ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 05 2018


Муаллими собиқадор Ҳасанбой Шерзода, аз деҳаи Миндонаи шаҳри Панҷакент (тел: 92 793 77 28) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки радиои маҳаллии ш.Панҷакент эълон кард, ки «рӯзҳои 29, 30 31-и октябр дар мағозаи қолинфурӯшии «Майсара» палосу қолинҳои истеҳсоли Қайроқум 20% арзон фурӯхта мешаванд». Хурсанд шуда, 3 ноябр ба дӯкон рафтам. Расул-соҳибдӯкони «Майсара» болои кат якпаҳлӯ зада, бо ғурур ба сару либоси харидор нигариста, нарх мегузошт. Ман, ки бо сару либоси деҳқонӣ омада будам, арзиши 5 метр палосро пурсидам. Расул гуфт: 600 сомонӣ! 600 сомонӣ дар дасташ дода палосро харидам. Яъне, ҳар метри палос 120 сомонӣ! Аз нархгузории ӯ ба шубҳа монда, рӯзи дигар бо тағйири сару либос ба ҳамон дӯкон рафта, аз дур назорат кардам. Расул метри ҳамон палосро бо қимати 90 сомонӣ мефурӯхт. Яъне ӯ аз ман 150 сомонӣ зиёд пул гирифтааст. Нархгузории Расул ба сару либоси харидор вобастагӣ дошта, ягон палос ва зарфҳои чинивориаш ҳам нархнома надошт. Чаро ташкилотҳои зидахли Ҳукумати ш.Панҷакент лаҷоми Расулро сар дода мондаанд?

Чоршанбе, Нояб 28 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Шарифхон Поччоев аз деҳаи Сангдараи ноҳияи Муъминобод (тел: 918 30 90 59, 907 30 90 59) дар меҳмонии СССР гуфт, ман низ чандин сол боз газетаи дӯстдоштаам-СССРро дар кӯҳу дара, аз пайи рамабонӣ хонда, лаззат мебарам. Мисли ман даҳҳо чӯпони дигар мухлиси ашадди газетаи мардумии СССР ҳастанд ва ҳар шумораи онро бесаброна интизор. Нисфи умри мо, ки бештар дар адиру дара ва айлоқ мегузарад, СССРро дар зери рӯшноии шамъу чароғ ва фонарик мехонему лаззати маънавӣ мебардорем… Ман бо 1 мушкили чарогоҳ назди шумо омадам. Аз соли 1992 ин ҷониб дар дашту теппаҳо мегардам, ба ин маънӣ, ки чӯпон будам ва дертар сарчӯпон ҳам шудам. Аз соли 2009 то соли 2011 дар хоҷагии «Тебалай» ба ҳайси чӯпон ва аз соли 2011 сарчӯпон шуда кор кардам. 17.05.2017 маро 2 нафар низомипӯш аз қӯтан пеш карда, моламро беҳисоб бурданду таҳдид карданд. Бо ҳамин 20.000 сомонӣ ва 20 сар гӯсфандамро надоданд. Ба суди ноҳия хаттӣ муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нашуд. Баъди 4 моҳ ҳалномаи судиро гирифтам. 1 солу 1 моҳ гузашту ҳалномаи судӣ ҳалли худро наёфт. Ростӣ, дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ба доди ман бирасанд!

Чоршанбе, Нояб 21 2018


Муҳриддин Исроилов, сокини шаҳри Ваҳдат (тел: 904 15 82 06) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман аз Ҳукумати марказӣ, аз мақомоти дахлдори кишвар эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар радиову ТВҳои давлатӣ чун мисли пештара барномаеро таҳти унвони «Микрофони озод» ташкил кунанд. Зеро мушкилоту дарду гуфтании мардум бениҳоят зиёд аст. Инро аз таҷрибаи худам мегӯям. Зеро вақте 1 одами чораҷӯ ба кадом вазорате мактубе мефиристад, дигар то 2 сол посухи номаро намегирад. Хуллас, чунин барномае лозим, то мардум андешаҳои худро озодона бигӯянд, на ба суду прокурору дигар мақомоти болоӣ муроҷиат кунем. Ба фикри ман, агар ҳамин намоишу гуфтори озоди радиоӣ ва ТВ ташкил шавад, 100% аминам, ки коррупсия ба таври автоматӣ аз байн хоҳад рафт. Зеро тибқи мушоҳидаи ман, баъзе корхонаҳои давлатӣ на ба нафъи халқу ватан, балки бештар ба фоидаи худашон амал мекунанд. Масалан, дар нотариуси ноҳия барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо нарху навои ягон хел ҳуҷҷат дида намешавад ва чизе, ки аз даҳони намояндаҳо барояд нарх ҳамон ва қонун ҳамон! Шаҳрванди бечора маҷбур мешавад, ки ҳамон қадар маблағро супорад!

Чоршанбе, Нояб 07 2018


Шарифмоҳ Алиева, аз деҳаи Гули Сурхи ноҳияи Кӯшониён (тел: 915 01 51 73, 915 76 30 50) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам. Шавҳарам дар Русия муҳоҷири меҳнатии мавсимист. Ману шавҳарам замини наздиҳавлигӣ гирифтанием. Зеро 7 сол боз дар шаҳри Бохтар иҷоранишинем. Доир ба ин мушкил чандин маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ва ҳам ба Ҳукумати ноҳия хаттӣ навиштем, аммо ягон натиҷа нест. Ба ҳар 1 номаи ман 1 хел ва бо 1 мазмун посух-вокуниш навиштаанд, аммо то ҳозир бе хонаам. Ман духтур ҳастам ва ҳамеша дар хизмати мардуми бемор. Газетаи СССРро чандин сол боз мехонам ва пай бурдаам, ки воқеан ҳам мардумист. Бинобар ҳамин, ба хулосае расидам, ки ягона мушкилкушои ман ин СССРи мардумист. Зиёд хондаам, ки мардум ба СССР муроҷиат кардаву соҳиби хонаву дар шудаанд. Ва камина ҳам итминони комил дорам, ки арзу номаи ман дар ҳаво нахоҳад монд. Зеро банда ба умед гуфтаанд. Зиндагии хело мушкил дорам. Дар ин шабу рӯзи гароннархии бозор чӣ хел иҷорапулӣ медиҳем?

Панҷшанбе, Нояб 01 2018


Манучеҳр Ҷӯраев, донишҷӯи курси 2-и факултаи забон ва адабиёти рус (тел: 501 10 32 32), аз деҳаи Айвоҷи н.Шаҳритус дар меҳмонии СССР гуфт, ман 100% ҷонибдорам, ки ҷавонписарон дар Артиш хизмат кунанд, аммо зидди облава ҳастам. Шахсан маро санаи 5.10.2018, аз пеши дари хонаи акаам (назди маркази савдои «Ёвар») 1 гуруҳ бо либоси гражданӣ қапиданд, ки «чикора ҳастӣ?» Гуфтам, ки студентам. Азбаски билети донишҷӯӣ надоштам, маро ба мошини «Старекс» маҷбур савор намуданд. Ҳамин замон ба муовини декани факултет-Меҳринисо Бакаева занг задам. Облавачиён ба Бакаева гуфтанд, «ин хел бошад, справка фиристед». Ва маро ба комиссариати ҳарбии н.Фирдавсӣ бурданд. Он ҷо 5-6 нафар ҷавонро дидам, ки мисли ман «облава» шудаанд. Инро ба чӣ хотир гуфтам? Вазорати мудофиа борҳо гуфтааст, ки облава нест, аммо ин дурӯғ будааст!!! Воқеан, облава дигар бар зарари обрӯи Тоҷикистон хоҳад буд! Аз сӯи дигар, вақте маро дар назари мардум облава мекунанд, ин дар зеҳни мардум чӣ фикреро ба бор меорад. Ҳама мепиндоранд, ки дар хизмат ҳам нисбати аскарон чунин қапоқапӣ вуҷуд дорад. Агар донишҷӯ намебудам, ҳатман рафта дар Артиш хизмат мекардам.

Панҷшанбе, Окт 18 2018


Рето Вейерман, сокини кишвари Швейтсария меҳмони газетаи мардумии СССР шудаву гуфт, ки аз соли 2000-ум ба Тоҷикистон рафтуо намуда, мамлакати моро хеле дӯст медорад. Ин аст, ки соле 2 маротиба ҳатман ба ватани мо меояд, аммо омодагӣ ба ин сафари охиринаш каме тӯлонитар анҷом ёфт.
-Аввал ин, ки ҳодисае, ки тобистони соли равон дар Тоҷикистон сурат гирифт, манзурам террори вело-сайёҳон, аз он ҷумла, 2 ҳамватани ман низ, дар Швейтсария вокуниши зиёд ба бор овард. Тамоми матбуот дар ин бора гуфтанду навиштанд ва таъкид ҳам карданд, ки аз рафтан ба Тоҷикистон худдорӣ намоед. Вале ман ба ҳар нафаре, ки дар ин бора сӯҳбат мекард, мегуфтам, ки чӣ, магар дар Аврупову Амрико ё Африқову Осиё теракт намекунанду одам намекушанд? Ҳатто сафари маро бо ин сабаб 1 моҳ дуртар карданд, лек новобаста аз ҳама ин ман имрӯз меҳмони Тоҷикистони азизам ва мафтуни меҳмоннавозии дӯстони Тоҷикам шудаам. Ман Тоҷикону Тоҷикистонро дӯст медорам ва боз меоям!!!

саҳ 12 аз 37

Китобҳо

Flag Counter