ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 05 2018


Зарринаи Ғайрат, донишҷӯи курси 4-и факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, сокини деҳаи Ашти ноҳияи Ашт (тел: 93 146 56 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 4 сол боз дар Душанбе, дар хобгоҳи Маркази таълимии бонувони «Сарвар» ҳамроҳи ҳамкурсону ҳамсолонам зиндагонӣ дорам ва аз нақлиёти мусофиркаш бештар истифода мебарам. 1 мушкил ва ё ташвиши сахти нақлиётии пойтахт маро зери ғам гузоштааст. Хатсайрҳои №3 ва №1 аз ҳад зиёд мусофир мегиранд, иловатан, дар ҳар 1 истгоҳ 6-7 дақиқа ист мекунанд, ки мо ноилоҷ ба дарсҳо ҳар рӯз дер мемонам ва устодони мо бо ин «ҷурм» барои дермонӣ аз дарс «НБ» мегузоранд. Ҳамчунин, мусофирони автобусҳо намедонанд, ки аз дари 1 дароянд, ё аз дари 2-ву 3, яъне маълум нест, ки аз кадом дар дароем, ё фароем. Маршруткаҳои мусофиркаши хатсайрҳои №2, №13, №11 ва №22 низ бе мушкил нестанд. Ронандагони онҳо бошанд дар «Старекс»-ҳо дар 1 қатор ба ҷои 3 нафар 4 кас мегиранду бо ҳама мусофирон муомилаи дағалонаву дурушт доранд. Кондукторҳо бошанд бо овози баланд аз дари мошин калла бароварда, клиент ҷамъ мекунанд. Чаро мақомоти дахлдор оид ба ин мушкилот корҳои фаҳмондадиҳӣ намебаранд?

Панҷшанбе, Март 29 2018


Аброр Ҷабборов, сокини ш.Душанбе дар меҳмонии СССР гуфт, ки вой бар ҳоли фарзандони мо, вақте китобҳои дарсӣ бо хатою вожаҳои нофаҳмо чоп мешаванд. Дар китоби забони русии синфи 2 "пилот"-ро "ҳавопаймо" тарҷума кардаанд. Оё «пилот» дар тарҷумаи тоҷикӣ «сарнишин» нест? Лек ҳангоме ки дар китоби «Русский язык» (барои синфи 2) ҷумлаеро бо чунин тарҷума мехонед: "Бародари ман ҳавопаймо", ҳам хандаатон меояду ҳам гиря. Охир, ҳавопаймо ин самолет аст, на пилот! Инчунин, дар китоби "Математика" (синфи 2) 1 масъала дода шудааст, ки бояд хонанда онро ҳал намуда, бо диаграмма нишон диҳад. О, хонандаи синфи 2 аз куҷо медонад, ки ДИАГРАММА чист?! Тарзи масъалабандиро бояд дигар кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ягон ҷои китоб маънидод нашудааст, ки диаграмма чист ва онро дар синфи 6-7 мехонанд! Тамоми китобҳои синфҳои поёнӣ айнан ва бештар аз ин хатоиҳои ҷиддӣ доранд. Дар оянда дигар китобҳоро низ мисол оварда метавонам. Дар китоби синфи 4, 5, 6, махсусан, дар "Таърих", "Забони модарӣ" ва "Математика" хатоиҳо бениҳоят бисёранд. Ба ин хатоиҳо кӣ бояд ҷавоб гӯяд?

Душанбе, Март 26 2018


Механики собиқадор Бӯрихон Муродалиев, сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон (тел: 93 809 47 50) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам:
1.Журналисти маъруфи Тоҷик, Ғуломҳайдар Муродалиеви 83-сола бародари ман аст. Ҳамкурсонаш Бозор Собир, Нур Табар, Раҳими Мусулмониён, Расулҷон Шарифов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев… зиёд хонаи мо меҳмон мешуданд ва аз сӯҳбати онҳо баҳра мебурдам.
2.Дирӯз (дар арафаи Рӯзи Занон) дар 1 намози масҷиди деҳа ҳузур доштам. Муллои ҷавон-пешгузари намоз ҳини амри маъруф ба эҳсосот дода шуда, дини зардуштиро зери мазаммат қарор дода гуфт, ки «дар замонҳои қадим, ҷавонмардони зардуштиён бо модару хоҳару апаи худ… хуфту хез доштанд. Бача ба очааш мерасид, оча ба бачааш. Дини Ислом омаду ба ин ҳама бетартибию фаҳш хотима гузошт…». Акнун аз кулли зардуштшиносон пурсиданиям, ки оё андешаи мулло дар ин маврид рост аст? Ё нео-Мулло бо ин мехоҳад, ки 1 динро паст  бизанад? Агар зардуштшиносон ба ин суол посухи дуруст надиҳанд, мардуми авом дигар илоҷе надорад, ки ба гапи муллои бесавод гӯш ва бовар накунад!!!

