ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 11 2021

 Вайсиддин Шамсов собиқадор дар соҳаи тандурустӣ аз к. Испечак-2 –и пойтахт (тел: 931 96 45 30) ба редаксия омада дар бораи ваксинагирӣ ва ҳисси он чунин гуфт:

    - Рӯзи 12.06.2021 табиби оилавӣ ба хона омада гуфт, ки рафта дар маркази саломатии №14-и н.Сино ваксина гираму эм гузаронам. Синам ба 79 расидаасту баъзеҳо гуфтанд, эмгузаронӣ накунам ҳам мешавад. Вале ман дар байни дӯстонам намуна ва пешқадам шуда, рафта эмгузаронӣ кардам. 

    Баъди эмгузаронӣ ман аз саломатиям ҳеҷ шикоят надорам ва ягон ҳисси баде  вуҷудамро фаро нагирифт. Одамон набояд аз ваксина тарсанд. Ин ба фоидаи саломатии мову шумост, алалхусус барои мисли ман солхӯрдаҳо. Шумо ҳам ваксина гиред, то ин ки эмин бошеду наҳаросед. Ман баъди ваксина ба табъ, сулфа, беҳузурӣ ва бемадорӣ муқобилият бурда, онро аз сироят кардан дур кардам. Ман тавонистам!

 

Чоршанбе, Авг 04 2021

Шаҳнозаи Абдуҷаббор ошпази яке аз осоишгоҳи н.Темурмалик (тел: 987 11 26 12) меҳмони редаксия шуда, дар бораи таҳсили ҳатмии духтарон ибрози андеша намуд. 

- Имрӯз бархе волидон ба он хотир садди роҳи таҳсили гулдухтарон мешаванд, ки камбизоатанд. Вале хондан шарт аст. Ман, ки  дар ҷавонӣ таҳсил накардам аз ин сахт пушаймонам. Агар ноумед шудаву нахонем, фардо сахт афсӯс мехӯрем, ки суд надорад. Хушбахтона, имрӯз сафи занҳои роҳбарикунанда кам нест. Зиндагӣ маро маҷбур кард, ки курси 3-моҳаи омодагии ошпазиро хонаму ризқу рӯзиямро ёфта тавонам. Рӯз то рӯз зиндагӣ мушкил шуда истодааст. Лутфан духтаронро хононед, ки пушаймонӣ надорад оқибат суд. Бубинед ҳаёти духтарони таҳсилкарда чӣ гуна асту аз нохонда чӣ гуна… 

 

Чоршанбе, Июл 28 2021

 Парвина Исроилова, маъюби гурӯҳи 1, сокини ҷамоати Худоёр Раҷабови н. Восеъ (тел: 985 68 70 48) меҳмони СССР шудаву дар бораи қазияи гум шудани говаш нақл кард:

- 2 гови ман санаи 7.04.2021 гум шуданд. Ман ба мақомоти дахлдори ноҳия дар ин бора муроҷиат кардам, аммо то ҳол натиҷааш маълум нест. Мегӯянд, ки ёфтем хабардор мекунем. Бо гузашти 4 моҳ хабаре нест. Оилаи мо камбизоату рӯзгорамон аз шири ҳамин 2 гов буд. Мо дигар имкони харидани гов надорем ва аз мақомоти милитсияи ноҳия дархост дорам, ки говҳоро ёбанду ба мо баргардонанд. Охир гов гум шудааст, на гурба, ки ёфтанашон осон набошад…

 

Чоршанбе, Июл 21 2021

Зулфия Кенҷаева, сокини деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, н.Хуросон (тел: 907 85 79 75) меҳмони идора шуда, тавассути газетаи мардумӣ хост, ки дар арафаи иди Қурбон шахсони сахӣ аз ҳоли ӯ хабар гирифта, барояш кӯмак намоянд.

   - Дар арафаи иди Қурбон аз шахсони саховатпеша ва даст ба хайр хоҳиш менамоям, ки то қадри имкон ба оилаи мо дасти кӯмак расонанд. Шавҳарам 7 моҳ пеш вафот карда, бо 6 фарзанди ноболиғ дар хона мондаам. Рӯзгорамро бо кори мардум-гандумдараву молбонӣ мегузаронам, вале ҳоло мавсими дарав ҳам гузашт. Боре ба назди раиси н.Хуросон Илҳом Аҳмадзода рафтам, барои сохтмони манзил масолеҳи сохтмонӣ дод, 1 аризаи дигарам барои ворид шудан ба рӯйхати камбизоатон дар МИҲД ноҳия аст. Умедворам, ки маро танҳо намегузоранд!

 

Чоршанбе, Июл 14 2021

 

Сафаралӣ Бекмонов, мухлис ва муаллифи доимии газета аз н.Ёвон меҳмони идора шуда (тел: 93 411 91 74) пешниҳод намуд, ки вазирону раисон рӯзҳои қабули шаҳрвандонро дар ҷамоатҳои деҳот гузаронанд.

   - Хуб мешуд агар вазирону раисон ва роҳбарони ниҳодҳои калидии кишвар ва ҳукумат рӯзҳои қабули шаҳрвандонро дар идораву утоқи худ не, дар ҷамоатҳои деҳот гузаронанд, то сокинон бештар ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд. Рӯзи қабул асосан рӯзи шанбест ва на ҳама имкони дар ин рӯз ба пойтахт барои муроҷиат рафтанро доранд. Баъзан бо 3-4 маротиба рафта омадан мушкил ҳалли худро намеёбад. Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоям, ки моҳе 1-2 маротиба мансабдорон аз утоқу ниҳоди худ баромада, ба назди мардум ба дурдасттарин деҳаҳо бираванд. Мардум гуфтаниҳои зиёд доранд ба шумо, вазирон!

 

Чоршанбе, Июл 07 2021

   

Тахминабону Саидзода, сокини ш.Душанбе (тел: 93 305 99 90) меҳмони идора шуда, гуфт, ки новобаста аз он, ки маълумоти олии тиббӣ дошта, Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитойро бо муваффақият соли 2019 хатм кардааст, ҷойи кор ёфта наметавонад.

   - Ман соли 2011 барои таҳсил ба Хитой рафта, дар Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитой, ки дар ш.Шанхай қарор дорад, 8 сол таҳсил намудам. Ихтисосам акушер-гинеколог буда, дар ин муддат 6 сол бакалавр ва 2 сол магистрро бо забони хитоӣ хондам. Аз беҳтарин устодони хитоӣ сабақ гирифтаму таҷриба. Ҳоло бо гузашти 2 сол ба Ватан баргаштаву дар ҷустуҷӯи ҷойи корам. Қариб, ки тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахт ва ҳатто ш.Ҳисорро ҳам гаштам, вале дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд. 

   6 моҳ шуд дипломам дар Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи маориф ва илми мамлакат барои баробарарзишӣ хоб аст. Магар ба соҳаи тандурустии имрӯзи Тоҷикистон ҳамчун ман 1 мутахассиси ҷавони дараҷаи байналмилалӣ лозим нест?

саҳ 17 аз 62

Китобҳо

Flag Counter