ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 03 2019

Муаллими собиқадор Саидмуҳиддин Аминов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, нек ёд дорам дар замони СССР дар муассисаю ташкилотҳо вохӯриҳо, шабнишиниҳо, хурсандиҳо гузаронида мешуд. Хоса, аз ҳама зиёд дар мактабҳои миёна таҷлили занги охирин ба ҳукми анъана даромада буд. Хатмкунандагон интизори ба охиррасии соли таҳсил-занги охирин буданд. Ҳич намефаҳмам, ки чаро онро манъ карданд. Ҳол он ки занги охир барои мактаббачаҳо шодию хурсандист ва тамоми умр дар хотир боқӣ мемонад. Ғайр аз ин дар мактабҳо гузаронидани шабнишиниҳо бахшида ба Соли нав, Иди занҳо-8 март, 23 феврал-Рӯзи Артиш ташкил карда мешуд. Боз хонандагони мактаб баъди 10-20-30 сол бо ҳам вомехӯрданд, ки ин носталгия буд! Аммо намедонам, ин хурсандиҳоро кӣ барҳам дод ва барои чӣ? Ба мо маълум аст, ки дар ш.Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳо баъди гузаронидани чунин хурсандиҳо бархе ҳодисаҳои нохуш рӯй дод. Чаро дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ чунин ҳодисаҳо рӯй намедод? О, намешавад, ки ҳангоми гузаронидани занги охирин ягон намоянда аз ҳифзи ҳуқуқ иштирок кунад, бо маъмурияти мактаб дуруст назорат баранд ва бачаҳо хурсандии худро гузаронанд?! Ҳоло барои бачаҳо ғайр аз иди Рамазону Қурбон ягон хурсандии дигар боқӣ намондааст!

 

Чоршанбе, Июн 26 2019

Устоди факултаи физикаи ДМТ Абдуҳамид Нарзиев, сокини н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, дар шумораи гузашта матлаберо бо номи “Мо Тоҷикем ё тАҷик?” хонда, ба муаллиф С.Мизроб аҳсант фиристодам. Ҳоло 4 гуфтанӣ дорам:

1.Ақаллан  ба Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи ислоҳоти забон бояд барои ин қадар беаҳамиятӣ ва “саҳмаш” дар бахши забон ягон унвони ОЛӢ бидиҳем. Охир, бинед, чаро дар Россия дар ҳама ҳуҷҷатҳо “Россия” менависанд, на “Рассия”, вале мо ТаджикистАн менигорем?!

2.Маркази Миллии Тестӣ катастрофаи миллат аст. Бовар кунед, тамоми студентҳо бесаводанд ва дар санҷишу имтиҳон тестро фақат қориазёд мекунанд ва 1 рӯз пас баргашта бипурсед, чизе намедонанд! Аз мушоҳидаи худам мегӯям. Ва ин фоҷиаи миллати мост!!!

3.Қаблан таҳсил дар мактабҳои миёна то 24 май идома меёфт ва ҳоло бошад то 14 июн! Чаро нисбати муаллимон ин қадар ҷабр мекунанд?

4.Занги охирро бояд барқарор кунем. Занги охир ин иди хатмкунандагон аст ва хонандагон бояд бо ҳамсинфону муаллимонаш дар фазои мутантан хайрухуш кунанд.

 

Чоршанбе, Июн 12 2019

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, журналист Шарифхони Тағоймурод-сокини ноҳияи Муъминобод, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия бо сафари корӣ қарор дошт, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки найрангбозии ҳамватанони худ-Тоҷиконро дар шаҳру вилоятҳои Русия дида, нангам меояд. Фарзи мисол, дар аэропорти Внуковои шаҳри Москва барои 1 кило бор бояд расман 300-400 рубли русӣ супорӣ, аммо Тоҷикони мо аз баднафсӣ чӣ кор мекунанд? Барои ҳамин миқдор кг 3000-4000 рубли русӣ (аз 500 сомонӣ болотар!) талаб мекунанд. Ин ба ақли ҳич кас рост намеояд! Масалан, агар ту дар пакет 1 кг семичка ё қурут дошта бошӣ, бояд ҳатман барои Тоҷикони баднафси худамон 3000-4000 рубл супорӣ, вагарна бе бор-дасти холӣ меоӣ!!! Чунин маймунбозиҳои ҳамватанони мо нисбати худи ҳаммиллатони мо дар Русия бениҳоят зиёд аст!!! Аммо ба кӣ мегӯӣ??? Бовар дорам, дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав-пойтахти Русия, намояндагии ширкатҳои Тоҷик-эйр ва Сомон-эйр…аз ин гуна ғоратгариҳо ва «мошшеничество» комилан огоҳанд, аммо касеро парвое нест: Бихуру бигард!!! Хуллас, агар каме «тупой» бошӣ, дасти холӣ ба Тоҷикистон меоӣ!

