ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон Раҳимзода журналистонро ба Марғоб бурд

  • Душанбе, Март 14 2016

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ рӯзи 12 март намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварро ба Маркази таълимии ВКД, ки дар мавзеи Марғоби дараи Ромит қарор дорад, даъват намуда бо имконоти он ошно намуд.

Бояд қайд намуд, ки ин ташаббуси вазири корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар мамлакат рӯзи 11 март таҷлил карда мешавад, сурат гирифта роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии кишвар Ализода Анвар Ҷумъа пеш аз сафар тамоми журналистонро аз номи Рамазон Раҳимзода табрик ва таҳният намуда ба бархе аз журналистон – ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ низ супорид.

Маркази таълимии ВКД дар мавзеи Мағови дараи Ромит 1 сол пеш дар ҳудуди беш аз 500 метри квадратӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии ВКД бунёд ёфта он аз рӯи талаботҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маркази таълимӣ дорои синфхонаҳои таълимӣ, маркази идоракунии компютерӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, утоқҳои саҳроӣ, мавзеҳои тирпаронӣ барои баргузор намудани машқҳои тактикӣ дар шароити кӯҳистон буда дар ин марказ алакай машқҳои муштараки кишварҳои Тоҷикистону Чин баргузор шудаанд. Ба намояндагони ВАО имкон дода шуд аз тамоми ин бахшҳо дидан намоянд ва баъдан дар мусобиқаҳои варзишӣ низ ширкат кунанд.

Боздиди намояндагони ВАО-ро дар гузориши аксии СССР

Ҷамила Ҳусейнова

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter