ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 22 2016

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни нишасти матбуотии имрӯзааш, ки ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти милитсия дар нимсолаи аввали соли 2016 бахшида шуда буд, таъкид намуд, ки таъсиси Маркази зидди терроризм тақозои замон буда имрӯз мақомоти қудратии мамлакат фаъолияти чунин марказро хеле лозим мешуморад.

- Ба ВКД ва КДАМ-и ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, барои таъсиси Маркази зидди террористӣ чораҳои мушаххас андешида фаъолияти минбаъдаи онро тарҳрезӣ намоянд. Ин Марказ дар асоси ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин дар бахши ҳарбӣ бунёд ёфта фаъолияташро барои пешгирии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта ва терроризм дар кишвари мо равона хоҳад кард. – афзуд Рамазон Раҳимзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

Бояд қайд намуд, ки аз 368 нафар шахсоне, ки тайи 6 моҳи охир бо иттиҳоми эсктремизму терроризм дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, 155 нафар ба узвияти равия ғайриқонунии «Салафия», 133 нафар барои пайвастан ба Давлати Исломӣ ва 18 нафар барои ҳамроҳ шудан ба ҳаракати «Бародарони мусалмон» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 22 2016

Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти милитсия 110 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 1387 нафар барои содир кардани 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуда дар ин давра 26 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон, 7 ҷиноят дар самти амнияти иттилоотӣ ва 376 ҷиноят вобаста ба моликияти зеҳнӣ муайян ва ошкор гардид.

Чуноне ки Исозода Набиҷон, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ҶТ иброз дошт,  дар 6 моҳи охир аз 29 ҷинояти роҳзанӣ 22 ва аз 89 ҷинояти ғоратгарӣ  82 - тои он кушода шуда, ҷинояти таҷовуз ба номус нисбат ба соли гузашта зиёд гардида, аз 19 ҳолат танҳо14 - тои он ошкор гардидааст.

Содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр низ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 2 ҳазору 827 ҷинояти дуздӣ, 2 ҳазору 447 тояш кушода шудааст.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 22 2016

Дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҷиноят зиёд буда, ошкоршавии он 94 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 39 ҷинояти одамкушӣ ва 58 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣба қайд гирифта шуда, 2 ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияҳои Панҷакент ва Ҷаббор Расулов, 2 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Ваҳдат нокушода боқӣ мондаанд. Дар ин бора рӯзи 22.07.2016 зимни нишасти матбуотӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар хабар дод.

Чуноне ки вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот дар нимсолаи авали соли 2016 368 нафар аъзоёни гурӯҳҳои терористию -экстремистӣ муайян ва дастгир карда шудаанд. 

- Дар ин давра 4 ҳолати сӯйиқасд ба амали террористӣ аз тарафи гурӯҳҳои терористӣ пешгирӣ карда шуд. Дар маҷмуъ 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористию - экстремистӣ  муайян ва ошкор гардида, аз дастгиршудагон миқдори зиёди китобҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, воситаҳои техникӣ, фиттаҳои гуногун, варақаҳои ташвиқотии зиддиҳукуматӣ, маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон дарёфту мусодира карда шуданд, - таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 22 2016

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ қайд менамояд, ки ҳоло беш аз 1000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангии Сурия ширкат варзида 150 нафари онҳоро занон ташкил мекунанд. Дар ин муддат аз ҷангҳои Сурия наздики 50 нафар бо хоҳиши худ ба ватан баргашта онҳо аз ҷавобгарӣ озод гашта аз пайи кору зиндагии хеш шудаанд.

Вобаста ба боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони собиқи ВКД, Рамазон Раҳимзода гуфт, ки «ӯро хатман пайдо ва ва ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид!»

СССР

 

Ҷумъа, Июл 22 2016

Айни замон 1661 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кофтукоби ҷиноии байналмилалӣ – Интерпол қарор дошта аз ин теъдод 1400 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар терроризму экстремизм мавриди ҷустуҷӯ мебошанд. Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҲНИТ, ки дар мамлакат ғайриқонунӣ эълон шудааст, низ ба ин рӯйхат шомил шудааст. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма имрӯз, 22.07.2016 вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро хабар дод.

Бино ба иттиллои вазир корҳои дохилӣ, ба ғайр аз ин наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошта дар тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз Федератсия Русия 71 нафар экстрадитсия – оварда шуда боз 88 нафари дигари шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия ҷиноят содир намудаанд, дар интизори оварданашон ба Тоҷикистон ҳастанд.

СССР

 

саҳ 70 аз 83

Китобҳо

Flag Counter