 

Сешанбе, Июн 04 2019

Журналист Қурбон Аламшоев, ки 3.05.2019, дар рӯзи Озодии Сухан дипломи вежаи СССР-ро соҳиб шуда буд, аз ш.Хоруғ барои гирифтани ҷоиза омадаву дар меҳмонии СССР гуфт, «Сароғоз сипоси худро ба газетаи мардумӣ мерасонам, ки мо-журналистони музофотиро қадрдонӣ мекунад. Дипломи шумо боиси фараҳмандии мост. Ва баъдаҳу роҷеъ ба 1 проекти навам гуфтаниям: Тӯли 4 соли охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Фестивали табиати ваҳширо мегузаронем. Ин идея аслан дар Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» пайдо шуд, ки банда роҳбараш ҳастам. Табиати ваҳшӣ онест, ки берун аз назари мо уфтодааст. Дар табиати ваҳшӣ ҳазорҳо рустанӣ ва ҷонварон ҳаст, минҷумла, озодапаланг, ки баъзе бабри барфӣ меноманд. Чаро озодапаланг? Зеро озода асту ҳаргиз ба одам ҳамла намекунад. Инчунин фақат сайди ҳалол (харгӯш, суғур, бӯзи кӯҳӣ…)-ро мехӯрад. Проблема чист? Шикорчиёни бераҳм маҳз ҷониби чунин ҷонвари камёфту беозор тир холӣ мекунанд. Ҳадафи мо ҳифзи озодапаланг аст. Ва на танҳо ин, ки нисбати тамоми ҳайвоноти табиати ваҳшӣ бераҳм шудаем. Хаёл мекунам, имрӯз табиати мо бесоҳиб аст. Зимнан ба хулосае омадем, ба мардуми олам ва шикорчиҳои маҳаллӣ нишон диҳем, ки табиати ваҳшӣ бесоҳиб нест!!! Мо соҳиби ӯем ва Мо Метавонем! Дар бораи ин проблема дар шумораҳои ояндаи СССР ҳатман менависам.

 

Чоршанбе, Май 29 2019


Журналист, муаллифи доимии газетаи мардумии СССР Нурулло Ҳасанов (тел: 918 67 08 05) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ошӯб-бунт дар зиндони маъруф ба «Кирпичный»-и шаҳри Ваҳдат маро низ мисли садҳо нафар патриот бетараф гузошта наметавонад. Ҷумлагӣ шоҳид шудем, ки маҳбусони намозхон ба чӣ кори разилу палиду ғайриинсонӣ даст заданд! Лиҳозо, банда ҳамчун шаҳрванди қаторӣ 3 таклиф дорам:
1.Маъмурони маҳбасхона, вазорати адлия дигар ба мусулмонии ашхоси номусулмони зиндонҳо бовар накунанд ва ба онҳо комилан иҷозати тоату ибодатро надиҳанд. Зеро имону диёнатро ба қатлу куштору ғорат иваз кардаанд...
2.Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои дахлдор барои маҳбусон ҷойҳои кори вазнин, аз қабили, шахтазанӣ, чоҳканӣ, конканӣ, пойдеворканӣ… омода намоянд. То ҳам 1 нола нони аз ҳисоби зиндон хӯрдаро баргардонанду ҳам ба ягон фикру рафтори нопок фурсат наёбанд.
3.Ёдатон бошад, сентябри соли 2010 дар СИЗОи ш.Душанбе ва ҳам ноябри с.2018 дар зиндони ш.Хуҷанд бетартибиву фирори зиндониён маҳз дар вақти намозхонӣ рух дода буд. Инҳо ислоҳ намешаванд ва зимнан бояд ҳукми қатл дар Тоҷикистон барқарор гардад: Хас каму ҷаҳон пок!

Чоршанбе, Май 15 2019


Шоир, таърихшинос ва журналист Ғулом Исоеви 86-сола, аз ноҳияи Данғара, дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, воқеан СССР имрӯз дар арсаи майдони матбуоти Тоҷик шояд ягона нашрия бошад, ки комилан аз мушкилоту дарду дили мардум гӯяд. Барои ҳамин СССРро ҳама мехонад ва дӯсташ медорад, аз ҷумла, худи ман, ки ба зӯр роҳ гардам ҳам, чун пойтахт омадам, ҳатман редаксияи шумо меоям! Рӯзҳои наздик барои СССР як матлаб-ёддоштеро меорам, ки дар он оид ба фоҷиаи ярчи Гӯрдараи ноҳияи Балҷувон сухан меравад. Воқеан ин як ҳодисаи табиие буд, ки дар саҳифаи миллати тоҷик  доғи бузурге боқӣ гузошт. 8.05.1969 кӯҳе болои Гурдараи Балҷувон афтода, беш аз 250 нафарро кушт. Он сол барои рӯпуш кардани бузургии фоҷеа, гуфтанд, ки 130 кас фавтидааст… Ман соли 1933 дар рустои Чашмаи Зулфиқори н.Балҷувон таваллуд шуда, аз соли 1970 то кунун дар ноҳияи Данғара зиндагӣ дорам. Кӯдакии ман дар деҳаи Шаҳиди Бобохони ноҳияи Балҷувон гузашта, ҳамон ҷо ба воя расидам ва расо 7 сол (1963-1970) ба ҳайси директори мактаб кор мекардам. Кӯтоҳи гап, хотироти пора-пораи худро роҷеъ ба Гӯрдара навишта меорам, чопаш кунед, то хонандагони СССР аз асли он фоҷиа огоҳ шаванд. Бигзор ҳар касе шоҳиди ин ҳодиса буд, дидаву шунидаи худро нависад. Таърихро бояд барқарор кард. Мо Метавонем!

саҳ 32 аз 62

Китобҳо

Flag Counter