ХАБАРИ ДОҒ

Садамаи пурқурбонӣ дар Истаравшан ҷони 6 нафарро бурд

  • Панҷшанбе, Сен 21 2017


20.09.2017, тахминан соати 12:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юсуфов Наимҷон Мирсаъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми ба сабқат баромадани автомашинаи газкашони тамғаи “Чанган”, таҳти идораи Ниматов Сайдаҳмад Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Фархор, ба автомашинаи самти муқобили ҳаракат омада истодаи тамғаи “Либеро”, таҳти идораи Улмасов Рустам Раҳматович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст.
Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар он Усмонов Фахриддин Аҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Истаравшан савора буд, пахш намуда, чаппа шудааст.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Либеро” Улмасов Р., ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Юсуфов Н. ва мусофирони дохили автомашина тамғаи “Опел-Зефира” Абдураҳмонова Муҳаррам Бобоевна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Сатторова Муътабар Бобоевна, соли таваллудаш 1975, шаҳри Бӯстон, Иззатова Руқиямоҳ Ҳукуматуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ш.Душанбе ва савораи харароба, Усмонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”: Эсоев Собит, соли таваллудаш 1958, сокини ш.Душанбе, Ҳасанова Малоҳат Бобоевна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Убайдуллоева Ойбону, соли таваллудаш 1963, сокини н.Б.Ғафуров, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Либеро” Муллоев Даврон Бурҳонович, соли таваллудаш 1961, сокини н.Ҷ.Расулов ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter