ХАБАРИ ДОҒ

Раванди сиёсикунонии ислом дар Тоҷикистон

  • Чоршанбе, Март 20 2019

(идома “Кабирӣ муртад...”)


Тундгароӣ
Дар раванди сиёсикунии ислом ҷараёнҳои ифротӣ нақши вежа доранд. Яъне, дар дохили худи ваҳҳобият ё салафият аввал ба тундгароӣ мерасанд ва сипас ба ифроткорӣ мегузаранд. Мехоҳанд қудратро ё бо роҳи осоишта ё бо зӯроварӣ соҳиб шаванд. Дар асл исломгароҳои тоҷик ваҳҳобӣ набуданд. Бо вуҷуди ин, хатари исломи сиёсӣ бештар аст. Шахсан ман 15 сол миёни «ваҳҳобиҳову салафиҳо» кор кардам ва бо баъзеи онҳо то ҳол робита дорам. Ва аслан онҳо ваҳҳобӣ на, балки исломгароёни сиёсӣ буданд, ки дар ин бора фақат с.1986 мо дарк кардем.
С.1990 ҳамчун намояндаи дин дар назди Шӯрои Вазирони СССР дар вил.Кӯлоб, танҳо дар манотиқи Кӯлоб 9 масҷиди ҷомеъ ва 9 масҷиди 5-вақтаро ба қайд гирифтанд. Ваҳҳобиҳо имрӯз дасти дароз доранд ва ба ҷуз Арабистони Саудӣ, дар Қатар, Баҳрайн ва як қатор кишварҳои дигар зиёданд. Ваҳҳобияте, ки имрӯз мо бо он рӯбарӯем, асосан зери тафаккури Муҳаммад Насириддин Албонӣ шакл гирифт. Ин шахс тибқи нақли таърих, падараш ҳанафимазҳаб аз Албания ба Сурия кӯч баста буд. Ба ақидаи як қатор донишмандон ва ба ақидаи ман ҳам, инҳоро бояд “неоваҳҳобӣ” номид, зеро мехоҳанд исломро сиёсӣ кунанд. Идеологияи ваҳҳобияро умуман дар дунёи кунунӣ 100 млн. шахс пайравӣ мекунад ва бо ин онҳо розӣ нестанд. Лиҳозо, мекӯшанд аз ҳисоби пайравони мазҳаби Ҳанафия ва Имом Шафӣ пайравонро афзоянд ва Арабистони Саудӣ, Қатар маблағҳои зиёд барои сохтмони марказҳои исломӣ ва масҷидҳо ҷудо менамоянд, хоса, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Исломӣ сиёсӣ дар Вахшонзамин
Инҷо мехоҳам махсус қайд кунам, ки поягузори исломи сиёсӣ дар водии Вахш Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов ба шумор меравад ва манбаи ин ақоидро Раҳматулло Аллома поя гузоштааст, ки дар ш.Андиҷони водии Фарғонаи Ӯзбекистон мезист. Хулоса, 20.04.1973 ҷамъомади махфӣ барои роҳандозии Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон доир нашудааст. Дар авохири солҳои 1970 ва аввали солҳои 80 дар Тоҷикистон раванди сиёсикунии ислом зери таъсири асарҳои Ихвон-ал-муслимин, хусусан, китобҳои Ҳасан-ал-Банно, Сайид Қутб ва маслиҳатҳою ҳидояти Раҳматулло Аллома ва Абдувалӣ Мирзоев, имом-хатиби масҷиди марказии ш.Андиҷон оғоз шуд. Ин 2 тан чанд маротиба водии Вахшро “зиёрат” кардаанд. Ғуфронов ва Одинабек Абдусаломов бошанд ба сафи ин ташкилоти махфӣ с.1978 фаъолона ворид шуданд. Онҳо мактабҳои пинҳонии диниро дар ш.Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) роҳбарӣ ва ҷавононро бо арзишҳои ислому асарҳои ал-Банно, Сайид Қутб шинос карда, меомӯзониданд. Неъматулло Эшонзода бошад бо диндорон вомехӯрд ва арзишҳои исломиро ба онҳо таълим медод.
«...Муҳиддин Кабирӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳукумати Муҳаммад Мурси (Миср)-ро ба расмият эътироф кунад. Худи Кабирӣ то солҳои 1990 ба андешаи ман бо исломиён ҳич рабте надошт. Ӯ дар бахши забони арабӣ таҳсил карда буд ва дар ҳангоми таҳсил дар Маскав бо собиқ вазири саноат Зайд Саидов ошноӣ пайдо карда, дар Маскав бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ шинос шуда, Нурӣ ӯро ҳамчун ёрдамчӣ (тарҷумон) ба кор гирифт».

