ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 13 2020

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти  матбуотӣ бо суханронии Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини аввали сардори Хадамоти мазкур сурат гирифта, мавсуф зимни суханронии хеш доир ба фаъолияти ниҳоди зертобеаш дар соли 2019 маълумоти мухтасар дод.

   Дар қисмати суолу ҷавобҳо аз ҳафтаноми СССР ба муовини аввали сардори Ҳадамоти гумруки кишвар суол доданд, ки “Кадом ширкатҳои бузург аз барасмиятдарори молу маҳсулот ва таҳҷизоташон ҳангоми воридот ба ҶТ озоданд?”, Азим Ҳайдар дар ҷавоб гуфт, ки “ Имтиёзҳо барои таҳҷизоти технологиву тандурусти бениҳоят бисёр буда, аз ба расмиятдарорӣ озод шудани онҳо ҳангоми воридот ба кишвар ба ниҳодҳои дигар марбут аст».

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Панҷшанбе, Фев 06 2020

   Искандар Солеҳзода, генерал-лейтенанти милитсия, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО дар робита ба суоли мухбири СССР дар мавриди даст ба ҷиноят задани шахсони авфшуда, иброз дошт, ки 3 нафар сокинони вилоят пас аз авф шудан дубора даст ба ҷинояти вазнин зада, паси панҷара рафтанд. Мавсуф афзуд, ки аз ин 3 нафар яке 3 маротиба дар 3 ҳолат ҷиноят содир кардааст, к иду ҳолати он таҷовуз ба номуси ноболиғон мебошад.

      Дар ин маврид Прокуратураи вилояти Хатлон низ хабар дод, ки дар моҳхои ноябр ва декабри соли 2019 ҳудуди 5000  нафар аз зиндонҳо баромада, 16 нафар баъди авф шудан дигарбора ҷиноят содир карда, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, Янв 29 2020

 

 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҶТ рӯзи 28.01.2020 зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ба суоли хабарнигори газетаи СССР дар мавриди авфи рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атовулло ва рӯйхати сиёҳи журналистони тоҷик афзуд, ки чунин рӯйхат нест ва ҳар нафаре мехоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргардад.

   - Мо ягон рӯйхати сиёҳи журналистонро надорем ва ҳар журналисти тоҷике, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, агар хоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Ватан баргардад-ҳеҷ монеае нест. Дар мавриди Додоҷони Атовулло бошад ҳаминро мегӯям, ки ӯ авф шудааст ва ҳар вақте хоҳад метавонад ба Тоҷикистон биёяд. Агар журналистони дигар далелҳои худро дар бораи ҳамкорӣ накардан бо ҳизбу ҳаракатҳои дигар дошта бошанд, мо месанҷем ва дар сурати пайдо накардани ягон далел, албатта масъалаи авфи эшонро дар миён мегузорем, чаро не?-таъкид намуд Юсуф Раҳмон дар сӯҳбат бо мухбири мо.

Омирона Достиева, СССР

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

 Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 1 қатор кормандони мақомоти милитсия ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

    Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз ҷумла, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба вазифаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи Намояндаи ваколатдори ВКД ҶТ дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо, генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло Марифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 ВКД ҶТ дар ш.Исфараи вилояти Суғд, генерал-майри милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Бустон вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ, полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шуданд.

    Инчунин, полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Фархори вилояти Хатлон, подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа сардори Шуъбаи ВКД ҶТ №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар н.Фирдавсии ш.Душанбе, подполковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н. Спитамени вилояти Суғд, подполковники милитсия Муҳиддинзода Файзиддин Шамсуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ховалинги вилояти Хатлон, подполковники милитсия Мирзоев Саидаҳрор Раҳимович, ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Нораки вилояти Хатлон, майори милитсия Солеҳзода Неъматулло Саъдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва майори милитсия Қурбонали Пулод Барфӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани ш.Душанбеи Раёсати ВКД ҶТ дар нақлиёт таъйин гардиданд.

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

Кормандони милитсияи пойтахт дар 1 ҳафтаи охир дар доираи роҳандозӣ намуданаи идомаи амалиёти «Корд» 10-нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард мегардониданд. 

