Принт

Қаламравро аз ҷумҳурӣ фарқ намекунанд

Мухлис ва аз муаллифони қадимаи газетаи СССР, собиқ муаллими тарбияи ҷисмонӣ аз шаҳри Исфара Нозимҷон Холматов меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ки нахуст, салом ва паёми мухлисони исфарагии СССРро ба коллективи нашрия мерасонам.

Баъдан, чанд вақт пештар ҳангоми аз Душанбе ба Исфара баргаштан бо ҳамроҳии ҷиянам, ба истгоҳи Сементзаводи пойтахт омадем ва фурсати холӣ пайдо шуду ба таҳоратхона даромадам аз он ҷо баромада дидам, ки 2 ҷавон бо ҳамдигар гап мезаданд ва якеаш ба тарафи ман наздиктар шуд, фаҳмидаму 1 сомонӣ таҳоратпулӣ дароз кардам. Контролер пулро гирифту боз ба гап овора шуд, барои гирифтани бақия камтар мунтазир шудам, дидам, ки бақия доданӣ нест. Хостам «боодобона» фаҳмонам: «Додар, ҳаққи таҳорат дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 50 дирам асту шумо 1 сомонӣ гирифта бақия надодед-ку?! Ӯ гуфт: «Ака 50-дирам дар қаламрав аст, ин ҷо ҷумҳурӣ мебошад!».

Матлабҳои дигар