ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 08 2019


Узви Ихвон-ал-СССР, Ғулом Олимови 83-сола, аз деҳаи Оқчакмани ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки аз 7-солагӣ, то ҳол, 77 сол боз нос мекашам. Падари ман нос тайёр мекарду мефурӯхт. Пинҳонӣ аз падар нос мекашидам. Носро аз растании тамоку ва хокистари пӯстлохи дарахти бед омода мекарданд. Баргҳои тамокуро бошад бо сӯзан, дар риштае ҳамел кашида, дар хона ё берун, зери сояи дарахте мехушконданд… Аслан набояд ба нос оҳак андозанд! Аммо имрӯз меандозанд! Зеро носи оҳакдор таги забонро яра мекунад. Носи хокистарӣ зиёни камтар дорад… Дар фарҷом аз кулли ҷавонон эҳтиромона хоҳиш дорам, ҳаргиз беақлие, ки мо кардем, накунанд! Зеро хело дер фаҳмидам, ки нос ба саломатии носкаш зарари калон доштааст. Масалан, нос дандонро мерезонад, дарди сарро ба вуҷуд меорад, ба кори шуш халали зиёд мерасонад… Аз ҳама баду зиёновараш ин аст: Дар маъракае ҳузур дориву дар даҳанат нос аст ва ба ту бо назари бад менигаранд, ки комилан дуруст аст! Яъне ин воқеан бефаросатист! Ифлостарин чиз нос аст ва ифлостарин фард носкаш!!!

Чоршанбе, Май 01 2019


Сангалӣ Раҳимов, коршиноси масоили кишоварзӣ аз ноҳияи Кӯшониён дар меҳмонии СССР гуфт, ҳоло масъулони соҳаи кишоварзӣ зери шиори «гузаштан аз аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ» баромад кардан доранд. Гуфтаниям, ки агар таҳаввулоте дар ин соҳа карданӣ бошанд, рӯ ба кооперативи Ҷопон биёранд. Зеро ба ҷои шиорпартоӣ ҷаҳони муосирро омӯзанд ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодию иқлиму хоку боду ҳаво кор кунанду соҳаро ба ботлоқ табдил надиҳанд! Дар илми муосири иқтисодиёти кишоварзӣ назарияи наве «ихтироъ» ва замини Тоҷикистонро $600 млн. қарздор кардед! Дастандаркорон аз ин ҳисоб барои худу фарзандҳояшон қасрҳо сохта, миллионҳо долларро дар хориҷи кишвар мечархонанд. Қарзи замин сармоягузорони хориҷиро ба ҳарос овардааст. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки сармояи хориҷӣ ба соҳаи кишоварзӣ маблағи ночиз ворид кардааст, аз ҷумла, сармоягузорони ватанӣ. Лиҳозо, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати табоҳ қарор дорад. Зимистони солҳои 2017-18 дар таърихи кишоварзӣ тӯли 80 соли охир камбориштарин ва гармтарин ба қайд гирифта шуд. Кормандони хизматрасонии оби полезӣ оби лозимиро барои обёрии захираву майдонҳои киштшаванда ва боғу токзорҳо доданд. Дар 100-ҳо га замин кишти пахта ба нақша гирифта шуду бо оби захиравӣ шустани замин аз намакҳо гузаронида нашуд!

Чоршанбе, Апр 24 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Шерафган Ҳаётов аз ноҳияи Варзоб дар меҳмонии СССР гуфт, тибқи иттилои ман дар кишвари мо тарҳи нави қонуне дар ҳоли баррасӣ аст, ки дар сурати қабул ба сокинон имкон дода мешавад, насаби фарзанди худро аз номи бобояш ихтисор кунанд. Бар асоси қонуни феълӣ кӯдакон насабро аз падар ё модар мегиранд ва маъмулан насаби онҳо бар асоси номи бобо ё бобокалони падар ва чанд насл пештар гузошта мешавад. Тибқи мушоҳидаи ман, ҳар боре, ки ҳар 1 дӯстам зимни гирифтани шаҳодатнома барои фарзандаш мехоҳад номи падари худ, яъне бобои кӯдаконро ба онҳо насаб гузорад, аммо дар идораи сабти аснод ба дархости ӯ посухи рад медоданд. Ва дар ҷомеаи имрӯза чунин андеша ҳаст, ки «ҳамин насаби ман ба номи ким-кадом бобоям аст. Ман ӯро надидаам. Мехоҳам, номи падарам дар насаби фарзандам гузошта шавад». Ҳоло бархе бар ин боваранд, ки дар сурати аз номи бобо гирифтани насаб барои кӯдакон, насабҳои авлодӣ, ки аз насл ба насл мерос мондаанд, аз байн мераванд. Аммо онҳое ҳам кам нестанд, ки баръакс барои баргардонидани пасванди "ов", "ев" ва "вич" ба САҲШи шаҳру навоҳӣ муроҷиат кардан доранд.

