ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 03 2017


29.06.2017 соати 21:48-дақиқа дар хобгоҳи Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳӣ»-и шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омад.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ба ҷои ҳодиса 2 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуда сӯхтор сари вақт ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар шаҳрванд ба ҳалокат нарасида, ҷароҳати сӯхтани бадан низ нагирифтааст. Сабаби сар задани сӯхтор аз ташхиси мутахассисон расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар хомушкунаки барқӣ мебошад.

СССР


Душанбе, Июл 03 2017


Вазорати корҳои дохилии ҶТ мегӯяд, ки аз рӯи хулосаи пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳо боиси сар задании сӯхтор шоми 2.07.2017 дар бозори «Корвон» шудааст.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 2.-7.2017, соати 20:03-дақиқа, дар ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати 480 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд. Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷаи саривақт пешгирӣ намудани сӯхтор пеши роҳи паҳншавии он гирифта шудааст. Сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ ин расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Дар сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Зарари сӯхтор муайян карда мешавад.
Айни замон тоҷирон ва савдогарони зарардида ба қабули раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ рафтаанд. Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

СССР


Панҷшанбе, Июн 29 2017


Ту кистӣ, Ҳоҷӣ Қосим???
Дар пасманзари пурсарусадотарин қазияҳои коррупсионӣ, боз 1 тани дигар боздошт шуд. Қосим Саидзода-собиқ сардори Раёсати якуми Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи махсусан калон дастгир шудааст. Ӯ, ки бо номи Ҳоҷӣ Қосим маъруф аст, дар 2 моҳи охир аллакай 9-умин мансабдори баландпояи ин Агентист, ки боздошт мешавад. 1 манбаъ дар Агентии мубориза бо коррупсия ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки ҳафтае пеш Ҳоҷӣ Қосим боздошт шуда, зидди ӯ бар асоси моддаи 319 КҶ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дело кушодаанд. Боздошти Қосим Саидзода бар асоси баёноти дигар мансабдорони боздоштшудаи ин Агентӣ муяссар шудааст. Тибқи манобеъ, Ҳоҷӣ Қосим, ки дар ин ниҳод дар он вақт раҳбарии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи нақлиётро бар ӯҳда дошт, моҳи апрел дар пайи оғози 1 амалиёти калон дар Агентии мубориза бо коррупсия аз мақомаш барканор шуда буд. Дар рӯзҳои аввали ин амалиёт (аз 20 апрел то 1 май) аллакай 7 мансабдори дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумрук дастгир шуданд. Боздошти Ҳоҷӣ Қосим дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Хуршед Ҷабборзода-муовини сардори Раёсати назорати қонуният, санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулли ҶТ бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо низ боздошт гардид. Ҷабборзода то 2 соли пеш дар Агентии мубориза бо коррупсия кор мекард.
9-гонаи маҳбасӣ
Ҳоло ба ин тартиб, қариб 9 корманди дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумруки ҶТ дар боздошт қарор доранд, ки аксари онҳо ба ҷиноятҳое, чун сохтакории ҳуҷҷатҳо, қаллобӣ ва қисме ба ришвахорӣ айбдор мешаванд.
1.Давлатбек Хайрзода (Хайров) – муовини собиқи раиси Агентӣ, ки 23 январи соли ҷорӣ "ба сабаби ба нафақа баромадан” бо фармони президент барканор шуда буд, субҳи 24 апрел, бино ба бархе манобеъ, дар фурудгоҳи Хуҷанд ва ба гуфтаи манобеи дигар, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон, дастгир шуд;
2.Фирӯз Холмуродзода (Холмуродов) – собиқ сардори раёсати тафтишот. Рӯзи 20 апрел аз мақом барканор ва рӯзи 21 апрел дастгир шуд;
3.Фахриддин Бозоров – собиқ муовини сардори раёсати тафтишот ва собиқ муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук;
4.Амиршо Султонзода – сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
5.Сафаралӣ Ҳомидзода – собиқ муовини сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон;
6.Фаридун Беназирзода – муовини раиси гумруки Хуҷанд, собиқ сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
7.Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) – сардори собиқи шӯъбаи яккуми тафтишотии Агентӣ;
8.Хуршед Ҷабборзода - муовини сардори Раёсати назорати қонуният санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулл;
9.Қосим Саидзода – собиқ сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар нақлиёти Агентӣ.
PS: Дар сурати набуди иттилооти расмӣ, овозаҳо мегӯянд, боздошти Ҳоҷӣ Қосим охири кор несту ресмони ин дело боз бисёриҳоро шояд ба маҳбас кӯчонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Душанбе, Июн 19 2017


18.06.2017 дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ҷавонони 21-солаи сокинони ш. Душанбе ҳангоми ба муомилот баровардани 24 адад купюраи 100 сомонаи қалбакӣ дастгир карда шуданд.
Бино ба иттиллои сомонаи ВКД ҶТ, ташхис нишон дод, ки купюраҳои мусодирашуда қалбакӣ буда, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд. Аз боздоштшудагон далели шайъӣ -3 адад принтер ва 170 метр қоғази махсус гирифта шуд. Нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР


Душанбе, Июн 19 2017


18.06.2017, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини н. Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки н. Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 42-солаи сокини ш. Кӯлоб бархӯрдааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷа, ронанда ва 3 нафар мусофирони автомашинаи «Мерседес-бенс», синну солашон 22-24-солаи сокинони н. Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ва мусофири он марди 33-солаи сокини ш. Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-бенс», ҷавони 21-солаи сокини н. Ҳамадонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

СССР


Панҷшанбе, Июн 15 2017


1 гурӯҳ хонандагони синфҳои 9-и мактаби №3-и н.Фирдавсӣ барои латукӯби дастаҷамъонаи хонандаи синфи 9-и ҳамин мактаб Л.С.аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт шудаанд. Қазияи мазкур рӯзи 12.06.2017 дар толори мактаби номбурда сурат гирифтааст. Дар ин бора ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз ҳамин мактаб хабар дод. Л.С. пас аз супоридани имтиҳон аз синфхона баромада мебинад, ки чанд нафар аз ҳамсинфон яке аз ҳамсинфонро латукӯб доранд. Ӯ ба халос кардани ҳамсинфон мешитобад, аммо бо ин ғазаби дигаронро меорад. Тамоми наврасон, ки теъдодашон аз 18 нафар бештар будааст, дарҳол ба Л.С.  дармеафтанд. Айни замон Л.С. дар беморхонаи «Истиқлол» бо бинии шикаста ва чанд захми дигар бистарӣ буда, ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст.

СССР

саҳ 46 аз 83

Китобҳо

Flag Counter