ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 17 2019


 Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди пойтахт ҳамагӣ 4934 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
     Аз ҷумла: идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ-8 адад, бе рақами қайди давлатӣ-19 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-1 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда-116 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-85 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-18 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт-8 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ-56 адад, худсарона баромадан аз хати сайр-47 адад, нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ-84 адад, вазъияти хавфнок-10 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон-292 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон-846 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд-30 адад, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1734 адад.
     Чӣ тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.


Ҷумъа, Апр 12 2019


Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми дар вазифаи директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” кор карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Диёрсоз”, марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев рӯзи 25-уми январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Моҳи декабри соли 2018 Нурулло Наимов, як роҳбари собиқи КВД "Сохтмони манзили дастрас” низ бо айни иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуда буд.

Ҷумъа, Апр 12 2019


Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш.Бохтар дар мағозаҳо, сартарошхонаҳо ва 2 бозори марказӣ рейди санитарӣ гузаронида, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои санитарӣ ба 53 тан протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 25.400 сомонӣ ҷарима таъйин ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Бино бар ҷавобгӯ набудан ба қоидаи меъёр ва талаботҳои санитарӣ фаъолияти 34 нуқтаи иншоот муваққатан боздошта шуд. Инчунин маҳсулоти хӯроквории шубҳанок ва мӯҳлати истифодабариашон гузаштаро ба миқдори 721 кг\л ба маблағи 5635 сомонӣ дарёфт намуда, аз муомилот гирифта шуд. Аз тарафи озмоишгоҳҳои марказ 1445 адад намунаи таҳлилҳо барои муайян намудани кирмҳои меъдаю рӯда ва 2125 адад намунаи таҳлилҳо барои дарёфти барангезандаҳои чӯбчаи меъдаю рӯда гузаронида шудааст. Айни замон вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр нисбати бемориҳои сироятӣ мӯътадил аст.

Баҳодур Уроқов СССР, шаҳри Бохтар

Чоршанбе, Апр 10 2019


   Рӯзи 8.04.2019, тахминан соатҳои 14 ба 15 дар мавзеи деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосори н.Балҷувон ронандаи автомашинаи тамғаи «Урал-43202», Шарофиддини Шовалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур, ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосор  дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиётро чаппа кардааст.
   Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон, соли таваллудаш 1952, Назаров Муродалӣ, соли таваллудаш 1952, сокинони деҳаи Зоғон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Баъдан Муҳаббатов Солеҳ, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Шипдара дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
   Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрвандони дигари дар бордони автомашина буда, Саидов Исуф, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шаҳидон, Сайрамбии Шариф, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Ибодати Абдураҳмон, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Моҷак, ноболиғ Оишамои Ҷумахон, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Носиров Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳидон, Маҳмадиев Марзон, соли таваллудаш1956, сокини деҳаи Шаҳидон, Саидова Сабоҳат, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Шипдара ва Давлатзода Ҷурахон, соли таваллудаш 1954, сокини ш.Леваканд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҷумъа, Апр 05 2019


   Дар ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи борони зиёд сел омада, сабабгори қатъи қувваи барқ, харобу вайрон шудани роҳу заминҳои кишт, симчӯбҳо ва дарахтон гардидааст. Хушбахтона, хисороти ҷонӣ дар пай нест ва зарари расонидашуда аз ин офати табиӣ санҷида ва ҳисоб карда шуда истодааст.
   Бино ба иттилои аз МИҲД н.Мастчоҳ расида, айни замон раиси ноҳияи мазкур Ғайрат Азиззода бо масъулини сохторҳои марбута дар маҳалҳои селзада ва манотиқи осебпазир қарор дорад.
- Барои пешгирии сел ва рафъи оқибатҳои он раиси ноҳия Ситоди фаврӣ доир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доди истодааст, - мегӯяд хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ»-и н.Мастчоҳ Муродуллоҳ Почозода, ки дар яке аз манотиқи селфаро-Ҷамоати шаҳраки Суғдиён қарор дорад.
   Тибқи иттилло вазъи обанбори «Суғдиён» ором аст, аммо абрҳои сиёҳ то ҳанӯз осмони ноҳияро тарк накардаанд.

Акс аз саҳифаи Фейсбукии Муродуллоҳ Почозода

Чоршанбе, Апр 03 2019


Қаблан сокинони ш.Бохтари вилояти Хатлон аз тамбашави (пробка)-и мошинҳо шикоят карда мегуфтанд, ки дар атрофи 2 бозори бузурги шаҳр (пробка)-ҳо ба назар мерасид ва барои гузаштани роҳ вақти зиёд мегузашт. Дар рӯзҳои ид бошад аҳвол бадтар мешуд!!! Дар ин шабу рӯз бо дастури бевоситаи раиси шаҳр дар атрофи 2 бозор умуман мошинҳо дида намешавад. Кормандони БДА-и шаҳри Бохтар айни замон шабонарӯз талош доранд, ки атрофи 2 бозори шаҳр поку тамиз бошад. Махсус 2 нафар корманди БДА-Ҷасур Азимов ва Аҳлиддин Салимов вазифаашонро дар ин самт сидқан иҷро карда истодаанд. Аҳсан ба шумо!!!

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 9 аз 78

Китобҳо

Flag Counter