ХАБАРИ ДОҒ

 

Ҳамасола 18 август рӯзи таваллуди Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Рӯзи касбии табибони тоҷик таҷлил карда мешавад (Воқеан ҳам ин ҳафта Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино (سینا‎ بن عبدالله بن حسین علیبوا) расо 1040 сола шуд, ки ин санаи фархундаро аҳли ҷомеа, ба вежа журналистон фаромӯш кардем!).

Хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар авохири соли гузашта ва баҳори соли 2020 барои табибони на танҳо тоҷик, балки олам имтиҳоне буд сангин. Новобаста аз он ки давраи мушкилтарини он паси сар шуд, то ба имрӯз табибони мо дар ҷабҳаанду баҳри наҷоти ҳаёте шабурӯз мубориза мебаранду бо аҷал даст ба гиребон мешаванд. Зимнан тасмим гирифтем дар арафаи рӯзи касбӣ аз пешравию дастовардҳои табибони пойтахт ёд карда, бо Духтури №1-и пойтахт-Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе вохӯрда сӯҳбати кӯтоҳе анҷом диҳем. 

Беморхонаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд

Тавре Хушвахт Шарифзода зимни суҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР таъкид дошт, бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҶТ, ба хусус Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар 7 соли охир 3 маротиба афзуда, дар тайи 2 соли ахир бо маблағгузории МИҲД ш.Душанбе Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст бо маблағи 11.336.641 сомонӣ, ки аналогаш дар Осиёи Марказӣ (ҳамчун соҳавӣ) вуҷуд надорад, азнавсозӣ гардида, бо маблағи 10.892.220 сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва лавозимотҳои тиббӣ муҷаҳҳазонида шудааст. 

Инчунин, Беморхонаи замонавии бемориҳои сироятии кӯдакона ба маблағи 28.198.505 сомонӣ (22 651 036 сомонӣ барои сохтмон ва 5 547 474 сомонӣ барои харидории таҷҳизот) ва Таваллудхонаи шаҳрии №2 ба маблағи 23.500.000 сомонӣ (18 400 000 сомонӣ барои сохтмон ва 5 100 000 сомонӣ барои харидории таҷҳизот) сохта шуда, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Баҳри хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббии бо сифат ва саривақтӣ бошад бо дастгирии раиси ш.Душанбе-8 адад нақлиёти замонавии ёрии таъҷилии тиббӣ бо ҳамаи таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ дастрас шудааст.

Яке аз нуқтаҳои муҳим он аст, ки бо дастгирии бевоситаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси ш.Душанбе дар соли 2017-700 000, солҳои 2018-800 000 сомонӣ ва 2019-800 000 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2017-31, 2018-35 ва 2019 ба 30 кӯдаки гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ҷарроҳиҳо гузаронида шуд.

Навгониҳо дар ташхису табобат

Мавсуф афзуд, ки имрӯз табибони пойтахт омодаанд ва метавонанд мушкилтарин амалиётҳои ҷарроҳиро мустақилона анҷом дода, аз ӯҳдаи табобати ҷиддитарин бемориҳо бароянд. Аз он ҷумла стендгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шараёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи нодири ангиограф, бо мақсади пешгирии БИД, сактаи дил, гузоштани ангиопластикаи фаврӣ бо натиҷаи хуб, бо дастгоҳ амалиёти бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон, амалиётҳо дар шараёни бачадон, гурдаҳо ва мағзи сар. Инчунин, эмболикунонии шараёни ғадуди простата дар мардон, бо таври ҷарроҳӣ табобат намудани беморони гирифтори фалаҷи геморрагӣ, ба роҳ мондани усули амалиёти мустаҳкамнамоии транспедикулярии сутунмуҳра ва краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ. 

   -Дар беморхонаҳои пойтахт айни замон ба роҳ мондани амалиёти бидуни буриш гирифтани аденомаи гипофиз, амалиёти чурраи байнимуҳравӣ, табобати консервативии инсулти ишемикӣ бо истифодаи тромболитикҳо (актевизе, стрептокиназа, алтеплаза), амалиёти аз 1 шараёни маммарӣ барқароркунии шараёни иллатёфтаи коронарӣ, амалиёти гирифтани аневризмаи шараёни хоби дохила аз тарафи рост бо усули асситенсияи эндоскопӣ, шунтикунонии маммарокоронарӣ бо истифодаи 2 шараёни маммарӣ, аз 1 шараёни маммарӣ шунтикунонии 2 шараёни коронарӣ, амалиёти симултантии протезкунонии дарғоти аорталӣ ва шунтикунонии маммарокоронарӣ бомуваффақ анҷом дода мешаванд. Табибони тоҷик истифодаи шираи (клей) Гистоакрил дар кӯдакони гирифтори гипоспадия, литотрипсияи контактӣ, нефролитотрипсияи перкутанӣ дар навзодон, амалиёти видеолапароскопӣ дар беморони ҷарроҳии шуш ва ковокии плевра, амалиёти Рашкинд-сохтани девораи сунъии байни даҳлезӣ мавриди нуқсони модарзодии дил бо усули эндоваскулярӣ (дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони хориҷӣ), стендгузории шараёни шуш бо усули эндоваскулярӣ мавриди тетрадаи Фалло, спленэктомия бо усули лапароскопӣ, буриши венаи ковалии поён бо пластикаи венаи гурдаи чап, плазмоферез ҳангоми бемориҳои тарқиши маъқад ва усули табобати носурҳои мураккаби такрорирохеле хуб ба роҳ мондаанд. Ҳамаи ин навгониҳо ва вусъат ёфтани амалиётҳои нодир бо истифода аз технологияи муосир сабаби коҳиш ёфтани сафари беморону ниёзмандон ба хориҷи кишвар гардидааст,- мегӯяд духтури №1-и пойтахт.

Иди касбӣ муборак, фариштагони наҷот!

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, дар муддати аз 30 апрел то 17 августи соли ҷорӣ шумораи беморони гирифтори коронавирус дар кишвар ба 8099 нафар расида, то ба имрӯз дар мамлакат 6897 (85,1%) гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 64 нафар фавтидаанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба маризон хизмат мерасонанд.

Табибон имрӯз воқеан қаҳрамон ва фариштагони наҷотанд. Агар онҳо дар оғози пандемия ба мушкил рӯбарӯ шуда бошанд ҳам, ҳоло бо ин вабои нави аср далерона даст ба гиребон мешаванд. Шумо метавонед, фариштагони хилъати сафедпӯши тоҷик! Иди касбӣ муборак! 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter