ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 05 2019

   Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошта, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст. Дар айни замон Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд. 

    Тавре қаблан хабар дода будем ноболиғ Осия Зулфоноваи 6 сола рӯзи 19.06.2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар н.Синои ш.Душанбе бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд. Бо дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия ба Душанбе ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро мӯътадили вазнини миёна арзёбӣ карда, мавсуф аз рӯи таърихи бемории Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин табиб тариқи ройгон ба ноболиғ Зулфонова Осия кӯмак мерасонад.

 

Панҷшанбе, Июн 27 2019

        

        Шомгоҳи 25.06.2019 аз ҷониби кормандони прокуратураи ш.Бохтар Бурҳонова Рӯзигул-раҳбари Ёрии таъҷилии тиббии ш.Бохтар боздошт шуд. Ӯ аз ваколатҳои худ берун баромада, ҳазорҳо сомониро аз буҷаи корхона ба ҷайби худ задааст. Аз прокуратураи шаҳр бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, дар ҳақиқат Бурҳонова бо моддаҳои 316 ва 322-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дастгир шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Бурҳонова бо ВАО муомилаи хуб надошт ва баҳсҳо низ дар нишастҳои матбуотӣ бо ӯ хело зиёд шуда буданд. Айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. 

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон 

 

Чоршанбе, Июн 26 2019

 Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР», Сайёфи Мизроб

Аз ҳамкориҳои судманд дар самти инъикос намудани фаъолияти БДА ВКД ҶТ изҳори сипос менамоем. Саволномаи шаҳрванд Фаридун Ализода бо номи «Нозири роҳ ҳаққи сур карданро дорад?» (СССР, 23.05.2019, №21)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба саволҳои пешниҳодгардида чунин посух медиҳем:

 

Саволи 1: Баъзан мешавад, ки корманди БДА-ро муҳлати давомнокии ҳуҷҷатҳояш (просроченный действующие срок удостоверение) гузаштагӣ. Бо ӯ чӣ бояд кард?

Ҷавоб: Корманди БДА зимни хизматбарӣ бояд бо худ шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад. Дар сурати гузаштани муҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи хизматӣ ба корманд то бартараф намудани камбудии ҷойдошта барои ба хизмат баромадан иҷозат дода намешавад.

Саволи 2: Пости доимӣ, яъне «статсионарӣ» чӣ гуна бояд бошад? Дар баъзе кӯчаҳо «будка»-еро монда, пости доимӣ-статсионарӣ меноманд. Оё ин дуруст аст?

Ҷавоб: «Постгоҳи статсионарӣ» бинои хизматиест, ки бо техникаи хос муҷаҳҳаз буда, дар он бо сабаби зарурияти танзими ҳаракат дар роҳ, барои назорати бетанаффус аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таъмини ҳаракати бемамонияти автомобилҳои таъиноти махсус, хизмати хадамоти роҳбонӣ ташкил карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ тибқи нақшаҳои алоҳида постгоҳҳои муваққатӣ ташкил карда, дар онҳо хизматбарии шабонарӯзии якҷояи мақомотҳои таъмини амният, ба роҳ монда мешавад.

Панҷшанбе, Июн 20 2019

    Шикояти сармоягузори украинӣ Виталий Костюк ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ боиси аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хориҷ шудани 2 мансабдори баландпоя гашт.

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати сармоягузори Украинӣ Виталий Костюкро дар хусуси аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар в.Суғд Сангинзода Мирзоравшан ва муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар в.Суғд Неъматзода Шариф Камол поймол намудани ҳуқуқояш ҳангоми бозгашт мавриди пайгирӣ қарор дод.

    Чуноне ки сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ кирдори ғайриоинномавии Сангинзода Мирзоравшан ва Неъматзода Шариф Камол муайян гардида, онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод ва аз хизмат дар ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар хориҷ карда шуданд. Нисбати рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

 

Панҷшанбе, Июн 13 2019

  Аз 1 июн то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2019 дар 2 марҳила дар ҳудуди ш.Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2019» гузаронида шуда, дар ин робита тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2019 тибқи замимаи 1 таъсис гардидааст.

   Ин амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ш.Душанбе, гузаронида мешавад. Ба Ситоди шаҳрӣ дастур дода шудааст, ки дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2019» на камтар аз 1 маротиба дар 1 моҳ ҷаласа гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайри-қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машғуланд, диққати махсус диҳад.

 

Сешанбе, Июн 04 2019

    Имрӯз, 4.06.2019, соати 11-30 сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки савори мошини КАМАЗ буданд, дар роҳи ҳаракати мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ш. Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Қалъача Ғанизода Шаҳбоз, соли таваллудаш 1991, ки дар самти Исфара-Ворух ҳаракат дошт, дар ҳудуди даромадгоҳи деҳаи Оқсой барқасдона монеъа эҷод намуда, баъдан ӯро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошини ӯро сангборон кардаанд, ки дар натиҷа шишаи оқиби мошин пора-пора гардидааст. Дар ин бора Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара хабар дод.

   Ғанизода Шаҳбоз бо ҳамроҳии модарашу кӯдаки 6-7 солааш, инчунин 1 хешованди дигари ӯ аз шаҳри Исфара ба Ворух бармегаштанд. Тавре аз маълумоти фаврӣ бармеояд, кӯдаки 6-7 солаи Ғанизода Шаҳбоз аз ин ҳодиса ва даҳшатнокии амали қирғизҳо сахт тарс хӯрдааст ва ӯро барои муоина ба беморхона бурдаанд.

    Амали тарҳрезишуда будани ин қазия дар он зоҳир мегардад, ки баъд аз 10-15 дақиқаи рух додани ин ҳодиса кормандони васоити ахбори умуми Қирғизистон дар деҳаи Оқсой барои инъикоси он ҳозир шудаанд. Хабарнигорони расонаҳои қирғизӣ дар иттилооти оҷилан пахшнамудаи худ ҳодисаро бидуни таҳқиқ яктарафа, ҳамчунин садамаи нақлиётӣ арзёбӣ намуда, Ғанизода Шаҳбозро барои идора карда натавонистани воситаи нақлиёт ва бархӯрди мошини ӯ ба мошини боркашони КАМАЗ-и шаҳрванди Қирғизистон айбдор намудаанд, ки дар асл чунин нест.

   Дар сарҳади байни деҳаи Оқсой, дар даромадгоҳи деҳаи Ворух даҳҳо нафар сокинони Оқсой, ки аксаран ҷавононанд, ҷамъ шудаанд. Ин амали барқасдона ва иғвогаронаи ҳамсояҳои моҷароҷӯ дар арафаи Иди Фитр боиси озурдахотирӣ ва нороҳатию изтироби сокинони деҳаи Ворух гардидааст.

   Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ш.Исфара дар робита ба таҳқиқи ин ҳодиса кор оғоз кардаанд ва ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳодисаи нохуш чораҷӯӣ доранд.

 

 

саҳ 6 аз 78

Китобҳо

Flag Counter