ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти осори таърихӣ дар марз

  • Душанбе, Апр 11 2016

Кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ"- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, пешгирӣ намуданд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ" ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, 44 адад ангуштарин, 21 адад гарданбанд, 8 адад дастбандҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шуд. Соҳибкор А.Р. мехост, ин маснуотро аз Тоҷикистон ба кишвари Туркия интиқол диҳад. Дар натиҷа нисбат ба корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Қ. Р.Қ., ки ба ин ҳолат даст дошт, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қисми 2, Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз шуда, ба мақомоти тафтишоти пешакӣ пешниҳод гардид.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter