ХАБАРИ ДОҒ

Ҷинояти низомии ҲНИ дар Қурғонтеппа…

  • Чоршанбе, Авг 12 2020

 

 ҲНИ, ки имрӯз М. Кабирӣ садораташро бар дӯш дораду дар Аврупо пинҳон шудааст, дар соли 1992 ҳазорон нафар шаҳрвандони бесилоҳро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст. Аврупо ва ОБСЕ оё дар ин бора аз Кабирӣ суол мекарда бошанд?

 Асиронро барои қатл 2 қисм карданд

Чанд тан аз «наҷотбахш»-и гуруҳи мухолифин ба хоҳишу илтиҷои ман раҳм кардаву ҳам амабача ва низ 1 нафар ҳамроҳи ман-Шоҳмардов Амиршо Саидшоевичро аз таҳхонаи бинои Ҳукумати вил.Қурғонтеппа хело ба сахтӣ ва таваккалкорӣ гурезониданд.

Тавре пештар гуфтам, гӯши Нурулло Раҷабов (кадри Институти тарбияи ҷисмонӣ буду ҷуссааш варзишӣ!)-ро, ки дар таҳхонаи «облисполком» бо ваҳшонияти том буррида буданд, бо ин ҳам иктифо накарда, мухолифини бераҳму бадтар аз фашистони немис, қатлаш карданд…

Хулосаи хотироти ман аз ун даврони ҷанги бародаркуш ҳамин аст, ки кулли асирони «подвал»-ро ба 2 қисм ҷудо намуда, гуруҳеро ба «заҳбур» («сброс»)-и кожзаводи шаҳр ва қисмеро ба ҳаммоми Туркманистони ноҳияи Вахш бурда, бо даҳшати тамом нест кардаанд: якеро бо «автоген» сӯзонида, дувумиро аз даҳонаш бензин рехтаву «зажигалка» зада, чашму гӯшу бинии савумиро бо «паялник» кандаанд, дасту пои чаҳорумиро бо табар ҷудо ва қисм-қисм мекарданд…

Чӣ тавр Комил зинда монд

Тибқи нақли шоҳидон (дар омади гап Қодиров Комил-сокини Қурғонтеппа, ҳоло ба фикрам зинда аст ва бисёр бо дарду аламу гиря қисса мекунад, ки чӣ тавр 1 шабонарӯз дар «обкаш»-и кожзавод, андаруни обҳои бӯгин зистааст!) бархе аз «пленик»-ҳоро дар пушти корхонаи чарми Қурғонтеппа, дар лаби чоҳи химикати кожзавод парронида ва иддаеро зинда ба зинда ба чоҳ тела дода, бо масхара куштаанд!!! Ана ҳамун одами зиндамондаро ёфта, дар сари суҳбат бо СССР даъват карданамон даркор! 

Тавре худи Комил ба мо гуфта буд, 1 гурӯҳи асиронро назди заҳбур мебаранд ва якбора, беист аз Калашников тир холӣ мекунанд. Ӯ  аснои тиркушоӣ худро дар қатори мурдаҳо ба заҳбур мепартояду ҳамин хел ҷон ба саломат мебарад. Бо ин вуҷуд, 1 тир дар буҷулаки пояш расидаву захми сабук бардоштааст ва ҳамун шаб, аз дохили мурдаҳо бо азобе хазида-хазида, қамишзорҳои заҳбурро қапида-қапида берун мебарояд ва лангида-лангида мегурезад… Беҳтараш, мо Комилро меёбем ва барои суҳбат даъват мекунем!

Наемникҳои наҳзатӣ бо паспорти плостикӣ

Баъди аз «блокада»-и баромадани поселкаи Ломоносов ман ихтиёран ба сафи Фронти Халқӣ пайваста, ронандаи танк ва ҳамзамон телехи бобои Сангак Сафаров низ шуда, дар чандин амалиёти ҷангӣ ширкат кардам.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, паспорти плостикиро бори аввал дар Тоҷикистон ҳамун овони ҷанги гражданӣ дидам: 2 афғони силоҳбадасти ниқобпӯш (дар тан формаи ҳарбии советӣ!!!)-ро паррондем ва ҳине даст ба ҷайбҳояш бурдем, корти пластикиро бо навиштаҷоти арабиасос дарёфтем. Чун кортро ба махсуми маҳалла нишон додем, хонда гуфт, ки ин ID-корт-шиносномаи ҳайвонҳои одамсурат аст! Оре, ана ҳамин кортҳои плостикие, ки дар мо нав баромадаанд, онҳо дар соли 1992 чунин паспорти ID  доштанд!!!

Воқеан, онҳо дар рӯ маска доштанду автоматро тарзе дар даст меқапиданд, ки дидан замон мефаҳмидӣ ва медонистӣ, ки ӯ тоҷик нест, зеро имрӯз ҳам ТОҶИК автоматро бо ҳамун услуб дар даст намегирад!!! Ва вақте чандеро зинда ҳам гирифтем, ягон калимаи тоҷикиро намедонистанд!

Инҳо «наёмник»-ҳои зархариди ҲНИ буданд. Ҳама арабу паштунҳо, ки забонро намедонистанд. Онҳо бедодгарие мекарданд, ки имрӯз мо дар Давлати ба ном исломӣ дидаем. Маълум мешавад, ки ҲНИ қабл аз шуруъи ҷанги гражданӣ, ҳанӯз вақте ки дар Тоҷикистон майдоншиниҳо идома дошт, барвақт «наемник» овардаву ҷангро мунтазир будааст.

 

Сафаралӣ Назаров,

ронанда-муаллими ДОСААФи ш.Қурғонтеппа, танкисти Фронти Халқӣ ва муҳофизи бобои Сангак

 

 

Дар ҳамин маврид

Сурат-факти қатли оми ҲНИ дар ҳаммоми Туркманистон

Қатли омми мардуми бе силоҳ, мулкӣ ва бе гуноҳро дар қонунгузории дунявӣ «Ҷинояти низомӣ» мегӯянд. Каллабуррони ҲНИ, ки имрӯз Кабирӣ аз номи ин ҳизб дар Аврупо ҷавлон дорад, беш аз 200 нафарро танҳо 1 мавзеъи Ломоносов ва наздикиҳои ш. Қурғонтеппа, бе ягон ҷурм, гуноҳ, хатое ба «Баняи Туркманистон» ва «Подвали Обком» бурда, ба таври ваҳшиёна қатл кардаанд. 

Имрӯз барои нахустин бор мо-шоҳидони ин моҷарои нангин, онҳое, ки аз ҳаммом-Гестапои зодгоҳи Нурӣ, аз шиканҷаи зархаридони ҲНИ раҳида будем, аксу тоблуҳои он кушташудагонро, ки аз 100 гулашон яке ҳам нашкуфта буду дар ҷамъ ҷавонони 17-20-25 солаанд, дар чанд шумораи газетаи мардумӣ, ба дасти нашр медиҳем. Ба умеде, ки дар Аврупо, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва сарпарастони Кабирӣ аз ин нафар ақаллан суол мекунанд, ки ин ҷавонҳоро чаро ҳизбаш куштааст? Мо мунтазири посухем. Мо Метавонем!

 

Рӯйхати кушташудаҳо давом дорад

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter