ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Фев 10 2017

Суди вилояти Хатлон 3 сокини шаҳри Норак, ҳамсинфон-Азимов Сайфуддин, Ёров Манучеҳр ва Миралиев Иброҳим-сокинони ҷамоати деҳоти Пули Сангин, аз деҳаи Кибилро барои парчами ДИИШро насб кардан 3 сол зиндонӣ кард. Азимов, ки таълими динӣ доштааст, бо маслиҳати пешакӣ мехоҳад парчами ДИИШро дар куҳи баланд насб кунанд. Аммо иҷрои ин корро ба Ёров супориш медиҳанд, ки аз бозори марказии ш.Норак 1 порча сони сафед ва 1 қуттӣ ранг бихарад. Ӯ матоъи сафед ва қутии рангро харида ҳини торик шудан, дар як теппа насб мекунанд. Рузи дигар сокинони деҳа парчами насб шударо дида дар ҳайрат мемонанд. Вақте овоза дар деҳа паҳн мешавад, ки ин парчами насбшуда ғайриқонунист, ҳар 3 ҳамсинф аз тарс рӯзи дигар шабона рафта парчами насбкардаи канда худро медаронанд. Ҳини тафтишоти мақомот ӯ дар сайти «Одноклассники», зери саҳифаҳои ДИИШ «класс» гузошта, бо 1 шахси бе номи «Имя нет фамилия секрет» сӯҳбат карда, бори охир навиштааст, ки «бузҳо фаҳмиданд». Баъдан ҳамсинфонро 23.11.2016 дастгир намуданд. Муовини суди вилояти Хатлон Бойзода Темур онҳоро 3 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон 

Чоршанбе, Фев 08 2017

ВКД ҶТ дар сайти интернетии худ аз боздошти заминсози шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар додааст. Сармутахассиси 33-солаи Идораи заминсозии Ҳисор 4 феврал дар ҳудуди деҳаи Булбулчашма ба номи зани 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Алмосӣ 2 қитъаи замин ба масоҳати 6 ва 12 ҳисса ҷудо намуда, аз шавҳарии 42-солаи ин зан 6000 сомонӣ пора гирифтааст. Феълан алайҳи заминсоз бо иттиҳоми порагирӣ делои ҷиноӣ боз шуда, тафтиши он ҷониби Додситонии кулл идома дорад.

Чоршанбе, Фев 08 2017

7 феврал Суди ноҳияи Советскийи шаҳри Қазон-пойтахти Тотористон афсари 33-солаи пулис Александр Гриднев ва ду тан аз дӯстони вайро, ки ба ҳамлаи мусаллаҳона ба 2 тарбузфурӯши тоҷик айбдор мешуданд, сафед кард. Ёдовар мешавем, ки ин “разбор” рӯзи 29.08.2016, ки дар Русия ҳамчун рӯзи “День спецназа” таҷлил мешавад, рух додааст. Гриднев ва 2 шиноси ӯ – Руслан Каримуллини 28-сола ва Дмитрий Зайтсеви 27-сола низ, рӯзи 29 август маст буданд. Онҳо ба растаи тарбузфурӯшӣ дар кӯчаи Бигичев-10 бо фурӯшандаҳои тоҷик Маҳмадғафур Ҳаитов ва Фарҳод Мамаюсупов ҷанҷол кардаанд.

Чоршанбе, Фев 08 2017

Сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ба қисми навбатдории шуъба оид ба ҳодисаи дуздӣ хабаре ворид шуд. Рӯзи 2-юми феврали соли 2017 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 53-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазору 770-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздӣ Қурбонов Нарзуллои 50-солаи сокини ш.Қурғонтеппа, кӯчаи Мирзо Қодиров, хонаи 31 дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон.

 

Ҷумъа, Фев 03 2017

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вил.Хатлон, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ, дар ноҳияи Ҷайҳун боз як кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи мухаддира ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Зимни амалиёти якҷоя дар дидбонгоҳи наздисарҳадии н.Ҷайҳун сокини улусволии «Хонаобод»-и вилояти Қундузи Давлати Исломии Афғонистон Абдул воҳид валади Ҳафизуллоҳ, ки бо худ 1 борхалта дошту мехост ғайриқонунӣ сарҳади Тоҷикистонро убур намояд, боздошт гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум шуд, ки дар дохили борхалтаи мазкур 15 адад бастаҳои селофании монанд ба маводи нашъаовар ҷойгир карда шудаанд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200, қисми 4, ҷазо таъин карда шуд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Фев 03 2017

Корманди  бахши муҳофизаи ШКД н. Варзоб Саюмарс Гулмадов  ҳангоми наҷоти одамон дар мавзеи Майхураи ин ноҳия зери тарма монда, ҳалок гардид. Дар ин бора ба СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Дар хабари маркази матбуоти  ВКД ҶТ гуфта мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти наҷотдиҳии одамон аз зери тарма охири ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд старшина Саюмарс Гулмадов худ зери тарма монда ҳалок гардид.

