Принт

Сахӣ ва Ҳотамсифат

 

Чун матлаби журналисти ҳақ ва сахтгӯ-Завқибекро хондам, натавонистам, ин матлабро нанависам. Ҳаргиз барои Асадуллои гиромӣ не, ки ба чунин матолиб ниёз надорад. Инро барои дигар соҳибмансабон менависам, то дарси ибраташон гардад…

Соли 2010 нотобие ҳис кардаму бо пофишории Давлат Сафар аз дафтари кор рост бемористони Сино рафтам, ки он ҷо эрониён кор мекарданду ягона беморхонаи сатҳи олӣ он шабу рӯз маҳсуб мерафт. Хулласи калом маро доктор Алдубонии Сомӣ ташхис кардаву ҳукм намуд:

-Оҷилан ҷарроҳӣ мекунем!!!

Гуфтамаш, ки пул надорам (он замон ҷарроҳии дил хелеее гаронарзиш буд). Гуфт, биё мо ҷарроҳӣ мекунем, қарз, баъд мегардонӣ ва ё…мемурӣ. Гуфтамаш, ман Сайёфи Мизроб ном дорам ва бо қарз зиндагонӣ нахоҳам кард, маро раҳо кунед…

Бо ин ҳама табибон розӣ набуданд, ки ман аз бистар ҳатто хезам…

 Хулласи калом, касе (шояд Давлат Сафар) ин моҷароро ба Асадуллои ҳамкасбам расонидааст. Бовар кун, хонанда, ман то он рӯз Асадуллоро шояд 2-3 лаҳза бо салом дида будаму бас ва ягон бор нишасту хези дӯстона надоштем. Ӯ занг зад. Гуфт дар Норак аст ва 1 видеоролики шар-шараҳои ватанро сабт дорад ва омада наметавонад. Аммо ҳоло 1 шиносаш пешам меояд ва пули ҷарроҳиро мепардозад. Андаке баъд нафаре омаду аз номи Асад салом гуфт ва таки сарам бастаи пул гузошт…

 Вале маро саховати ӯ не, ки Одамгариш мутаҳаййир сохт. Соати 1-2-и шаб буд, ки худаш болои бистарам ҳозир шуд, хеле хушгӯиву лутфбаёнӣ кард (дӯстон медонанд, ки дар сӯҳбати чортании Асадулло Қиматович 7 пӯсти шикамат аз ханда мекафад!) ва баъдан хеле ҷиддӣ мисол овард, ки фалону бисмадонӣ чунин ҷарроҳиро паси сар кардаву саломат солҳост гаштаанд ва боз худашро мисол овард, ки садама шудаву қариб 1 сол бистарӣ буду ҳоло сари пост.

Хулоса маро ҷарроҳии бо муваффақият карданду субҳ чашм кушода болои сарам…Асадулло Раҳмонро дидам!!! Ӯ маро то хона гусел намуд.

 

 Инсон бо ҳарфи бузург…

Дар маргу мири аксарияти кулли журналистони ТВ Тоҷик агар ҷисман набошад ҳам, рӯҳан ва саховатан ҳаст. Ёд дорам, ҷанозаи аксарияти дӯстони ҷавонмарги моро дар соли 2015, ки соли журналисткуш омада буд, маҳз бо ибтикори Асадулло то диёри бобоӣ ва мазорот бо мошин бурдаанд ва то таваллуди Танзим хайру худоиҳои ишонро низ мегузаронид. Ҳанӯзам дар ҷарроҳиву табобати журналистони собиқадор, фақир, камбизоат саҳим аст!

Беҳтарин суханро роҷеъ ба Одамгарӣ, Саховат ва Ҳотамсифатии ӯ журналист Ҳуриннисо Ализода гуфта буд:

-Асадулло бошад, аз касал ҳам наметарсему аз мурдан ҳам…

Зодрӯзат муборак бод, дӯст, бародар, рафиқи рӯзи сахтӣ ва ҳамкасби гиромӣ.

Мо Метавонем!

Бо дуо, С.Мизроб.

 

Матлабҳои дигар