Принт

Боздошти ноиби ректор бо $3600


Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зодаи ш.Панҷакент, шаҳрванди Федератсияи Россия, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур, дар вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент оид ба илм ва иноватсия кор карда, дидаю дониста, ба 1 сокини ш.Панҷакент, ки пас аз хатми мактаби миёна умуман дар ягон муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсил накардааст, барои аз Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Омски ФР дастрас намудани маълумотномаи қалбакӣ, 3600-доллари амрикоирро ҳамчун пора талаб кардааст.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, номбурда, санаи 8-уми феврали соли 2018, дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани пора ба маблағи 3600-доллар аз марди дар боло зикргардида аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Матлабҳои дигар