Принт

Баҳористон маро гепатит баровард!

Ошпаз Баҳодур Юнусов, сокини ш.Хуҷанд, аз мкрни 8, ки ҳоло мувақаттан дар Душанбе қарор дорад, меҳмони СССР шуд ва гуфт, чанд матлабе роҷеъ ба Баҳористон дар СССР хондам. Ман ҳам шикоят дорам, аммо аз болои раисаш не. Тӯли 5 сол аз рӯзи аввали сохтмони осоишгоҳ бе «болничный» кор карда, ноябри соли 2015 корро қатъ кардам.

Мо-кормандон соле 2 бор аз ташхиси тиббӣ мегузаштем. Дар Баҳористон Баротова ном ҳамшираи шафқат ҳаст, ки ҳамаи кормандонро ба раис сиёҳ мекунад. Вақте моҳи июни с.2015 аз медосмотри Баҳористон гузаштам, дар ташхис маро гепатит бароварданд. Барои исбот дар 1 ташхисгоҳи тиббии Хуҷанд аз ташхис гузаштам. Натиҷа: ягон дард нест! Нусхаи ташхисро оварда ба раиси Баҳористон А.Абдуҷабборов нишон додам ва гуфтам, ки «медосмотр»-и Баҳористон хатост. Раис гуфт, ки «агар ту ба ташхиси Баҳористон бовар надошта бошӣ, пас чӣ хел осоишгарон бовар кунанд?» Ман аслан нисбати раис ягон хел ғараз ва бадбинӣ надорам. Зеро дар ин макон сияҳкорон дигар касонанд. 1 ҳамроҳи маро низ бо ҳамин усул аз кор пеш карданд. Мақсади онҳо моро аз кор пеш карда, коргарони худро ба кор гирифтан буд. Аз СССР хоҳиш дорам, ки роҷеъ ба ин мавзуъ таҳқиқот гузаронад…

Аз редаксия: Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар