Принт

Дилмурод Давлатзода: нафақа афзуд, нафақагир ҳам

 

 

Ба ҳолати 01.07.2021 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 744 ҳазору 785 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 97 нафар зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 157 ҳазору 406 маъюб буда, маблағгузории нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 1531 миллион сомониро ташкил намуд. Дар ин бора Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

- Бо мақсади маблағгузории саривақтии нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 357,7 миллион сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо карда шудааст, - афзуд раиси Агентӣ.

Бино ба итиллои мавсуф, андозаи миёнаи нафақа дар мамлакат 318 сомониву 20 дирамро ташкил дода, аз ҳама нафақаи камтаринро соҳибкорони инфиродӣ ба даст меоранд, ки андози хеле ками иҷтимоиро пардохт мекунанд. Масалан, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, ки танҳо 10% андози иҷтимоӣ пардохт мекунанд, нафақаи аз ҳама камро хоҳанд гирифт. 

 

Нафақа, сину сол ва ҳадди ақалл

  Вобаста ба пардохти нафақа ва проблемаҳои ҷойдошта дар ин соҳа бархе аз хонандагони мо саволҳои хешро ба идораи редаксия равон карда, аз Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек дархост намуданд, ки ба онҳо ҷавоби мушаххас диҳад. Мо дар зер ин саволҳоро нашр карда, аз масъулони соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоии кишвар тақозо менамоем, ки ба онҳо посух бигӯянд, зеро ҳанӯз ҳам нофаҳмиҳо дар ин самт хеле зиёданд.

Инак:

1.Агар ҳадди ақалли нафақа аз рӯи сину сол 207 сомониро ташкил диҳад, пас чаро андозаи нафақаҳое, ки аз ҳадди ақалл вобастагӣ доранд, зиёд карда нашуданд? Масалан, нафақаи маъюбони гурӯҳҳои 2, 3-и иҷтимоӣ, яъне собиқаи корӣ надоштаҳо ҳанӯз ҳам ҳамагӣ 108 сомонӣ ва нафақаи маъюбони аз овони кӯдакӣ, ҳоло ҳам 180 сомониро ташкил медиҳад. 

2.Аз қонунҳои амалкунандаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълум аст, ки ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол аз ҷониби Президенти ҶТ муқаррар карда мешавад. Пас бигӯед, ки аз 1.09.2020 ҳадди ақалл ва хадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол тибқи Фармони Президенти ҶТ №1580 чанд сомонӣ муқаррар карда шудааст?

3.Агар аз 01.09.2020 ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол 978 сомонӣ муқаррар гардида бошад, чаро ҳадди ниҳоӣ аз 01.09.2020 зиёд карда нашуд?

4.Аз 01.09.2020 тибқи Фармони Президенти ҶТ на ҳамаи намудҳои нафақа зиёд карда шуд, аз он ҷумла нафақаи гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ- бесаробонӣ. Ин кор ба дурустӣ анҷом пазируфт ва нафақаи онҳо чанд сомонӣ шуд? 

 

Сину соли нафақаро боло мебарем…

 Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ гуфт, ки масъалаи боло бардоштани сину соли нафақаи занону мардон дар кишвар дар баррасӣ қарор дорад.

 - Мо масъалаи боло бурдани сину соли нафақа барои мардону занонро дар мамлакат ба 1 қатор вазоратҳову кумитаҳо пешниҳод кардем ва он ҳоло дар баррасӣ аст. Пешниҳод намудем, ки мардон аз сини 65 ва занҳо аз сини 60 ба нафақа бароянд, аммо бархе аз вазоратҳо, аз он ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ моро дастгирӣ накард. Ба ҳар ҳол, сари ин масъала кор карда истодаем ва ҳатман бори дигар дар назди Ҳукумати ҶТ ин пешниҳодро мебардорем, - таъкид дошт Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек.

 

Сину соли нафақа дар кишварҳои ИДМ

 Аз 1 январи соли 2021 сину соли ба нафақа баромадан дар Федератсияи Россия ба болоравӣ сар карда, зина ба зина то соли 2028 барои занҳо то 60 ва барои мардҳо то 65 солагӣ боло хоҳад рафт. Дар соли 2021 занҳое, ки синашон ба 56,6  ва мардоне, ки синашон ба 61,6 расидааст, метавонанд ба нафақа бароянд.

Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз соли 2017 шуруъ карда сину соли ба нафақа баромаданро ба тадриҷ боло мебаранд. Айни замон занҳои озарбойҷонӣ дар сини 62 солагӣ ва мардҳои озарбойҷонӣ дар сини 65 солагӣ ба нафақа мебароянд.

Дар Арманистон занҳо аз сини 63 солагӣ ва мардҳо дар сини 65 солагӣ ба нафақа баромада, тибқи ислоҳоти нафақае, ки дар Беларус роҳандозӣ шуда истодааст, занҳо аз сини 58 солагӣ ва мардҳо дар сини 63 солагӣ соҳиби номи бошарафи нафақахӯр мегиранд. 

Дар кишвари ҳамсоя-Қирғизистон сини баромад ба нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 муайан шуда, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, занҳо дар сини 55 солагӣ ва мардҳо дар сини 60 солагӣ ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пайдо мекунанд.

Мо сари ин масъала хоҳем баргашт. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

Матлабҳои дигар