Душанбе, Март 26 2018


Мунира Сиҷотхонова, донишҷӯи курси 3-уми факултаи филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, сокини маҳаллаи Навободи ноҳияи Сино (тел: 93 180 34 37) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман нахуст, кулли қаламкашонро сидқан бо Рӯзи матбуот таҳният мегӯям. Баъдан дар бораи Маркази Миллии Тестӣ гуфтаниям. Зидди қабули абитуриентҳо ба воситаи ин марказам. Барои он ки аксарияти ҷавонони бо ин усул донишҷӯшуда дуруст ва бе хато ҳам дар минбар ва ҳам дар аудитория сухан карда наметавонанд. Ин 1. Дувум ин, ки вақте давраи имтиҳонот фаро мерасад, донишҷӯён мавзуъҳоро қориазёд мекунанд ва онҳо бо ин бесаводӣ чӣ ва ё кӣ мешаванд, номаълум! Масалан, ман бисёр мехостам, ки 3 сол пеш тариқи ММТ ба факултаи журналистика шомил шавам, аммо ба фикрам балл нарасиду ноилоҷ ба факултаи филология дохил шудам. Хулоса, аксарияти донишҷӯёне, ки тариқи ММТ дохил шудаанд, саводи кофӣ надоранду таваккал ҳуҷҷат супурдаанд. Фикр мекунам, ММТ донишҷӯёнро бесавод мекунад. Ҳоло дигар ба донишҷӯён муҳим «студент» шудан аст, ки ба мақсад ҳатман мерасанд.

Шанбе, Март 17 2018


Журналист Тӯҳфа Аҳмадова аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки чанд гуфтанӣ дорам.
1.Кулли модарони гиромии Ватанамро бо Рӯзи Модар-8 Март сидқан таҳният мегӯям. Тани сиҳату давлати обод ва саодати хонаводагӣ насибатон бод.
2.Ман расо 4 моҳи дароз дар сафар будам. Шаҳру вилоятҳои Русияро қариб пурра гаштам. Дар ш.Маскав иттифоқан дар 1 семинар оид ба муҳоҷират ва авзоъи онҳо ширкат доштам. 1 бардошти хело аҷиб аз ин нишаст гирифтам. Дар ҷамъомад намояндагони диаспораи ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ иштирок доштанд ва суханронӣ намуданд. Аз нутқи эшон баъзе факту рақамҳоеро шунидам, ки бароям хело аҷиб намуд. Барои мисол, 1 намоянда аз Тошканд дар минбар бо изҳори ташвишу ҳайрат гуфт, ки «ҳоло аз Ӯзбекистон беш аз 7 млн. нафар дар хориҷа муҳоҷиранд ва аз ин 3,5 млн. дар Русия ҳузур доранд». Акнун аз Тоҷикистон тибқи сарчашмаҳо беш аз 1 млн. дар Русия мардикоранду эътироз дорем, ки чаро Ҳукумат дар бораи муздурон фикр намекунад? Ҳайратзадагии тошкандӣ низ аз ҳамин буд! Яъне ин дард фақат дар мо нест! Аз дигар мамолики шӯравии собиқ низ миллионҳо нафар дар Русия муздур будаанд…

Панҷшанбе, Март 01 2018


Наҷмиддин Худоиев-корманди МБТИ дар ш.Душанбе дар меҳмонии СССР гуфт, ки охирҳои с.2017 ба ш.Хуҷанд бо коре рафтам. Бегоҳии рӯз дар меҳмонхонаи Хуҷанд ҷой гирифтам. Дар даромад марде ҳангоми қабул ҳуҷҷатҳоямро тафтиш намуд. Гуфтам, ки «меҳмонхона гарм аст?» Гуфт: «Ҷудоям гарм». 80 сомонӣ барои 1  шаб пулро супорида, ба ҳуҷраи 419 даромада, либосҳоямро монда, ба соҳили Сирдарё баромада, шаб дохили ҳуҷра шудам. Он рӯз ниҳоят сард буду ҳавои дохили ҳуҷра ба ҳавои берун қариб баробар. Ба ходим гуфтам, ки хона хунук аст, шаб хоб карда намешавад. 1 плитаи худсохти барқиро оварда, ба ҳуҷра гузошт. Баъди 10-15 дақиқа хона каме гарм шуд. Рӯи миз 1 чойники кӯҳнаи советӣ, 3 пиёлаи кӯҳнаю ношуста ва яке шикаста. Шаб дигар бо азобаш сар шуд. Дар болоям одеал, ҳич гарм намешавам. Боз ба хизматгор гуфтам, ки «апа, якто кӯрпа диҳед». Гуфт: «Нест! Плитаро монеду гилемро дар болояш партофта пойро таги гилем намо». Чунин ҳам кардам. Хостам оби ҷӯш нӯшам, то каме гарм шавам, 1 обҷӯшонак нест. Мутаассифона, дар меҳмонхона ягон кас дида намешуд. Шояд ин буд, ки ғайр аз ман ҳич кас то ин вақт ба ин меҳмонхона намеомадааст. Инро баъд шунидам. Ҳама таҷҳизоти меҳмонхона аз даврони шӯравӣ асту ифлосу фарсуда. Хуллас, овозаи ободии Хуҷанд дар назарам дурӯғ тофт.

саҳ 41 аз 62

Китобҳо

Flag Counter