ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 21 2016

Тибқи 1 манбаъ, 15.07.2016, тахминан соати 12:30 дақиқа, дар маҳаллаи Ваҳдати ш.Қӯрғонтеппа, шахси номаълуме марди 58-солаеро дар танҳоӣ лату кӯб намуда, 303 сомониашро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД, марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пештар бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, дастгир гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Баҳодур Уроқов,

СССР, Қурғонтеппа

 

Чоршанбе, Июл 20 2016

Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и н.Вахши вил.Хатлон ҳамеша зери назорати оперативии мақомоти амниятии вилоят қарор дорад ва аз ҳама бештар боздошт шудани аъзои Ҳоҷӣ Ҳалими ошӯбгар дар ҷануби кишвар мақомотро ба ташвиш овардааст. Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вил.Хатлон 19 июл дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигорон посух дода гуфт, ки танҳо аз 1 ҷамоат 10 нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда, 3 нафари дигар дар пайгарди пулис қарор гирифтаанд.

Баходур Уроков

СССР, вил.Хатлон

 

Чоршанбе, Июл 20 2016

Дар нишасти матбуотии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вил.Хатлон хабар доданд, теъдоди ҷавонони то 30-сола, ки аз Тоҷикистон тариқи Русия ба давлати Сурия рафта, дар амалиёти ҷангӣ бар зидди Ҳукумати Башшор Асад иштирок доранд, ба 210 нафар расидааст.

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Июл 19 2016

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки бо сабаби бӯҳрони молӣ хадамоти мазкур имкони таъмири бархе аз таҷҳизоти муҳими техникиро, ки барои кори назорати гумрукӣ дар марзҳои байнидавлатӣ лозим ва муҳим аст, дар даст надорад. Ӯ ин нуқтаро зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон, ки имрӯз сурат гирифт, арзёбӣ намуд.

Панҷшанбе, Июл 14 2016

Аз 12 июл то 18 августи соли 2016 дар роҳи автомобилгарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз соати 1500 то соати 1800 ва аз 19 август то 7 сентябри соли 2016 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») аз соати 1900 то соати 2200 ҳамарӯза, ба истиснои рӯзҳои якшанбе, бинобар гузаронидани тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ – иштирокчиёни Паради ҳарбӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Чоршанбе, Июл 13 2016

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

саҳ 71 аз 83

Китобҳо

Flag Counter