ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Нояб 19 2020

    Тибқи 1 Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 18.11.2020 Салимзода Шерхон Одина бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ озод карда шуд. 

   Ба ҷойи ӯ Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мавсуф то ин дам дар вазифаи Прокурори вилояти Суғд кор мекард.

Чоршанбе, Авг 05 2020

 Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ гуфт, ки омода аст барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони ВМКБ мусоидат намуда, ВКД барои қабули хоҳишмандон барои кор ба сохторҳои худ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Рашту ноҳияҳои тобеи марказ тайёр аст. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 3.08.2020 зимни нишасти матбуотӣ зикр намуда, инчунин гуфт, ки дигар сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳукуқи кишвар, аз ҷумла Қушунҳои сарҳадӣ ҳам тайёр аст ҷавонони балаёқати ин минтақаро барои ҳифзи Ватан ба кор гирад.

   -Соле қабл мо дар ин бора суҳбат карда, ҳатто дар НБО “Роғун” чанд нафар аз сокинони вилоятро ба ҷои кор таъмин намуда будем. Инчунин ман гуфта будам, ки мо омода ҳастем, ки ҷавонони Бадахшонро дар сохторҳои ВКД дар вилоятҳои Хатлон,Суғд ноҳия ва минтақаи Рашт ба кор гирем. Мутаассифона дар ин муддат ягон нафар муроҷиат накард ва ин ҷойҳо холӣ монданд. Мавриди қайд аст, ки дар ВМКБ 20 ё 30 иншоотҳои сохтмонӣ рафта истодааст, ки дар онҳо 1500 нафар ҷавонон аз дигар минтақаҳои кишвар рафта кор мекунанд. Ин иншоотҳо дар назди хонаҳояшон аст ва агар хоҳиши кор кардан медоштанд сокинини вилоятҳои Суғду Хатлон рафта дар онҷо кор намекарданд. Барои ҳамин пурсида мешавад, оё онҳо хоҳиши кор кардан доранд ё не?- афзуд вазир.

    Ин иқдоми вазири корҳои дохилӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ВМКБ роҳандозӣ шуда, илова бар ин соли гузашта бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ВМКБ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил намуда буд, вале мутаассифона чанд нафар ҳамагӣ муроҷиат карданду тамом. 

   Бояд гуфт, ки Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки тибқи омори расмӣ дар вилоят 4000 нафар бекор ба қайд гирифта шуда бошад, дар асл ин шумора ба маротиб зиёд буда, то ба 16 000 нафар мерасад. 

СССР   

 

 

 

Чоршанбе, Июл 29 2020

Зарари сухтори бозори Шаҳритуз  4.000.000 сомонӣ ҳисобида ва  нисбати 2 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. 

 29.07.2020. Дар Раёсати хадамоти давлатии отшанишонии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Мухбири СССР ба сардори Раёсат суол дод, ки зарари сухтори бозори Шаҳритуз чанд асту сабаби ин сухтор кӣ буд? Полковники хизмати дохилӣ Садриддинхон Султонзода посух дод, ки зарари сухтор зиёда аз 4.000.000 сомонӣ буда, нисбати 2 нафар-раиси бозор Насим Карим ва барқчӣ Маҳмадулло Давлатов парвандаи ҷиноӣ бо модаи 192, қисми 2, яъне риоя накардани қоидахои бехатарии сухтор, кушода шуд. 

Гуфта мешавад, ки зиёдшавии шумораи сухторҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои Шахритуз 7, Кӯшониен 6, Норак 4, н.Хусрав 3, Вахш 3,  Восеъ, Ҳамадонӣ, Балҷувон 2-ададӣ ва дар навоҳии Муъминободу Данғара 1 ҳодиса зиёд ба қайд гирифта шудааст. 

                                                                               

  Баҳодур Уроқов, 

СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Июл 22 2020

   

Мо ҷаримаро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ мисли Россия, Хитой ва дигар кишварҳо тавассути ворид намудани тағийроту иловаҳо ба 1 қатор қонунҳои кишвар ба роҳ мондем. Чунин қонун ва талабот айнан дар давлатҳои ҳамсоя пеш аз мо ҷорӣ гаштаанд. Ин нуқтаро Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузории ҶТ зимни нишасти матбуотӣ зикр карда, изҳор намуд, ки қонуни қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи ниқоби тиббӣ барои шаҳрвандон ва паҳни иттилои бардуруғ нисбати COVID-19 бар нафъи худи мардум аст. Аммо ӯ ба масъалае, ки маоши шаҳрвандони мо аз шаҳрвандони дигар давлатҳо фарқ мекунад ва ин омил дар пардохти ҷарима хеле ҳам нақши муҳимро мебозад, посухи мушаххас надод. 

Шери Давлат, СССР

 

Ҷумъа, Май 01 2020

   Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳор намуданд, ки  50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 хоҳанд гузаронид. Ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шудааст.

   Тавре маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо 1 қатор корҳоро роҳандозӣ намуда, қайд кардааст, ки бояд ба мардум фаҳмонд, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. 

   - Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд,- таъкид доштааст вазири корҳои дохилии ҶТ.

 

Панҷшанбе, Апр 02 2020

 

    Зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи мамлакат машғул буд, муайян ва дастгир карда шуд. Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб дар умум навъҳои гуногуни воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон-70 кг 283 гр дарёфту мусодира гардид. 

    Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, ҳамаи дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич, соли таваллудаш 11 январи 1976, сокини ш.Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст, мебошад. Номбурда қаблан 2 маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия маҳбасӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 3 зан ва 11 фарзанд мебошад.

   Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар ш.Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, 221 гр афюн ва таблеткаҳои психотропии навъи «МДМА-экстазӣ» дарёфту мусодира гардиданд.

   Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯш ва ҳама гуна амалиёти доду гирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Муқим Қурбонов назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла «Ватс-Ап», «Имо», «Вайбер» бо дигар ҳаммаслаконаш додугирифти воситаҳои нашъадорро ба роҳ мондааст. Далелҳои шайъӣ аз ҷараёни доду гирифти воситаҳои нашъадор дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, ки дар вақти пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ ба даст омаданд, исботи ин гуфтаҳоянд.

    Ҳаммаслак ё шогирдони Муқим Қурбонов воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта, расм ва схемаи макони гузоштаашонро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ Муқим Қурбонов мефиристодаанд. Баъдан Муқим Қурбонов схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамудааст, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии «Киви-кошелёк» ба суратҳисоби Муқим Қурбонов мегузарондаанд.

    Чунончӣ, дар асоси маводи тафтишотӣ тасдиқ гардид, ки ин гурӯҳ охирин маротиба 10 октябри соли 2019  55 кг. воситаи нашъадори сахттаъсири навъи героинро ба яке аз давлатҳои ИДМ интиқол дода, бо схемаи махсуси интернетӣ ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоби хориҷӣ фурӯхтаанд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи 7 нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТпарвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 82

Китобҳо

Flag Counter