ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 13 2016

 

А.Сафозода-судяи суди вил.Хатлон ба Лутфуллоев Оятулло Нуруллоевич бо моддаи 3073, қисми 2-и КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5  сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзур таъин кард. Дар сӯҳбат бо СССР мавсуф қайд намуд, ки Оятулло (с.тав.25.09.1984), зодаи ш.Қӯрғонтеппа, соли 2003 ба факултаи технологияи информатсионии Академияи муосири гуманитарии Россия ва Тоҷикистон дохил шуда то курси 2 таҳсил кардааст. Соли 2005 бинобар сабаби вазъи оилавиаш аз давом додани таҳсил дар донишгоҳи мазкур даст кашидааст. Моҳи июли соли 2009 бо даъвати арусшавандааш Тагаева Ирана Мирзошоевна, соли таваллудаш 1984, миллаташ тотор, ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия рафтааст. Бо Ирана то моҳи январи соли 2010 дар шаҳри Қазон зиндагӣ намудааст. Сипас, ӯ оид ба тарзи либоспушии аврупоӣ, нанушидани нушокиҳои спиртӣ ва сигоркашии Тагаева эрод мегирифтааст. Ин ба Тагаева писанд намеомад, аз ин сабаб ӯ аз Тагаева ҷудо шудааст. Оятулло феврали соли 2011 ҳангоми қарор доштанаш дар ҳудуди ш.Ростови Федератсияи Русия ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ бо яке аз пайравони фаъоли ташкилоти экстремистии “Салафия” Нарзулло ном шаҳрванди Ҷумҳурии Доғистони Федератсияии Русия, ки шиносоӣ пайдо карда, оид ба тарзҳои ба ҷо овардани рукнҳои дини Ислом суҳбатҳо доир намудаанд. Минбаъд дар вохуриҳои доиргашта бо мақсади зиёд кардани ҳамақидаҳои худ дар ҳудуди яке аз масҷидҳои маркази ш.Ростов Нарзулло дар назди Лутфуллоев ғояҳои ифротии ташкилоти экстремистии “Салафия”-ро таблиғ намуда, бо ин роҳ ба шуур ва иродааш таъсири ғоявӣ расонида, ба ӯ намозхониро тибқи қоидаҳои ташкилоти номбурда, ки хилофи мусулмонони мазҳабии Тоҷикистониён аст, омузонидааст. Пас аз оғоз намудан ба чунин фаъолият ва қабул намудани ақидаи ифротии мазкур Лутфуллоев аз ҷониби Нарзулло барои аъзо шудан ба ташкилоти экстремистии “Салафия” ҷалб мегардад. Моҳи ноябри соли 2014 Лутфуллоев аз Русия ба зодгоҳаш ш.Қурғонтеппа баргашта, аз мақсадҳои ҷиноии худ даст накашида, кушиши пеш бурдани фаъолияти ташкилоти “Салафия”-ро, ки тибқи Ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз санаи 8.12.2014 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ шудааст, намудааст. Чунончӣ, судшаванда Лутфуллоев аз рӯзи омаданаш ба Тоҷикистон ва то дастгир шуданаш дар масҷиди ҷомеи ба номи “Абдулло Бобонов”-и куч.Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа намозҳои худро аз руи қоидаҳои ташкилоти номбурда бо роҳи паҳн гузоштани пойҳояш ва гузоштани дастҳояш дар зери қафаси синааш хонда, таваҷҷуҳи намозгузоронро ба пешбурди чунин фаъолияти манъшуда равона намуда, оид ба ин масъала бо имомхатиби масҷид Маҳмадҷонов Қурбоналӣ Маҳмудович баҳсҳои беасос намудааст. Ба ғайр аз ин, дар рафти омода ба маъракаҳои азодории марҳум падари худ, Лутфуллоев моҳи январи соли 2016 ба Толибов Тоир Раҷабалиевич, Юсупов Фарҳод ва Ризомов Абдураҳмон Исломиддинович, оиди нагузаронидани  маъракаҳои “серӯзагӣ”, “бист”, “чил” ва “сол” амри маъруф намуда чунин маъракаҳоро бидъат намудааст, таваҷҷуҳи онҳоро ба пешбурди чунин фаъолияти манъшуда равона намудааст.

