ХАБАРИ ДОҒ

Интернет-гадоизмро шиор накунед!

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

 

Зайнаб Тураева, сокини мавзеи Хоҷа оби гарм, корманди меҳмонхонаи “Шифо” меҳмони газетаи СССР шуда (тел: 934011884), гуфт, ки мақолаи навиштаи устод Сайёфи Мизроб, сардабири газетаро дар бораи Интернет-талбандагӣ-Интернет-гадоизм хонда, ғизои маънавӣ гирифтам.

   - Аҳсан ва ташаккури зиёд, устоди азиз, Шумо воқеъан ҳам ҳақбин ва ҳақназар будаед. Имрӯз бояд қайд кунам, ки тамоми гуфтаҳои Шумо барои ин миллат 1 калидест барои кушодани дарҳои баста, барои ояндаи неки Тоҷикистон. Ману шавҳарам маъюби кулл ҳастем. 1 дасти ман тамоман кор намекунад. Блогер Дустмурод Шарипов, маъруф бо номи Дон Жуан 1 моҳ пеш ба хонаи мо омада, ману шавҳарамро барои кӯмак кардан дар сомонаи Ютуб-канали худ сабт кунад. Пеш аз навор гирифтан аз ман талаб кард, ки барои дилсӯзии мардум бояд ҳатман мо зор-зор гириставу дар сар руймол бандам. Рад карда, гуфтам, бародари азиз Дустмурод, дасти ман ку чигунае дидӣ фалаҷ асту кор намекунад, пас чигуна ба сар руймол бандам? Ва барои интернет-гадоӣ бояд тавассути сомонаи Ютуб гиряву зорӣ кунам? Чаро мо-маъюбонро ба дурӯягӣ тела медиҳӣ? Воқеан, ҳамаи шумо-блоггерҳои бесаводу артисти масхарабоз,  миллатро ба вартаи Интернет-талабандагӣ-Интернет-гадоизм ворид сохта истодаед! Сари роҳатонро кӣ мегирад???

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter