Принт

Муноқиша дар марзи қирғиз: 1 кушта, 24 захмӣ ва 30 гаравгон...

Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Ҳусейн Ҳакимови 43-сола,1 сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба ҳалокат расида беш аз 20 нафари дигар дар натиҷаи сангзанӣ захмӣ шудаанд. Дар пайи ин муноқиша, ки  13.03.2019 ба вуқӯъ пайваст, Ҳусейн Ҳакимов, ки аз қафаси синааш тир хӯрда, дар натиҷаи хунравии зиёд дар бемористон ҷон дод. Вазъи саломатии 3 сокини дигари деҳаи Хоҷаи Аъло, ки бештар аз ҳама захмӣ шудаанд, мӯътадил арзёбӣ шуда, айни замон онҳо дар бемористон бистарианд.

Шикастани дарахтони зардолу-гоме аз ҳуҷуми бузургтар?
   Тавре ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз Ҳукумати ш.Исфара хабар дод, худи ҳамин рӯз боз 1 муноқишаи дигар дар ҷамоати Ворухи Исфара, ки бо деҳаи Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон ҳаммарз аст, беш аз 20 нафар аз сангзанӣ маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд. Байни ин деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух тақрибан 10 км роҳ буда, сокинони Қирғизистон роҳи Ворухро бастаанду намегузоранд касе аз масъулин бигзаранд.
   Бино ба иттилои ба даст расида, ҳафтаи гузашта низ чанд нафар аз шаҳрвандони қирғиз шабона ба боғоти деҳаи Хоҷаи Аъло ва Ворух ҳуҷум намуда, дарахтони зардолуро шикаста буданду дар ин бора масъулин хомӯширо пеша карданд, ҳоло он, ки ин гоме буд аз ҳуҷуми бузургтар…

КДАМ ҶТ: Қирғизон бар хилофи қарордод ба роҳсозӣ шурӯъ карданд!
    Субҳи 14.03.2019 Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин бора изҳорот пахш намуд, ки дар он гуфта шудааст: 13.03.2019 дар минтақаи Ворухи ш.Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. 

Вақте муовини раиси ҷамоа сангандозӣ мекунад ва оташ мезанад…
   Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, ки дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти «Оқсой»-и н.Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
   Дар ҳудуди деҳаи «Хоҷа Аъло»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид.      Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи «Таги-сада» аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи «Хоҷаи-аъло»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи «Муминобод»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи «Хоҷаи аъло» ва осиёби маҳаллаи «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Роза Усарова саркардаи моҷарои марзӣ дар 10 соли охир!
   Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ эълон медорад, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи «Оқсой»-и н.Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи «Хоҷа Аъло» ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.
   Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки маҳз ин зан тайи 10 соли охир барои муташаниҷ кардани вазъият дар марзи 2 кишвар кӯшишҳои зиёд карда, бо барангехтани шурӯ ғавҳо ва даъвоҳои беасос сабабгори сар задани муноқишаҳо шудааст.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол омадааст, аммо…
   Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иброз медорад, ки вазъ дар марзи Воруху Оқсой айни хол ором буда, таҳти назорати марзбонҳои 2 кишвар қарор дорад. Барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони ҶТ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди маҳаллаи «Зарафшон»-и ш. Исфара гуфтушунид баргузор гардида, баррасии масъалаҳои баҳсӣ идома дорад.

(Тафсилоти бештар нашр мешавад)
 



Матлабҳои дигар