ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Янв 10 2017

Шаби 6-7 сенятбри соли равон ба хонаи корманди Раёсати гумруки вил.Хатлон Зуҳуров Қурбонхон, соатҳои 1-2 Норматов Рӯзибой Ӯрозович (с.тав.1965), Норматов Мумин Ӯрозович (с.тав.1975), Одинаев Раҷабалӣ (с.тав.1970) зода ва сокинони н.Бохтари ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа», Норматов Фарҳод Закирович (с.тав.1987) истиқоматкунандаи ш.Қурғонтеппа ва Қурбонов Кароматулло (с.тав.1993) бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо истифода аз яроқи оташфишон ва бо маслиҳати пешакӣ дар автомашинаи шахсии Абдуҳалимов Ориф (тамғаи Опел-Астра, рақ.қайди дав.8800ВА03) нишаста, ба маҳаллаи Навободи ш.Қурғонтеппа омада, ба нияти ғорат вориди ҳавлии мешаванд. Дар ҳамин ҳол байни Қурбону ғоратгарон муноқиша сар зада, ҳамлагарон бо корди дар дастдошта гардани аввалиро мебуранд. Сипас  шиками писари ӯ-Бахтоварро, ки ба кӯмаки падар мешитофт, бо корд захмӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамсари Қурбон- Моҳҷамол ва духтари ноболиғаш-Меҳрангезро лату кӯб карда, дар яке аз ҳуҷраҳои ошёнаи 2-и бино дасту пойҳояшонро бо миёнбанди чармин баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо сейфи оҳанинро гирифта, ба автомашинаи Қурбонхон (тамғаи «Хонда СR-V», рақ.қайд.дав. 7575 АН 03) нишаста, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. 

Автомашинаро дар маҳаллаи Қизил-юлдузи н.Бохтар гузошта, сейфи оҳанинро гирифта, ба автомашинаи Ориф (тамғаи Опел-Астра, рақ.қайди дав.8800ВА03)  савор шуда, ба  хонааш бурда пинҳон мекунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ориф бо ҳамраҳонаш Мумин ва Раҷабалӣ бо гумони содир кардани ҷинояти мазкур дастгир шуда, ҳини азназаргузаронии манзили истиқоматии Ориф сейфро бо $11.450 меёбанд. 

Имрӯз 10 январи соли 2017 дар сӯҳбати хабарнигори СССР Сайдалӣ Сироҷиддин-суди шаҳри Қурғонтеппа тасдиқ намуд, ки нисбати Одинаев Раҷабалӣ, Норматов Муъминжон ва писар амакаш Норматов Фарҳод бо моддаи 249, яъне роҳзанӣ ва ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда, нисбати онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22,18,6,18,6 сол таъин гардидааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Янв 10 2017

Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас, дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида шуда истодааст.

Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории ин гуна чораандешиҳо аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонони беҳудагард ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта муайяну ошкор карда шуданд.

Амалиёти «Оворагард» дар пайи муноқишаи маргбори ҷавонону наврасони пойтахт, ки шаби 2 ба 3 январи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 104-уми ш. Душанбе сар зад, оғоз шуда бино ба иттиллои соҳибони марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерӣ,  ВКД ҶТ ба онҳо тавсия додаст, ки наврасони то 17 соларо минбаъд ба толори худ роҳ надиҳанд.

СССР

 

 

Панҷшанбе, Янв 05 2017

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи санаи 2-юми январи соли 2017 (тахминан соати 21:40 дақиқа) рухдода иттилоъ медиҳад, ки 2 гурӯҳ ҷавонписарони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ва маҳалгароӣ бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Клагенфурти шаҳри Душанбе дар ҳайати то 20 нафар бо мақсади ба ҳамдигар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худашон предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда, аз қабили «корд», «оҳан» ва «битта» гирифта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки 104-ум якдигарро зада, муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

Панҷшанбе, Янв 05 2017

Дар як соли ахир даҳҳо сокини вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар бо ҷурми гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таблиғи “Давлати исломӣ” зиндонӣ шудаанд. Дар сӯҳбати СССР муовини суди вилояти Хатлон Бойзода Темир тасдиқ кард, ки дар соли 2016 84 парванда нисбати 104 нафар «Салафия» ва 41 парванда бо моддаи 401, қисми 1 иштирок намудан дар ДИИШ… муттаҳам дониста шуда, барои муҳлатҳои гуногун суд шудаанд. Саидҷаъфар Сафарзода, коршинос дар вил.Хатлон мегӯяд, мавъиза ё амри маъруфҳое, ки бештар тариқи интернет оммавӣ шудаасту хусусияти инсонбадбинӣ дорад, баъзеашон ҳадафмандона дар интернет роҳ ёфта, ба инсонҳо ҳуҷуми равонӣ мекунад ва як роҳи гаравиш ба ҳизбу ҳаракати мамнӯъ ва ифротист: “Мавъизаҳое, ки дар онҳо гуфта мешавад, ки вақте инсон мемурад касе нест, дар қиёмат ба ӯ кумак кунад, ҳатто фарзанд кумак карда наметавонад, вақте инсон ба хотири падару модар ва фарзанд зиндагӣ мекунад инро шунида яъсу ноумедӣ ӯро фаро гирифта, бо навмедӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайвандад, ақидаҳое, ки мардумро ба инсондӯстӣ ва эҳтироми якдигар даъват кунад, чандон мушоҳида намешавад. Тибқи иттилои расмӣ, шумораи ҷавонони ифродгаро зиёд аст, вале инсон яку якбора ифродӣ намешавад. 1 нафар агар намоз хонад ҳеҷ бадӣ надорад, вале як намозхон як бенамозро мегӯяд, ки бояд қатл шавад, ин нишонаи ифротгароист. Як нафар суруд гӯш намекунад ҳаққи ӯст, вале дигаронро даъват мекунад, ки суруд гӯш накунад, ин нишонаи ифротгароист.”

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир мояи ҷиддии нигаронии мақомот боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд. Дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло шомили “Давлати исломӣ” ҳастанд, шумораи занон ва кӯдакони ноболиғе, ки бо худ бурдаанд ва он ҷо таваллуд шудаанд, кам нестанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Янв 05 2017

2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 аз сабаби муноқишаи бамиёномода, байни ҳам занозанӣ намуда, дар натиҷа 2 нафар: Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд. 

Чуноне ки баъдан маълум шуд, наврасон бо худ корд, оҳан ва бита оварда дар назди интернет-қаҳвахонаи маҳалла занозанӣ мекунанд.Теъдоди наврасони занозанӣ карда ба 20 нафар расида дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат мерасанд.

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, гумонбарон боздошт шуда аз рӯи ин қазия тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

СССР

 

 

Чоршанбе, Дек 28 2016

Суди вил.Хатлон Нуралиев Қаҳрамон, сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматов, аз деҳаи Ё.Каримови н.Шаҳритусро, ки барои 1 қитъаи замин падараандарашро куштааст, 22 сол суд кард. Мирзоева Бозоргул, модари Қаҳрамон баъди фавти шавҳараш-Нуралиев Қарахон, соли 1997 ба Каримов Турназар оиладор шуда, дар ҳавлии меросии падараш зиндагӣ мекарданд. Дар давраи ҳамзистии якҷоя аз ин шавҳараш соҳиби 4 фарзанд шуд. Қаҳрамон баъди вафоти падараш 0,51 га замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия буданаш аз модараш хоҳиш кардааст, ки аз 0,51 га замин, 0,21 га-ро ба номи  ӯ ва 0,30 га-и боқимондаро ба номи худаш ба қайд гирад. Давоми 3 соли охир баҳси замин тундтар шуда ҳалли худро наёфт… Бо ҳамин сабабҳо байни ӯву падарандараш борҳо ҷанҷол шудааст. Турназар-падарандари Қаҳрамон барои аз худ кардани 51 сотих замини наздиҳавлигӣ ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст, ки бо оила ва фарзандонаш аз хона баромада равад. 9.10.2016, соатҳои 20:30 дақиқа боз дар рафти муноқишаи навбатӣ падарандарро бо корд 4 маротиба дар узвҳои баданаш зада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасонад. Суди вил.Хатлон нисбати Қаҳрамон Нуралиев бо моддаи 104, қисми 2, банди «е» КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22 сол дар низомаш сахтро таъйин кард.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

саҳ 60 аз 83

Китобҳо

Flag Counter