ХАБАРИ ДОҒ

Шоҳҷоиза барои дигарон ҳам лозим!

  • Чоршанбе, Март 30 2016

25.03.3016. Соат бо вақти Душанбе 15:17 дақиқа. 

Шодибеки Халилзода, сокини шаҳри Душанбе меҳмони СССР шуд ва гуфт, ман миннатдории худро ба шаҳрдори Душанбе-Маҳмадсаид Убайдуллоев мерасонам, зеро дар ҳар Наврӯзӣ ба номи паҳлавонони номии кишвар шоҳҷоизаҳо мегузорад ва бо ин рӯҳи онҳоро болида месозад. Бале, бузургонро бузургон зинда медоранд. Ҳамчун мӯсафед дилбохтаи гӯштин, бузкашӣ, пойгаю футбол ҳастам ва 1 таклиф ба Кумитаи ҷавонон дорам. Чӣ мешавад, барои онҳое, ки дар вазни 60-70-75 рақобат мекунанд, низ шоҳҷоиза ташкил шавад, зеро паҳлавонон дар вазни 90-100 кг дар кишвар шояд 5-10 нафар бошанду аксарият сабуканд. Беш аз 100 нафар паҳлавонони тайи 60-70-75 кг-ро ноумед кардан аз рӯи инсоф нест. Умедворам, ки шаҳрдори пойтахт ва масъулини Кумитаи ҷавонон сари ин масъала андеша хоҳанд кард. Ҳамчунин, сари ин мавзуъ бояд раисони шаҳру навоҳии кишвар низ ба хулосае биёянд. Ман гӯштини наврӯзии имсоларо тамошо ва эҳсос кардам, ки мухлисон аз ин мусобиқа ягон кайфияте набурданд. Паҳлавонон часпу талоши беҳуда карда, суст гӯштин мегирифтанд. 2-3 нафар гӯштини ҳалол гирифту халос. Дар охир, гӯштингир Муҳаммад Абдураҳмоновро аҳсан ва таҳният мегӯям, ки ҳарифонашро дар байни 2-3 дақиқа аз по меафтонид. Ҳалолаш бод!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter