ХАБАРИ ДОҒ

2 шӯъбаи нави ВКД дар шаҳри Душанбе

  • Чоршанбе, Март 16 2016

Дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт Шӯъбаҳои нави ВКД ҶТ ифтитоҳ ёфта минбаъд ШВКД Фирдавсӣ-1,ШВКД Фирдавсӣ-2, ШВКД Шоҳмансур-1 ва ШВКД Шоҳмансур-2 фаъолият хоҳанд кард.

Фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 15 марти соли равон ба тасвиб расида ҳамзамон сардорони ин шӯъбаҳо ва 1 қатор шӯъбаҳои дигари ВКД дар шаҳру навоҳири мамлакат низ тасдиқ ва иваз шуданд.

Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, полковники милитсия Саидов Раҳматулло Аҳмадович сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадобойзода Ҳотамҷон Пулодӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ Раҷаб ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, подполковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар  ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ, майори милитсия Давлатзода Шафкат ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён, полковники милитсия Мирзозода Хуршед Мирзоамин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд, полковники милитсия Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинааҳмад ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковники милитсия Раҳмонзода Абдураҳмон Дуст ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвози ВМКБ таъин гаштанд.

Бояд қайд намуд, ки Раҷабзода Нуралӣ Раҷаб то ин дам ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ҶТ кор карда Раҷабзода Ҳасан Ҷамил бошад дар Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе вазифаи муовини сардорро иҷро мекарданд.

 

Ҷамила Ҳусейнова

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter