ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Апр 19 2016

Рустамалӣ Ҷ.Д, соли таваллудаш 1993 зода ва сокини ноҳия Ҷайҳун (Қумсангир) тавассути телефони мобилиаш дар шабакаи Интернет, дар сомонаи ичтимоии «Одноклассники» бо ному насаби худ саҳифа кушода дар давоми моҳҳои апрел -декабр соли 2015 дидаю дониста расмҳои парчами ташкилоти террористию экстремистии бо ном Давлати Исломии Ироқу Шом, ки тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иттиҳоди террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, паҳн кардааст. Инчунин, ӯ расмҳои кӯдакони дар тан либоси сиёҳ, яроқҳои оташфишон ва дигар расмҳои характери террористиву экстремистӣ доштаро дар саҳифаи худ пайваста гузошта дар саҳифаи дӯстонаш низ паҳ мекардааст. 

Як масъули мақомот дар сӯҳбати х

Сешанбе, Апр 19 2016

19.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 16:01 дақиқа.

Сешанбе, Апр 19 2016

Рӯзҳои 18-22 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои муштараки хадамотҳои ҷустуҷӯии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуда он бо номи «Ҷустуҷӯ»-2016», ки бори нахуст гузаронида мешавад, амалӣ меёбад. 

Душанбе, Апр 18 2016

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.

Чоршанбе, Апр 13 2016

Амиралӣ Муртазоев, сокини ноҳияи Хуросон, соли таваллудаш 1994, ки то Русия рафтан дар як масҷиди шаҳри Қурғонтеппа ба ҳайси имом-хатиб фаъолият мекардааст, дар Русия тавассути расонаи Zello бо шахсе зери тахаллуси «Эшон» ошно шуда даъвати ӯро барои ба Сурия рафтан ва ба ДИИШ пайвастан қабул мекунад.

Сешанбе, Апр 12 2016

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе фурӯши чойи хушки пастсифатро бо нархи гарон ошкор ва пешгирӣ намуданд.

саҳ 78 аз 82

Китобҳо

Flag Counter