Принт

6 бор паспортамро иваз кардам

Мухбири мардумии СССР Ҷаббор Раҷабов аз шаҳри Кӯлоб дар меҳмонии СССР гуфт, ки шумо бовар мекунед, ман 6 бор шиноснома гирифтаам. Бори аввал октябри с.1968, ҳини дар Техникуми ба номи В.В.Куйбишеви н.Қӯрғонтеппа хондан. Ҳанӯз соли 1960 дар минтақаи Кӯлоб шиносномагирӣ мушкиле буд, хоса, ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот кору зиндагӣ мекарданд, бе “тағо” паспорт намедоданд. Ин ба хотири он буд, ки деҳотӣ вақте шиноснома гирифт, дигар аз пахтазор баромада, дар шаҳр кор меҷуст. Шиносномаи дуюмро с.1974 гирифтам. С.1976 паспорт иваз шуд. Он вақт дар шуъбаи хоҷагии қишлоқи Раёсати статистикии вил.Кӯлоб кор мекардам. Боз ба ивази 2 сӯм дастаҷамъона соҳиби шиносномаи нав шудем. Ҳамаи ин 3 паспорт намунаи шиносномаҳои замони СССР буд. С.2009 соҳиби паспорти 4-ум шудам. Лек ин намунаи паспортҳо рақам ва серияашон якхела, яъне фақат бо рақам навишта шуда буданд. Тахмин, 1 сол пас шиносномаи нави рақамаш сӯрохкардашуда баромад. Инашро ҳам 13.05.2012 гирифтам. Паспорти 6-ум, яъне пластикиро 27.07.2019 ба даст гирифтам. Дар давоми умр 6 маротиба паспорт ва 3 маротиба шиносномаи ронандагиро иваз намудам. Аз ҳама зиёд арзиши шиносномаи ронандагиро, ки декабри с.2017 гирифтам, хело гарон афтод: 430 сомонӣ! Ин ҳама ивазкуниҳои паспорт ва ҳуҷҷати ронандагӣ ба чӣ хотир аст?

 

Матлабҳои дигар