ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 07 2022

  Гурез Саидализода, хонандаи фаъоли мо аз н.Восеъ, иштирокчии ҷанги Чехословакия меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳад бо он нафароне, ки аз 20 то 25 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, шинос шавад.

   - Боре дар газетаи маҳбубам СССР суҳбати директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Дилмурод Давлатзодаро, ки мегуфт ҳастанд нафароне, ки то 20-25 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, хондам. Ҳамин нафарон дар куҷоянд? Чӣ кор кардаанд, ки ин қадар нафақа насибашон гаштааст? Мо тамоми умр дар саҳро кор кардем, вале нафақаамон аз 170 сомонӣ зиёд нашуд, ки нашуд. Дар баробари ман даҳҳо нафаронро мешиносам, ки 30-40 соли умрашон дар саҳро гузаштааст, вале нафақаашон аз 400 сомонӣ боло нест. Чаро ин тавр аст? Шояд онҳое, ки 20-25 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, дар бораи сиру асрори нафақаи худ ба мо ҳам мегӯянд!?

Чоршанбе, Нояб 30 2022

Чоршанбе, Нояб 23 2022

 Ҳусноро Кабирова, сокини шаҳраки Ёвони н.Ёвон меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳад тавассути газетаи мардумии СССР аз масъулони бахши иҷтимоии МИҲД ноҳия бипурсад, ки чаро фарзанди маъюби гурӯҳи 1-юмаш аз ягон имтиёзи давлатӣ ба ҷуз нафақа бархӯрдор нест.

   - Писари ман Сафарбеки Мирзохон, аз соли 2001 ба бемории фалаҷи майнаи сар, дасту пойи чап бо сустақлии дараҷаи миёна, ихтилоҷи пай дар пай ва нопуррагии нутқ гирифтор буда, маъюби дараҷаи 1-ум мебошад. Маълум аст, ки нигоҳубини чунин кӯмак хеле душвор асту писари ман ба ғайр аз нафақа, дигар аз ягон кӯмаки иҷтимоӣ бархӯрдор нест.

Пас аз муолиҷаву муоинаи зиёд табибон гуфтанд, ки имкони то 15% барқарор намудани саломатии писарам ҳаст, вале барои он доруҳои гаронбаҳо лозим. Наход ин қишри ҷомеа ба ҷуз нафақаи ночиз дигар аз ягон кӯмаки тиббиву моддӣ бархӯрдор набошанд?

Чоршанбе, Нояб 16 2022

 Адҳами Зоҳир, сокини н.Тоҷикобод, мухлис ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ, меҳмони идора шуда, оид ба болоравии нархи роҳкиро дар масири Душабе-водии Рашт изҳори нигаронӣ намуд.

    -  Ҳафтае пеш аз н.Тоҷикобод ба воситаи нақлиёти мусофиркаш ба ш.Душанбе омадаму ронанда аз ман 80 сомонӣ роҳкиро пурсид. Ин ҳафта бо зарурате роҳи ш.Душанберо пеш гирифтам. Баробари ба воситаи нақлиёти мусофиркаш наздик шудану шунидани нархи роҳкиро ба қавле “дуд аз димоғамон баромад”. Нархи роҳкиро аз н.Тоҷикобод то пойтахт 120 - 150 сомонӣ. Ин нархҳои пойдарҳаворо дидаю шунида кас дар ҳайрат мемонад, ки наход то ин дараҷа беаҳамиятӣ ва беназоратӣ бошад, ки касе дар даҳонаш чи қадаре, ки ғунҷад ҳамон нархро гуфтан мегирад.

   Масъалаи дигар дар бораи нарху навои ошхонаҳое, ки дар шафати шоҳроҳ фаъолият мекунанд. Ман 1 коса шӯрбо бо 1 дона нон ва 1 чойнак лимончой гирифтам. Ҳангоми ҳисобу китоб ошхоначӣ аз ман 33 сомонӣ талаб карду хӯроки хурдаамро заҳри баданам шуд...

Панҷшанбе, Нояб 10 2022

Шерафкан Ҳусайнов, сокини деҳаи Ҷоншои Ҷамоати Лоҳутии н.Ховалинг меҳмони идора шуда (тел: 987993107), гуфт, ки новобаста аз хизмат карданаш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳукумати ноҳия барояш на замин доду на ҳуҷҷати ронандагӣ.

   - Ману додарам ятими кулл мебошем. Вақте дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Ховалинг гуфтанд, ки агар ба хизмат равем, бароямон қитъаи замин ҷудо мешавад, бовар карда, ба артиш рафтем. Ман дар н.Панҷ хизмат карда омадам, бародарам пас аз ман рафта, ҳамин ҳоло дар ш.Бохтар хизмат мекунад. Хизмат ба Ватан-Модар вазифаи ҳар 1 ҷавонмард аст, аз он ҷумла вазифаи ман ҳам, вале чаро моро дар Ҳукумати н.Ховалинг ва бахши ҷавонони ноҳия фиреб доданд? Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ваъда карданд, надоданд, ҳуҷҷати ронандагӣ ваъда кардаанд-надоданд. Бо чунин бархӯрд магар дили ҷавонон ба хизмату ҳукумат гарм мешавад?

Чоршанбе, Нояб 02 2022

 

 Беҳрӯз Сайфуллоев, донишҷӯи Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи СССР аз ш.Турсунзода, меҳмони идора шуда, гуфт, ки масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҷдиди мақбараи Исмоили Сомониро дар Бухороро бар дӯш бигирад.

   - Мо бояд ягон осори худро дар ин замони ҷаҳонишавӣ дар дасти тӯдаи бегонагон  нагузорем, мисли Камоли Хуҷандӣ ва Мавлавии Балхӣ. Бигзор хоки марқади Исмоили Сомонӣ ба ш.Душанбе-Бухорои навини тоҷикон, назди муҷассамаи бузургаш оварда шавад. Агар имконият бошад, бигзор ҷасади асосгузори Давлати Тоҷикон низ ба Душанбе интиқол ёбад! Имрӯз чунин имконият ҳаст, зеро бо Тошканд муносиботи ҳасана дорем.  Хоҳиш кунем, не намегуфтагистанд!!! Вагарна кӣ медонад, тақдири ояндааш чӣ мешавад? Воқеан ҳам, турбати Аҳмад Зоҳири Тоҷик низ бояд ба Ватани аҷдодияш-Тоҷикистон баргардонида шуда, хизматҳояш қадр карда шаванд.

саҳ 6 аз 62

Китобҳо

Flag Counter