 Тавре ба мухбири СССР сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе Сироҷиддин Шукурӣ хабар дод, ин 10 нафари боздоштшуда бо худ корд доштанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбати 2 нафар ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни 1 нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва нисбати 7-нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

   Бояд гуфт, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бо ташаббуси Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар якчанд марҳила роҳандозӣ гардида, милитсияи пойтахт то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза хоҳад бурд. 

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

  Тӯли 1 моҳи ахир аксари ҷиноятҳое, ки миёни ҷавонон сар мезанад, бо истифода аз силоҳи сард (холодное оружие) анҷом дода мешаванд. Фикр мекунам, ки ҷавонони мо филмҳои ҳоливудиро бештар тамошо карда, баъзе саҳнаҳои даст ба ҷиноят задани қаҳрамонҳоро дида, ба худ ҳамчун 1 намуна қарор дода,  корду кастету дубинка гирифта мегарданд. Таҳлилҳо нишон дод, афроде, ки бо худ силоҳи сард мегардонанд онҳоро дар хурдтарин  муноқиша ва нофаҳмиҳои лафзӣ истифода мекунанд. Натиҷааш-панҷара ва ҳаёти сӯхта…

 

Мусодираи 66 силоҳи сард

    Чуноне ки ба мо дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, баҳри пешгирӣ намудани чунин ҷиноят тӯли моҳи ахир амалиёти “Корд” роҳандозӣ шудааст, ки аз оғози фаъолияташ то инҷониб 5 марҳиларо дар бар мегирад. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шудааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима татбиқ мегардад. Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 12 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои бо худ гардонидани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.

 

Амалиёти «Корд» кордфурӯшонро гурезонд!

    Дар навору аксҳои хабарӣ дида мешавад, ки ҷинояткорон пас аз амали нопоки худ, ба дасти милитсия афтода, аз онҳо корду кастет ва дубинкаҳо мусодира мешавад. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чунин олотро аз куҷо дастрас менамоянд?  Бо супориши редаксия мо барои муайян намудани нуқтаҳои фуруши силоҳҳои сард ва муайян намудани нуқтаҳои тақсимоти онҳо ба кӯча баромадем. То ҷое ки мо маълумот доштем, дар чанд нуқтаҳои бозори “Корвон” ва “Саховат” имкони дастрасии чунин силоҳ барои мардум муҳайё буд. 

  12.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Барои аниқтар кардани макони фурӯши олотҳои чун силоҳ истифодашаванда ба дӯконҳои гирду атрофи «Саховат» ва «Корвон» рафтем. Ман медонистам ва дида будам, ки дар ин нуқтаҳо озодона  кордҳои гуногуни кисагӣ ва якчанд намуди “дубинка”-ҳову “кастет”-ҳо ва дигар олоти ба ин монанд мефурӯхтанд, лек ҳангоми ҳозир шудан ба нуқтаҳои мавҷуда аз он ҳама олот чизе несту паяшро низ пайдо кардан имконнопазир шудааст.

   Пасон аз 1 фурӯшандае, ки нахост номаш ифшо гардад, пурсон шудем, ки “Амакҷон, чаро шумо дигар кордҳои аҷоибу кастетҳои гуногунро намефурӯшед?”. Посухи фурӯшанда чунин буд: «Моҳи охир ба дӯкони мо намояндагони суду прокуратура бо нозирони минтақавии бозор якҷо омада, қисме аз ашёҳои мефурухтаам аз қабили корд, кастет ва якчанд намуди дубинкаҳоро гирифта бурданд, баъдан корамонро то суд кашола карданду дар охир аз ман талаб намуданд, ки дигар чунин ашёро нафурӯшам, зеро агар маротибаи 2-юм ба даст афтам, ҳатман ҳабс хоҳам шуд…»

   Аз ин маълум шуд, ки сабаби дигар ғайб задани корду кастету дубинка “Амалиёти корд”-и милисаҳои пойтахт будааст. Зеро дар баробари пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ онҳо роҳи асосии хариду фурӯши силоҳҳои сардро  бастанд, ки ҳалолашон бод! Хуб мешуд агар назорати ин гуна дӯконҳои силоҳи сардфурӯшӣ пурра зери назорат гирифта шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии хатари чунин силоҳ ба ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад. Мо пайгири мавзӯъем. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, коромузи СССР

 

саҳ 3 аз 81

Китобҳо

Flag Counter