Принт

Соҳиби тахаллуси Ал-Хусейн нашуда, ба 7 сол аз озоди маҳрум шуд!

Нуралиев Ҳусейн Заурович -21.05 соли 1996 таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш ҷамоати шаҳраки Вахш кучаи Б.Ғафуров

 Ба ҷинояти суиқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷанги дар ҳудуди дигар давлатҳо машғул шуда, моҳи августи соли 2014 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, дар шаҳри Москва ва вилояти Калуга ба корҳои гуногун машғул шудааст. Аз соли 2014 дар шабакаи интернетии «Одноклассники» саҳифаи худро бо номи «Husein Nuraliev» ба қайд гирифта, дар он наворҳои ташкилоти экстремиста-террористии «Давлати исломӣ»-ро тамошо карда, ба он рағбат пайдо мекард. Санаи 29-уми декабри соли 2015 тавассути шабакаи интернетии «Однокласники» бо шиносаш Файзалиев Иброн Илҳомович, бо тахаллуси «Абу Анас» алоқа намудааст. Дар рафти сӯҳбат Файзалиев Иброн Илҳомович, дар хусуси дар сафи ташкилоти экстремиста - террористии «Давлати исломй» дар Ҷумҳурии Сурияи Араб қарор доштанаш, зарур будани «ҷиҳод» барои ҳар як мусалмон ва ғайраҳоро иброз намуда, ӯро барои иштирок дар муноқишаҳои ҷангӣ даъват намудааст. Вай бо ғоя ва мақсадҳои ташкилотии зикршуда шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, таклифи Файзалиев И.И.-ро қабул карда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, мақсади ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи ин ташкилоти террористӣ иштирок намуданро кардааст. Бо мақсади аъзои ин ташкилоти террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Сурияи Араб иштирок намудан, санаи 03 январи соли 2016 тавассути хатсайри Москва-Истамбул ба давлати Туркия парвоз намудааст. Санаи 14-уми январи соли соли 2016, ӯ ҳангоми тавасссути автомашинаи кироя ба самти шаҳри Адана раҳсипор шуданаш, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудааст. Дар натиҷа ӯ бо ҳолатҳои ба иродааш вобаста набуда, мақсади ниҳоии худро оиди ба Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаштан ва ба ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» пайвастан, ба анҷом расонида натавонист.

Нуралиев Ҳусейн Заурович, дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 4011-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра гунаҳгор шуморида, баёнот дод, ки ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи №1 нохияи Вахши в. Хатлон соли 2014 аз сабаби вазъи зиндагиашон паст будан мохи августа соли 2014 ба шазфи Москва ба мухочиарти мехнатй рафтааст. Дар шахри Москва дар шахраки Голитсино дар магозаи хуроквории «Родовой герб» боркаш шуда, 7 мох кор кардааст. Сипае ба назди хамсояашон Абдулазизов Ч,амшед, ки дар заводи «Булгарконсерва»-и нохияи Обнински вилояти Калуга кор мекард, рафта, то 14 декабри соли 2015 дар он ной ба корхои гуногун машгул шуда, сипас бекор мондааст.

