ХАБАРИ ДОҒ

Сафаре ба Темурмалик ва бозпас

  • Чоршанбе, Окт 28 2020

 

 

Тавре хонандагони газетаи мардумӣ хабар доранд, 2 шумора пеш зимни сафари нахустин ба н.Темурмалик, дар бораи бархе аз мушкилот ва хостаҳои сокинони ин ноҳия, алалхусус шаҳраки Совет навишта будем. Матлаби танқидии мо пас аз нашр мавриди вокуниши шаддид қарор ёфт. Соҳибкорон лоф мезаданд, ки мо низ чун дигар сокинони кишвар ину он корҳоро ба субут расонидаем. Мо тасмим гирифтем пас аз 15 рӯзи нашри матлаб, дубора сӯи н.Темурмалик роҳ пеш гирем, ин бор бо фурсати бештар, то бо он корҳое, ки соҳибкорони темурмаликӣ барои худу ва мардум анҷом додаанд аз наздик ошно шавем.

Ҳулбук-Кангурт-Темурмалик

Бояд гуфт, ки айни замон воситаҳои нақлиёт, хосса мусофиркаш ба маркази н.Темурмалик-шаҳраки Совет асосан тавассути роҳи Данғара-Кангурт-Темурмалик равуо намуда, он дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Тавре огоҳӣ ёфтем, ба таҷдиди ин роҳ, ҳанӯз соли 2019 шуруъ карда, тибқи нақша лоиҳаи мазкур роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро дар бар мегирад. Ин роҳ аз 60 км. иборат буда, аз 7 то 12 метр паҳноӣ дорад. Тавре баъдан Фотеҳ Аминзода, раиси н.Темурмалик зимни сӯҳбат бо хабарнигорони «СССР» гуфт, тамоми корҳои омодагӣ анҷом ёфта, ба зудӣ кор дар ин қитъаи роҳ оғоз ва роҳ, ки яке аз проблемаҳои №1 аст, то 2 соли оянда пурра таҷдид хоҳад шуд.

Оби ошомиданӣ

Гуфтем ва боз мегӯем, сокинони на танҳо шаҳраки Совет, балки чанд деҳоти дигари ноҳия аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Шаҳраки Совет дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ системаи обу коррез надошт ва мардуми деҳот аз чашмаву чоҳҳо об менӯшиданду ҳоло ҳам ҳамин корро мекунанд. 

Чуноне ки Фотеҳ Аминзода, раиси н.Темурмалик таъкид медорад, маҳз ба хотири таъмини сокинон бо оби тоза айни замон таҷдиди беморхонаи марказии ноҳия идома дошта, тибқи лоиҳа дар назди он 90 адад чоҳҳои коррезӣ кофта, хати лӯлаи об аз беморхона тавассути марказ то ба боғи фарҳангиву фароғатӣ кашида шуда, мардум имкони дастрасӣ ба оби тозаро пайдо хоҳанд кард. Пас аз амалӣ ёфтани ин лоиҳа биноҳои маъмуриву маиширо низ бо оби гарм таъмин кардан мумкин аст. Барои ин кор ҳам 1-2 сол фурсат лозим...

Роҳу равшанӣ

Вобаста ба таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаву паскӯчаҳои маркази ноҳия, ҷамоатҳои он ва равшании маҳал, раиси ноҳия иброз дошт, ки ҳамин ҳоло МИҲД ноҳия дар якҷоягӣ бо дастгирии соҳибкори ватанӣ, бинокори шинохта Ҳабибуло Сулаймонов, ки зодаи н.Темурмалик аст, пиёдароҳҳои ду самти роҳи марказии шаҳракро таъмиру сафолакпӯш ва намои биноҳои дар шафати роҳ буда, аз ҷумла биноҳои дуошёнаро рангубор намуда, бомашонро низ пӯшида истодаанд. 

   - То моҳи майи соли 2021 кӯчаи марказӣ ва тамоми биноҳои дар ҳудуди он буда пурра таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ хоҳанд шуд, -таъкид дошт Фотеҳ Аминзода.

Дар мавриди равшании кӯчаву паскӯчаҳо бошад, раис мегӯяд, ки бархе аз соҳибкорон ва мансабдорони зодаи ноҳия таъмиру азнавсозӣ ва ободониро аз кӯчаҳои худ оғоз намуда, ҳам роҳро мумфарш ва ҳам симчӯбҳои нав васл карда равшан намудаанд. 

Мансабдорон аз ноҳия кам нестанд!

Сокинони ноҳия аз Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ки зодаи ҷамоати Танобчӣ ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар н.Темурмалик, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Лоиқ Ашуров, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Шерхон Салимзода, зодаи ҷамоати Кангурт, роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Маҳмадисуф Имомзода, зодаи шаҳраки Совет, Вазири маориф ва илми ҶТ ёдовар шуданд, ки кӯчаҳои худро таъмиру равшанамоӣ кардаанд.

- Агар ҳар 1 мансабдор ва соҳибкори темурмаликӣ кӯчаи худро таъмиру таҷдид ва равшаннамоӣ кунад, кофӣ аст, мегӯяд Холмаҳмад Назризода, сокини ҷамоати шаҳраки Совет. 

Кистанд, он ҷавонмардони Советӣ?

Тибқи рӯйхати соҳибкорон, зодагони н.Темурмалик, алалхусус шаҳраки Совет ва ҷамоатҳои Кангурту Танобчӣ, ки ба дасти мо афтод, 170 нафар шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурианд, ки ба гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ «хоҳанд кӯҳро талқон мекунанд!». Мо имконияти нашри номи ҳамаи ин 170 нафарро надорем, вале қисмеро метавонем биорем.

Шаҳраки Совет: Эмом Мақсудов, Юнус Бобозода, Раҳим Сафаров, Эмом Каримов, Имомиддин Искандаров, Баҳодур Ҷурахонов, Музаффар Валиев, Маҳмадюсуф Имомзода (бо ибтикори вазири маориф ва илми ҶТ бунёди 1 мактаби нав ва таъмиру азнавсозии 2 мактаби дигар дар ҳоли идома аст), Бобошо Қармишев, Қодир Шарбатов, Раҳим Шарипов ва боз 49 нафари дигар.

Ҷамоати деҳоти Танобчӣ: Хуршед Каримзода, Ҷамшед Каримзода, Изатулло Давлатов, Лоиқ Ашуров, Абдулазиз Қодиров, Суннат Кароматуллозода, Парвиз Қурбонов, Сайдамир Полвонов ва боз 28 нафар ҷавонмардони дигар, ки аксар дар 2 сохтори калидии кишвар-Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат кору фаъолият доранд.

Ҷамоати деҳоти Кангурт: Шерхон Салимзода, Хушвахт Шарифзода, Анвар Қурбонов, Акбар Ғуломов, Сулаймон Шодиев, Тоҷиддину Аҳлиддин Каримовҳо, Маҳмадсаид Шоҳиён, Лутфулло Давлатов, Суҳроб Давлатов ва боз 26 нафари дигар.

Бархе аз ин нафарон, ки шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистонанд дар зодгоҳи худ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд, амсоли корхонаи коркарди қуму шағалу санг, майдону толорҳои варзишӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, вале боз ҳам кофӣ нест. Аксарияти корхонаҳо, амсоли коркарди қуму шағалу санг ба манфиати худи соҳибмулконашон аст, на мардум. Ба мардум бунгоҳи тиббиву (яке аз бунгоҳҳои тиббии замонавиро дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ Лоиқ Ашуров бунёд карда истодааст) мактабу боғчаи бачагона, роҳу равшанӣ ва об лозим аст, эй ҷавонмардони темурмаликӣ!

COVID-19 сабаб шуду…

Фотеҳ Аминзода, раиси н.Темурмалик мегӯяд, ки корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳия идома доранд, вале аксарияти биноҳои маъмурӣ дар паси биноҳо қарор дошта, меҳмони омада онҳоро албатта, ки намебинад. Дигар ин, ки дар баробари соҳибкорон МИҲД низ иқдомҳои наҷиб кардаву то имконият ҳаст баҳри ободии ноҳия ба сомон расонида истодааст. 

   - Авҷу хуруҷи бемории сироятии коронавирус низ зарбаи худро ба ноҳияи мо низ задаст. Бо ин сабаб рушди тиҷорат ба маротиб коҳиш ёфта, соҳибкорон ҳам дар ғафлат мондаанд. Новобаста аз ин корҳо рафта истодаанд, барои ҳаллу фасли ҳамаи мушкилот вақт ва маблағ лозим аст. То ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар н.Темурмалик бунёди 270 иншооти нав ба нақша гирифташуда, то ба имрӯз алакай 127-тои он дар ҳудуди 7 ҷамоат мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтаанд, афзуд Фотеҳ Аминзода.

 

Ҷамила Ҳусейнова, Шералӣ Давлатов, СССР

17.10.2020

 

Аз СССР: Ҷои Исматча холист!!!

Намедонем, коҳилии соҳибкорон, соҳибмансабу сарватмандони шӯҳратдори ин ноҳия аст ва ё чизи дигар, ки аҳолии Темурмалик, собиқ н. Советский, бештар муҳаббат ва ифтихор ба Исматча, 1 узви криминали даврони советӣ доранд, ки тибқи овозаҳо аз ҳадд беш ҷавонмард, ғайюр, сахопеша ва сахиву пурҷасорат будааст. Исматча, аз ҷониби оппозитсияи исломӣ, дар соли 1992, дар Душанбе кушта шудааст ва гумон меравад, ки касе аз имрӯзиён ҷои ӯро дар дили сокинони шаҳраки Совет гирифта тавонад. Вале гуфти русҳо «попытка-не пытка!». Шояд маҳз дар ана ҳамин шабу рӯзҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият нафар ё нафароне ёфт шудаву ба мардум кори хайре кунанд, то мисли Исматча маҳбуби қулуб гарданд? Ва ё шояд соате расида, ки ба Исматча барин йигитҳо, ки дар роҳи барқарории Ҳукумати Конститутсионӣ ҷони ҷавон аз даст додаанд, пайкарае гузоранд??? Охир ин иқдом беҳтарин ташаббус барои таҳрики насли наврас барои ҳифозати Давлату Ватан мегардад-ку?! 

Мо интизорем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter