Принт

Данғара полигон надорад…

 

Хол Воҳидов, хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ аз деҳаи Сафобахши н.Данғара меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳад тавассути газетаи СССР арзи хешро ба масъулони ҳукумати н.Данғара расонад.

   - Ноҳияи Данғара то ба имрӯз ҷойи асосии партофтани партов-полигон надорад ва мардум, хосса мардуми деҳоти дур аз маркази ноҳия партови хешро бароварда, дар сари роҳи мардумгузар мепартоянд. Ҳамин тавр то 3 км шафати роҳи аз деҳаи мо Сафобахш дар гузашта Ёқсу то деҳаҳои дигар пур аз партов аст. Чаро касе аз идораву сохторҳои марбута ё ҳамон КЖКП ин ҳолатро, ки солҳои зиёд давом дорад, намебинад? Ин ҳам 1 роҳи авҷу паҳн шудани касалиҳои сироятӣ аст-ку!?

Матлабҳои дигар