Хднгоми он чо будан дар барномаи интернетии «Одноклассники» худашро бо номи Husein Nuraliev ба к;айд гирифтааст. Пас аз ба кайд гирифтан ша^рванди Чумхурии Точикистон бо номи Иброн паёмак (CMC) бо навиштачоти «салом Хусейн» ба у равон намудааст. Онхо дар мактаб якчоя хондаанд. Рузи аввали суҳбат Иброн ба у нак;л мекардааст, ки дар «Давлати исломй» қарор дорад, дар инчо ба даредои ҳарби машгуланд. Дар «Давлати исломй» зиндагй хуб буда, мақсадаш дар «Давлати исломй» хизмат кардан ва дар роҳи Аллох; шаҳид шудан мебошад. Санаи 30 декабри соли 2015 Иброн уро барои чиҳод намудан ба «Давлати исломй» даъват намудааст. Иброн бо у «Ахи» гуфта, судбат мекардааст ва у пурсидааст,ки маънои «Ахи» чист. Дар чавоб Иброн гуфтааст, ки «Ахи» ин арабй буда, маънояш бародар мебошад. Пас аз ин у низ ба Иброн «Ахи» гуён мурочиат мекардааст. Хамзамон Иброн ба у фаҳмондааст, ки пас аз омадан ба «Давлати исломй» аввал машк^ои хдрбй, истифода бурдани ярок;и оташфишон, дареной исломй бо омузиши қуръони Каримро таълим мегирад. У ба даъвати Иброн розй шуда, 2 январи соли 2016 нусхаи шиносномаи хоричиашро тавассути интернет ба Иброн фиристодааст. Иброн санаи 3-ми январи соли 2016 ба у чиптаи ^авопаймо ба самти Москва-Туркия харида ирсол намудааст. Хамон руз, яъне 2 январи соли 2016 Иброн ба у паёмак (CMC) бо навиштачоти «Хусейн хамаи сухбатхоямонро аз сахифаи «Одноклассникат» несту нобуд намо» фиристодааст. У аз Иброн сабабашро пурсон шудааст. Иброн чдвоб додааст, ки аз тарафи кормандони хифзи хукук; хамааш назорат мешавад, боз нашавад ки ягон нафар хабар ёбаду ба кормандони хифзи хукук; хабар расонанд. У дархол хамаи сухбатхояшро бо Иброн аз сахифаи интернетии «Одноклассникии» несту нобуд намудааст. Иброн ба у фахмондааст,ки ки баъди ба Туркия омадан уро дар фурудгох ронандаи мусофиркаш пешвоз гирифта ба як хонаи мебарад. У санаи 3 январи соли 2016 соати 15:00 ба фурудгохи «Домодедово»-и шахри Москва рафта, соати 20:00 ба хайвопаймо савор шуда, субхи 4 январи соли 2016 соати 04:30 дак;ика ба фурудгохи Истамбули Туркия расидааст. Дар назди баромад аз фурудгох дар дасти як шахрванди Чумхурии Туркия навиштачоти номашро дида, ба назди у рафта худро муаррифй намудааст. Он шахе ронандаи такси буда, уро ба автомошинааш савор намуда тахминан 40 дакика рох рафтаанд. Ронандаи такси уро аз автомашинаш фароварда, ба шахеи руезабон шинос намудааст ва ин шахеи рус худро Абу-Умар муаррифи намуда, ба як ҳучра даровардааст. Дар ин ҳучра у мудати 10 шабонаруз истодааст. Бо хамрохии у дар хонаи ба ичора гирифтаи Абу-Умар 5 нафари дигар хузур дошта, хама ният доштанд бо максади «чиход» ба Давлати Сурия раванд. Онхо шахрвандони Федератсияи Россия миллаташон дористони ва чеченхо будаанд. Мудатти 10 шабонаруз у ва ҳамроҳонаш интизори он буданд, ки имконияти убур намудани сархади Туркия-Сурия шавад то ин, ки ба Давлати Сирия барои аъзо шудан ба давлат ба ном Исломй ва чиход намудан раванд. Санаи 14 январи соли 2016 у пас аз намози шом аз хона баромада, ба истгоҳи автобусҳои мусофиркаш рафта, ба автобуси самти шахри Адана савор шудааст. Дар хамон автобус боз 2 нафар шахрвандони Чумхурии Точикистон бо номи Махмуд аз шахри Кулоб ва Амир аз шаҳри Вахдат, низ савор шуда, тахминан 15 соат то шахри Адана рафтааст. Баъд аз автобуси мусофиркаш фаромадан ба назди у шахрванди Туркия омада уро бо хамрохии шахсони номбурда ба такси савор карда ба як хонаи истик;омати бурдааст. Дар он чо онхо як шабонаруз истода, субх боз хамон шахрванди Туркия онхоро ба такси савор намуда ба самти номаълум бурдааст, аз фахмишаш бояд ба шахри Газиантеп мерафтаанд. Дар роҳ таксиро кормандони хифзи хукуки боздошт намуда, хуччатхои уро санчидаанд ва уро ба мошини хизматиашон савор намуда ба шахри Адана бурдаанд. Аз 14-уми январ то 29-уми январи соли 2016 ба хабс гирифта, рузи 29-уми январи соли 2016 ба Чумхурии Точикистон фиристодаанд. Х,амчунон илова намуд, ки агар уро кормандони хифзи хукуки Туркия дастгир намекарданд, вай ба Сурия рафта дар «чиход» зидди хукумати конунии Сурия мечангид.

Баъди ин онҳоро тавассути ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардаанд. Дар ҳақиқат ӯ бо мақсади иштирок кардан дар ҷангҳои дохилии Сурия ба давлати Туркия рафтааст, ки ӯро дар сарҳади давлати Туркия-Сурия дастгир кардаанд. Айни ҳол ӯ аз кирдори содир намудааш сидқан пушаймон буда, бори аввал ба чунин кирдор даст зада оиладор ва дар таъминоташ як фарзанди ноболиғ дошта, аз суд ҳоҳиш дорад, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суди ноҳияи Вахш Файзуллозода С.Ҳ. нисбатиНуралиев Ҳусейн Заурович бо моддаҳои 32 қисми 3 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 15 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 (ҳафт) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин таъин карда шавад.

Мақомоти н.Вахш мегӯянд, 16 сокини ҳамин ноҳия, ки дар кишварҳои исломӣ ба сар мебаранд, 14 нафарашон дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Ба гуфтаи мақомот, миёни онҳое, ки дар Сурия ҳастанд, иддае бо хонаводаашон қарор доранд ва кӯдакони ин хонаводаро оқибаташон торику сиёҳ аст...

Имрӯза дар садову симо,радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ хулоса ҷое нест,ки сухан аз ифротгароӣ вуҷуд надошта бошад.Ҳар чанд,ки ифротгароӣ як падидаи нав нест,вале авҷ гирифтани он дар замони мо диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст.Гурӯҳи навзуҳуре,ки худро «муҷоҳидон»-и роҳи ҳақ, «парчамдори давлати исломӣ»мепиндран ва бандагони Худо заррае раҳм накарда,ҳамаро қатли ом мекунанд сабаб шудааст,ки ҳамагон ба ин тарзи рафтору пиндор вокуниш нишон даҳанд.Аммо камтар дида мешавад,ки моҳияти ифротгароиро дақиқан мушаххас намоянд.Мо мехоҳем дар ин мақола ба мафҳуми  ифротгароӣ,пайдоиши он,нишонаҳои ифротгароён ва сабабҳои рӯй овардани ҷавонон ба онро мавриди таҳлилу тақиқ қарор диҳем.

Баҳодур Уроқов  СССР

 

Матлабҳои дигар