15.03.2016 дар натиҷаи азназаргузаронии хонаҳои истиқоматии Лутфуллоев воқеъ дар суроғаи ш.Қурғонтеппа, куч.Дустии Халқҳо, бинои №6, ҳуҷраи №1 китобҳои зерин: 1.«Зиёрати қабрҳо»; 2.«Фолнома» дарёфт ва гирифта шудаанд. Тибқи хулосаи комиссияи коршиносон оид ба ташхиси давлатии диншиносӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон июли соли 2016 адабиёти динии бо номи “Зиёрати қабрҳо” муаллиф Муҳиддини Муҳаммад бо тарҷумаи Шаҳобиддини Солеҳ ба равияи экстремистӣ-террористӣ буда, тарғибкунандаи ақидаи ташкилоти “Салафия” аст. Ҳамзамон, тахминан марти соли 2016 якчанд маротиба имомхатиби масҷиди кучаи Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа Маҳмадҷонов Қурбоналӣ ба тарзу усули намозхонии ӯ эрод гирифта қайд намудааст, ки “тарзу усули намозгузориатро ба монанди пайравони мазҳаби Имоми Аъзам намо, чунки ту ғайри мазҳаби Имоми Аъзам намоз хонда истодаӣ ва миёни мардум фитна ва ихтилофот намуда истодаӣ”. Бинобар сабаби миёни намозгузорон ихтилофот нашудан ғайр аз намози пешин ва намози ҷумъа дигар намозҳояшро дар хонаи истиқоматиааш ба мисли пайравони равияи «Имом Шофеӣ» мехондааст. Суннати намози ҷумъаро ӯ дар хона мегузорад, чунки пайғамбар суннати намозро дар хона мегузоштааст, намози пешин ва ҷумъаро бошад дар масҷиди куч.Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа мегузорад. Тибқи иттилооти расмӣ дар вил.Хатлон зиёда 30 нафар аъзои “Салафия”-ро боздошт ва аз озодӣ маҳрум сохтанд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Окт 11 2016

Рӯзи 9.10.с.2016, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати қатораи мусофиркашонии Москва-Душанбе дар километри 4621 пикети №1-и истгоҳи роҳи оҳани “Айнӣ-Душанбе”, тепловози тамғаи №0300 таҳти идораи машинисти 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 72-солаеро пахш намудааст.

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин ҳодиса марди солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

СССР

 

Душанбе, Окт 10 2016

08.10.с.2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, корманди яке аз ошхонаҳо дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, гумонбаршуда, рӯзи 07.10.с.2016, тахминан соати 22:40-дақиқа, дар ҳавлии ошхона, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

СССР

 

Панҷшанбе, Сен 29 2016

Рӯзи 28.09.с.2016, тахминан соати 15:00-дақиқа, марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом дар хонаи истиқоматиаш нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз сабаби хусумати шахсӣ доштан ба хонаи ҳамсояаш марди 45-сола омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба  қафаси синааш задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати  вазнини  ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 104 (куштор) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

СССР

 

 

Чоршанбе, Сен 28 2016

Шаби 22.09.с.2016, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа аз назди ташнобхонаи манзили истиқоматии марди 60-солаи сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара, аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади шаҳрванд Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо дасту по ва даҳони баста, дар дохили курпа печонидашуда, дарёфт карда шуд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд, ки пеш пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медихад, муайян гардид, ки рӯзи 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ,  дар манзили истикоматии ба иҷора гирифташуда, воқеъ дар деҳаи Рахшонзамин бо ҳиссиёти баланди бадбинӣ ва муноқишаи оилавӣ, шаҳрванд Миров Т. аввал бо мушту лағад ва сипас бо бел ба сару тани модараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида ӯро беҳол гардонидаааст. Сипас бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баста, бо ин роҳ муқобилият ва фарёд кашидани ӯро бартараф намуда, ҷабрдидаро ба курпаи тунук мепечонад. Ва бо як бераҳмии махсус дар ҳолати ҳоло зинда будани модараш чуқурӣ канда, ӯро зинда ба онҷо гӯр мекунад ва  болояшро  бо хок мепӯшонад.

Чанд рӯз аз назар дур шудани Нурова Садафмо ҳамсояҳоро дар ҳайрат мегузорад. Ба саволи модарат куҷост, Миров Т. ба мардум ҷавоб медиҳад, ки модарам аз хона баромада, бедарак ғайб задааст. Паҳн шудани бӯи ғализ дар атрофи деҳа сокинонро бетараф намегузораду онҳо ба кормандони милитсия хабар медиҳанд. Нисбати Миров Т. бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

СССР

 

Сешанбе, Сен 27 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шуъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро  дар самти иҷрои қонунҳои амалкунанда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ба хусус нозирони минтақавиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда,  дастур фармуд, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ чораҳои мушаххас андешанд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласае, ки рӯзи 26.09.2016 дар шаҳрдорӣ баргузор гашт, ҳамчунин масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ташкили фаъолияти муназзами он баррасӣ гашта, баҳри  таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи мусофирон Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардидаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ворид намудани тағйирот ба тарифҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятӣ бе баррасӣ гузошта, ба масъулин дастур фармуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати  тамоми паҳлӯҳои иқтисодию иҷтимоӣ  маротибаи дигар мавриди пажӯҳиш қарор дода, таклифи асосноки бо сохторҳои марбута мувофиқагардидаро пешниҳод намоянд.    

СССР

 

 

 

 

саҳ 66 аз 83

Китобҳо

Flag Counter