Мавриди зикр аст, ки старшинаи милитсия марҳум Саюмарс Гулмадови 22-сола баъди адои хизмати ҳарбӣ моҳи марти соли 2016 ҳамроҳи бародараш Каюмарс ба ҳайси корманди ШКД-и ноҳияи Варзоб ба кор шурӯъ намуда буданд. Аз сӯҳбат бо ҳамкорони Саюмарс аён гардид, ки ӯ ҷавони хушрафтор, хушмуомила, ботамкин ва дар муносибат ба кор бисёр ҷиддӣ буд ва супоришҳои роҳбариятро сари вақт иҷро мекард. Ӯ дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву беҳтарин хислатҳои инсониро доро, барои дигар ҳамкорон намунаи ибрат ва ҷисману рӯҳан обутобёфта буд.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони Саюмарс Гулмадов, ки шуҷоату далерӣ нишон дода, дар роҳи наҷоти дигарон ҷони худро аз даст додаст, ҳамдардии амиқ изҳор намуданд ва ҷасорату мардонагии корманди худро мояи ифтихори тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.

Маркази матбуоти ВКД нақли шоҳиди ин воқеа, яке аз ҳамкорони Саюмарс, сержанти калони милитсия Алишер Раҳимзодаро овардааст, ки дар он гуфта мешавад:

«Дар минтақаи хизматӣ қарор доштам. Як нафар ба наздам омада, аз фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар дод. Ба ҳамкоронам Саюмарсу Лоиқ, ки барои наҷоти одамон ба мавзеи мазкур рафта буданд, занг задам. Аз он ҷониб садое наомад. Хавотир шудам, ба худ гуфтам, ба инҳо чӣ шуда бошад? Дар сар сад фикру хаёл ба мавзеи тармафароӣ рафтам. Ҳамкоронамро наёфтам, баланд садо кардам. Чанд бор, такрор ба такрор. Ногоҳ як садои пасте аз сӯйи дарё ба гӯш расид. Саросемавор ба поён раҳсипор гаштам. Лоиқро дар ҳолати тарсу ҳарос ва ҳаяҷонзада ёфтам. Баъдан огоҳ шудам, ки ҳангоми хизмат чун онҳо мебинанд, ки тарма чанд нафар сокинонро ба коми худ фурӯ бурд, дарҳол аз пайи наҷоти шаҳрвандон шитофтанд. Ҳамин тавр, кормандони милитсия 4 нафар сокинонро аз зери барфтӯдаҳо берун, ба ҷойи бехавф бароварда, аз марг наҷот доданд ва вақте хостанд бори дуюм ба зарардидагони дигар ёрӣ расонанд, худ зери тарма монданд. Тӯдаи барфе, ки сержанти калони милитсия Лоиқи Файзалӣ дар он дармонда буд, ба сӯйи дарё лағжид ва хушбахтона, дарё барфтӯдаро об намуд ва Лоиқ аз марг наҷот ёфт, вале мутаассифона, дар ин ҳодиса ҷони ҷавони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов аз даст рафт. Ҷисми беҷони зери тарма мондаи ӯро 31-уми январ, аз лаби дарёи Майхура, ки аз роҳи калони мошингузар тахминан 750 метр дур аст, пайдо кардем».

Тавре командири взводи ШКД-и ноҳияи Варзоб, майори милитсия Қиёбек Имомёрбеков иброз дошт, баъди огоҳӣ пайдо кардан онҳо ҳамроҳи роҳбарияти шуъба ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. «Роҳ аллакай баста буд, — мегӯяд ӯ.- мо пиёда ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кумаку дастгирии аҳолӣ 8 нафарро аз марг наҷот додем…».

 

СССР

 

саҳ 57 аз 83

Китобҳо

Flag Counter