Чоршанбе, Апр 17 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР, Саврия Қурбонзода, аз ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, аз рӯи мушоҳидаву таҳлили ман, зимни сӯҳбат бо калонсолон атрофи даврони СССР эшон ҳама вақт бо афсӯсу хумор (носталгия) суҳбат мекунанд ва мегӯянд, фарҳангдӯсту бохабар намудани муҳассилин дар даврони Шӯравӣ дар он таҷассум меёфт, ки “ҳар замон моро бо аҳли ҳамсинфон ба экскурсияҳои дохилишаҳрӣ, ба китобхонаҳо, хонаҳои маданият, осорхонаҳои ашхоси барҷаста ва оромгоҳҳои адибону абармардони Ватан мебурданд. Аз ин ҷост, ки насли мо ҳама асарҳои классикону адибони муосири давронро медонистанду мехонданд”. Воқеан, устодони адабиёти кӯдаки он замон-Мирсаид Миршакару Наримон Бақозода, Бобо Ҳоҷӣ, Аминҷон Шукуҳӣ... барои таблиғи идеологияи советӣ аз сидқи мактаб ба мактаб гашта, таблиғу ташвиқ мекарданд. Ва таблиғи эҷоди онҳо мисли “обуна”-и имрӯз маҷбурӣ набуд! Кӯдаки советӣ аз овони мактабӣ “Ватанам СССР, Гулшанам СССР!!!” мегуфт! Аммо чаро имрӯз чунин таблиғу ин гуна экскурсияҳо дар байни мактаббачагону донишҷӯён нест? Фикр мекунам, идеологияи мо заиф аст!

Чоршанбе, Апр 10 2019


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Иброҳим Аминзода, аз ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент (тел: 93 987 47 28) дар меҳмонии СССР гуфт, одами зинда шоҳид аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати ҶТ шоҳроҳҳои асосӣ-шарёнҳои коммуникатсионӣ обод шудан доранд. Вале 100 афсӯс, ки аз бетарафӣ, бемасъулиятӣ ва бепарвоии роҳбарону масъулин роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо харобу садамавӣ шудаанд. Ба ин мисол шуда метавонад, роҳҳои «сағера» - хароби ҷамоати Моғиёну Фароби н.Панҷакент. Аз маркази ноҳия то шаҳри Суғдиён ба қадри ҳол роҳҳо обод ва аз Суғдиён то Моғиён чунон валангоранд, ки бо дидани он гиряи кас меояд. Аҷибаш медонед дар чист? Аз ш.Душанбе то ш.Панҷакент ҳамагӣ дар 3 соат омада мерасед. Аз Панҷакент то Моғиён бошад беш аз  3 соат!!! Дар ҳалли ин мушкили чандинсолаи мо роҳбарони 3 ҷамоат бетараф, идораи роҳсозӣ бетараф, раиси шаҳр бетараф, вакилони маҷлиси шаҳриву вилоятӣ ва Маҷлиси Олӣ ҳам бетараф!!! Фикр мекунам, агар Ислом Зиёзода-раиси ш.Панҷакент дар ин ҳудуди номбаркардаи ман хона медошт, ба хотири ҳаракату ободии мошинаш ҳатман сари харобии роҳ фикр мекард! Аммо: «Туро газад маро чӣ ғам?!»

Чоршанбе, Апр 03 2019


Муаллими собиқадори фанни физика ва математика, Тӯхтамурод Миразиззода, аз ноҳияи Қубодиён дар меҳмонии СССР гуфт, мо, ки кадри шӯравием, ба тамоми камбуди ҷомеа аз дил менигарем. Фарзи мисол, сифати дониши аксари домуллоҳо он қадар баланд нест, аммо ҳамеша бозорашон гарм, зеро санъати гӯл задани сомеъонро бисьёр хуб омӯхтаанд. Мардум намедонанд, ки чунин ба ном муллоҳо дуо надоранд! Муллое ҳини имомхатиб буданаш дар яке аз хутбаҳои намози ҷумъа ибораи «саррофони рӯзи ҷазо»-ро хонд. Камина, ки доиман бодиққат хутбаҳоро шунида, таҳлил мекунам, дар ташвиш афтодам, ки чӣ хел дар рӯзи қиёмат саррофон мешудаанд? Чун сарроф дар рӯзи қиёмат фақат Аллоҳ асту бас. Дафъатан баъди адои намоз аз ӯ пурсидам. Дар посух пурсид: «Худат чӣ фикр дорӣ?» Гуфтам: «Инсоф бидеҳ! Посухашро аз ман интизорӣ?» Аз яке рӯҳониёни саршинос ва воқеан ҳам олими ислом посухи онро пурсидам, гуфт: «Малоики рӯзи ҷазо». Мо барин сомеъон барои воизон мисли қайроқсангем, ки дар он суханашон тез мешаванду каломашон бурро. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам чунин муллоҳо ғайр аз манфиати шахсӣ кори дигар надоранд.

саҳ 33 аз 62

Китобҳо

Flag Counter