ХАБАРИ ДОҒ

Ҷасади Пардаро аз зери хок ёфтанд

  • Панҷшанбе, Март 17 2016

Кормандони ВКД ҶТ ҷасади Пардабой Одиназодаи 25-соларо, ки дар ш.Ваҳдат дар 20-км шарқи Душанбе нопадид шуда буд, дар назди деҳаи Ҷавонон аз зери хок ёфтаанд.

Кормандони зудамали ВКД баъди ҷустуҷӯи 2-рӯза ҷасадро шоми рузи чоршанбе аз зери хок пайдо карданд, ки Неъматҷон Солеҳов-сокини дигари ҳамин ноҳия ӯро барои пул буғӣ карда, барои пинҳон намудани ҷинояташ ҷасадашро гур кардааст. Солеҳов ҳамчун гумонбар дар марги Пардабой боздошт шудааст. Тавре мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Неъматҷон дар аввал гумон дошт, ки Парда маблағи калон дорад ва бо ҳадафи ба даст овардани пули ӯ ба мошинаш “Мерседес-Бенс” савор карда, ба тарафи деҳаи Ҷавонони ш.Ваҳдат бурда, ӯро буғӣ кардааст. Солеҳов телефони ҳамроҳи “Алкател” ва 2100-сомонии Пардабойро зери хок намуда фирор мекунад. Феълан дар нисбати Неъматҷон Солеҳов бо моддаи 104 (куштор) парвандаи ҷингоӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter