ХАБАРИ ДОҒ

U17 ба Бразилия парид, то Аргентинаро занад!!!

  • Панҷшанбе, Окт 17 2019

 

Футболбозони навраси мо барои иштирок дар Чемпионати Ҷаҳон (U-17) ба Бразилия сафар карданд. Такрор мекунам, Чемпионати Ҷаҳон. То ин дам наврасони мо ҳамагӣ 1 бор дар ин мусобиқаи сатҳи баланд с.2007 иштирок карда буданд ва дар бозии аввал бар ҳамсолони худ аз Амрико ғолиб шуданд. Ҳоло бошад наврасони мо дар гурӯҳи "Е" якҷо бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун қарор доранд. Футболбозони мо бозии аввали худро 28 октябр бо дастаи Камерун доир мекунанд. Дар ин чемпионат ҳатман скаутҳо ё худ намояндагони клубҳои пешрафта ҳузур хоҳанд дошт. Агар наврасони мо он маҳорате, ки то ин дам дар бозиҳои муқаддамотӣ нишон дода буданд, аз нав нишон дода тавонанд, ҳатман мавриди назари скаутҳои дастаҳои муқтадир қарор мегиранд ва шояд ба он дастаҳо даъват низ шаванд.

‎Абдурашид Қаюмзод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter