам не нагуфта рафтам. Роҳи байни Душанбе-Оби Гарм хело хуб асту байни ш.Роғун ва н.Нуробод хело бад! Аз Нуробод то Сангвор 75 км масофа асту дар 7 соат ба маркази Тавилдара расидам. Тасаввур мекунед, чӣ қадар азоб кашидам. 100 офарин мегӯям, ба мардуми ин ноҳия, ки чӣ тавр ҳар рӯз бо ин роҳи мушкил мераванду меоянд. Ростӣ, ҳайронам, ки касалиеро бо ин роҳи хароб чӣ хел ба Душанбе меоварда бошанд? Зеро бемори вазнин дар ин роҳ аниқ мемирад! Ман намегӯям, ки роҳро мумфарш кунанд ва барои ин маблағи калон ҳам лозим нест. Ҳамту, Ҳукуматҳои ин 2 ноҳия-Нурободу Сангвор бо техника чуқурӣ ва пастиро ҳамвор кунанд, тамом! Ин ҳам 1 роҳи даромад аст. Ҳамчунин сайёҳони хориҷӣ бад будани роҳро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Барои сайёҳон чӣ қадар бошад шароити дуруст бояд муҳайё кунем. Оё аз ин роҳи хароби Сангвор масъулини Вазорати нақлиёт огоҳанд, ё на? Вакили мардумие, ки сокинони Сангвору Нуробод ба тарафдорияш овоз додаанд, имрӯз аслан нисбати тақдири кӯҳистониҳо бепарвост!!! Раҳм ба мардуми ин ноҳияҳо кунед!

Панҷшанбе, Сен 20 2018


Рӯзибой Эргашев, сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 909 95 22 27, 90 333 68 85) дар меҳмонии СССР гуфт, ки соли 2011 бори аввал дар қисми ҳарбии №2747-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ (воқеъ дар назди бозорчаи Балх) 2 сол хизмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шудам. Аз шароити хизмат ягон шикоят надорам! Аммо мушкили ман дар дигар чист. Бори дувум ба ҷои додарам-Эргашев Алимуҳаммад, ки он шабу рӯз дар Русия буд, с.2016 дар қисми ҳарбии №05170-и Вазорати мудофиаи ҶТ дар н.Панҷакент хизмат кардам. Билети ҳарбиро аз қисми ҳарбӣ ба ному насаби додарам ба ман доданд, аммо дар комиссариати ҳарбии н.Сино билети ҳарбиро аз дастам гирифта гуфтанд, ки «ин билетро мо бекор мекунем, зеро моро «подставит» кардӣ. Мо барои 1 билет 10.000 сомонӣ «расход» кардаем…». Прокуратураи генералӣ ва Вазорати мудофиа тамоми ҳуҷҷатҳоро ба номи додарам ва дар доираи қонун омода карда буданд, аммо аз раёсати Вазорати мудофиа билети ҳарбиро доданӣ нестанд! Лиҳозо, аз Вазорати мудофиа эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба гирифтани билети ҳарбии додарам мусоидат кунанд.

Чоршанбе, Сен 12 2018


Маъюби гурӯҳи 1, Нурмуҳаммад Раҷабови 32-сола, аз маҳаллаи “Кирпичный”-и ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 907 35 08 36) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман соҳиби 1 фарзанду дар қайди ноҳияи Кӯшониён (собиқ н.Бохтар, деҳаи Пушкин, ҷамоати Заргар) ҳастам, вале дар маҳаллаи 5-ум микрорайон (маҳаллаи Кирпичный)-и н.Рӯдакӣ иҷоранишинам. Борҳо ба раҳбарияти н.Кӯшониён перомуни гирифтани 1 порча замини наздиҳавлигӣ ариза навиштам, аммо дар ҷамоати мо масъуле 10 сомонӣ дар дасти ман дода, ҷавобам дод. Имрӯз мехоҳам, аз қаламрави н.Рӯдакӣ замин бигирам, аммо бо ин иллат, ки дар қайди ин ноҳия нестам, замин гирифта наметавонам. Хело кӯшиш кардам, ки дар ҳудуди ноҳия шиносномаи худро ба қайд гузорам, аммо ҳич кас розӣ намешавад, зеро шиносу хешу табор надорам. Дар маҳаллае, ки ҳоло квартирантам, 1 хонаи 3-ҳуҷрагӣ ёфтам, бо қимати 238.000 сомонӣ, аммо ин қадар маблағ надорам, ки хонаро бигирам. Лиҳозо, ба хулосае расидам, ки тавассути газетаи СССР эълон бидиҳам, то ба ман кӯмаки молӣ намоянду соҳибхона шавам. Зеро СССР нашрияи мардумӣ асту аксарияти мухлисинаш саховатманданд...

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Ғозибеки Авазиён аз деҳаи Эшонҳои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ (тел: 92 811 85 97) дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, салому дуруду паёми кулли ҳаводорони гиромии мардумро ба аҳли қалами редаксия сидқан мерасонам.
Баъдан, дар бораи 1 мушкили мавсимии чорво гуфтаниям. Ҳамин шабу рӯз дар қаламрави ноҳияи мо бемориҳои чорво, аз қабили брутселлез, ясур ва оқсил аз нав хурӯҷ кардан дорад. Болои он ки имсол хушксолӣ омад, аз ин амрози ҳаявон ҳар рӯз қариб дар ҳама деҳоти ноҳия 4-5 гов худ аз худ аз по меафтад ва ҳаром мемирад. Қариб аз 1000 сар гов зиёди мардум ба ин амрози мавсимӣ гирифтор шудаанд. Шуъбаи байтории ноҳия бошад барои пешгирии ин беморӣ ягон парво надорад. Чорводорон бошанд бо фармоиш (заказ) доруҳои зидди ин бемориро аз шаҳри Хуҷанд бо нархи гарон дастрас мекунанд. Ин дарду беморӣ ҳар сол дар ҳамин вақту соат буруз мекунад ва аз ин мушкили аҳолии ноҳия ҳама дарак доранд, аммо бе парвоянд!!!

Чоршанбе, Авг 22 2018


Пардагул Авлиёқуловаи 66-сола, аз деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ (тел: 918 93 73 63, 902 22 30 24) дар меҳмонии СССР гуфт, ки соли 1977 шавҳарам ҳамроҳи модарам дар 1 садамаи автомобилӣ фавтиданд. 4 фарзандро тани танҳо ба воя расонидам. Баъди чандин солҳо бачаву набераҳои ҳеварам-Наҷмиддин, Муҳиддин маро фишор оварданд, ки “хонаатро мегирем”. Хуллас, хонаи маро Наҷмиддин дар ҳамин моҳи рамазон пурра бо техникаи вазнин ҳамвор карда, ба Шуҳрат ном сокини деҳаи Туғули ноҳия фурӯхт. Худам бо фарзандону набераҳоям дар 1 хонаи бетонии совхози сабзавоткории ноҳия зиндагӣ дорам. Дар ин кулбаи бетонӣ, тасаввур кунед, аслан зиста намешавад. Борҳо ба мақомоти суду прокуратура барои ҳалли мушкилам муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нест. Мақомот пурра ба тарафдории Наҷмиддин ҳалнома баровардаанд. Фарзандонам низ барои гирифтани хона талош варзиданд. Аз раҳбарияти Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳақро ба ҳақдор бирасонанду хонаи маро гирифта бидиҳанд...

Ҷумъа, Авг 17 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллими собиқадор, узви ИЖТ, Шарифҷон Раҳимзода, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯзи шанбеи 7.07.2018 хостам ба ш.Турсунзода рафта набераҳоямро хабар гирам. Соатҳои 7:00 бо табъи болида аз хона баромадаму соатҳои 9:30 ё 10:00 дар ш.Душанбе аз назди бозори Саховат ба нақлиёти мусофирбари Старекс (хатсайри №28) нишастам. Ронанда ҷавони ҳузарби «сақичхояк» бо либоси сабзи остинкӯтоҳ ҳар дам ба мусофирон «или два рубля, или автобус» гуфта хитоб мекард. Аз ҳама мусофирон 2 сомонӣ гирифт. «Худаш шоҳу табъаш вазир» буду бо дағалӣ табъи моро хира кард. Ронандаи эркатулфор ҳама мусофиронро дар истгоҳи Зарафшон фаровард, чунки ба қавли ӯ, ин ҷо истгоҳи охирин будааст. Баъзе илтимос карда, ки то истгоҳи Зарнисор бояд бубарӣ. Ӯ бо дағалӣ боз 2 сомонӣ талаб кард. Мо нафаҳмидем, ки истгоҳи охирини №28 Зарафшон аст, ё Зарнисор? Хулоса, ҳамон  рӯзи «наҳс» камина 3 сомонӣ сарф карда, то маҳаллаи Зарнисор, 3 км пиёда рафтам. Дар Душанбеи нозанин, ки ҳар роҳу гулгашташ имрӯз биҳиштосо шудааст, чунин ронандагони дағалгуфтору баднафс чун заҳрпечак ҳоло ҳам ҳастанд.

саҳ 38 аз 62

Китобҳо

Flag Counter