Масхарабозии Тоҳир Юлдош
Мо бо инҳо то с.1986 кашмакаш доштем. Бо Ҳизби наҳзати исломӣ, ки он замон пинҳонӣ амал мекард, кор мебурдем. Чекистони РСС Узбекистон с.1984 маълумотҳои худро ошкор карда, ҳамаи аъзои ҳаракати исломгароёнро ба ҳабс гирифтанд. С.1979 дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ Раҳматулло Алломаро аз миён бардошта, боқимондаҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. С.1992 исломгароёни ӯзбек президент Ислом Каримовро ба ш.Андиҷон даъват ва ӯро он ҷо мазоҳ намуданд. Тоҳир Юлдошев ҳатто микрофонро аз дасти Каримов кашида гирифт. Баъдан Тоҳир, Ҷумъаи Намангонӣ ва қумандон Холид ба водии Вахши Тоҷикистон омада, дар участкаи “Меҳнатобод” ҷой гирифта, алайҳи Фронти Халқӣ баромад карда, ҷангиданд. Дар ин даргириҳо Холид кушта шуд ва ӯро исломгароёни Тоҷикистон дар қабристони н.Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) дафн намуданд.
С.1984 аз рӯи барномаи мубодилаи кадрҳо ба вил.Перм рафтам. Он ҷо ба ман дастур доданд, ки забони дариро омӯзам ва сентябри с.1986 ба ҳайси афсари алоқа мебоист ба Афғонистон равам. Лек январи с.1986 ба ман аз ш.Душанбе сардори шӯъба Муҳаммад Сироҷиддинов занг зад. Ӯ маро дар ш.Қурғонтеппа буданам хуб мешинохт. Ӯ гуфт, ки “вазъияти мо чандон хуб нест ва шумо бояд ба Душанбе баргардед. Ман аз ин корҳо дурам, вале шумо воридед ва бояд муборизаро алайҳи исломгароён сарварӣ намоед. Зеро аз худ рафтаанд. Аллакай дар идораҳои давлатӣ ва ҳизбӣ низ одамони худӣ доранд...”. Аммо ман қотеъона рад карда гуфтам, ки “моҳи сентябр бояд ба Афғонистон равам”.

Аз пайи супориш...
Ба ман дубора занг заданд. Ин бор ҷонишини раиси КБД, полковник Вадим Юнусович Хусаинов бо ман тамос гирифта гуфт: «Давлат, ту имрӯз ин ҷо ба мо даркорӣ”. Ман эътироз кардам, ки “Вадим (мо бо ҳам муносибати дӯстона доштем ва бо ном ҳамдигарро даъват мекардем), ту 12 сол маро ба ҳайси сардори шӯъбача нигоҳ доштӣ. Ҳоло ба ман пешниҳоди кор дар Афғонистон додаанд ва баъди он бояд дар шӯъбаи 4-уми КБД СССР корамро идома диҳам”. Баъди чанде аз ш.Маскав телеграммае омад ва ба ман дастур доданд, то ба Маскав биравам, барои мулоқот ба Филипп Денисович Бобков. Ӯ куратори мо маҳсуб меёфт. Маро полковник Тимошевский қабул кард ва низ пешниҳод дод, ки ба Душанбе равам, аммо ба ӯ ҳам ҷавоби рад додам. Тимошевский гуфт: «Давлат, ман туро мефаҳмам, аммо ту ҳам бояд вазъиятро дарк кунӣ. Агар исломиҳо даст ба бетартибӣ дар Тоҷикистон бизананд, тамоми кори мо як тини пуч арзиш нахоҳад дошт. Ман аз ту хоҳиш мекунам ба Тоҷикистон бирав”. Ноилоҷ розӣ шудам. Ӯ ба Бобков-муовини раиси КГБ СССР телефонӣ гуфт, ки “Давлатро розӣ кунонидам”.
Ҳамин тариқ, ба Душанбе баргаштам. Аввалин коре, ки кардам, тамоми маводро ҷамъ оварда, онҳоро дақиқ омӯхтам. Билохира, 36 мавод интихоб намуда, баъд ба Маскав, ба сардори шӯъба-Тимошевский занг зада, гуфтам, ки “бисёр мехоҳам, худатон ба Душанбе биёед ва ҳамаро ба чашми худ бубинед”. Ӯ ба ш.Душанбе бо 2 нафар корманд омад ва 10 рӯз ҳамроҳ нишаста нақшаи корро муҳокима кардем.
Давом дорад...

Давлатхоҷа Назиров,
       доктори илмҳои фалсафа,
          аъзои ИНТ ва ИЖТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter