ХАБАРИ ДОҒ

Бо 3 фарзанд иҷоранишинам

  • Чоршанбе, Нояб 07 2018


Шарифмоҳ Алиева, аз деҳаи Гули Сурхи ноҳияи Кӯшониён (тел: 915 01 51 73, 915 76 30 50) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам. Шавҳарам дар Русия муҳоҷири меҳнатии мавсимист. Ману шавҳарам замини наздиҳавлигӣ гирифтанием. Зеро 7 сол боз дар шаҳри Бохтар иҷоранишинем. Доир ба ин мушкил чандин маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ва ҳам ба Ҳукумати ноҳия хаттӣ навиштем, аммо ягон натиҷа нест. Ба ҳар 1 номаи ман 1 хел ва бо 1 мазмун посух-вокуниш навиштаанд, аммо то ҳозир бе хонаам. Ман духтур ҳастам ва ҳамеша дар хизмати мардуми бемор. Газетаи СССРро чандин сол боз мехонам ва пай бурдаам, ки воқеан ҳам мардумист. Бинобар ҳамин, ба хулосае расидам, ки ягона мушкилкушои ман ин СССРи мардумист. Зиёд хондаам, ки мардум ба СССР муроҷиат кардаву соҳиби хонаву дар шудаанд. Ва камина ҳам итминони комил дорам, ки арзу номаи ман дар ҳаво нахоҳад монд. Зеро банда ба умед гуфтаанд. Зиндагии хело мушкил дорам. Дар ин шабу рӯзи гароннархии бозор чӣ хел иҷорапулӣ медиҳем?

1 Паём

  • Шарҳр додан чамшед Шанбе, 10 Ноябр 2018 16:01 Паём аз чамшед

    Апаи мехрубон Шарифмоҳ Алиева шумо мўхлати хафт сол ичоранишин бошеду шавхаратон мухочир худ духтур хастет маводо шумоба замини назди хавлиги диханд дар мўхлати сесол шумо ва шавхаратон хона сохта метавонед,андак фикр кунед бигзор ба шумо замини назди хавлиги не аз бинохои нав ду ё сехучраги диханд мешавад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter