Принт

Ошкор шудани 3000 қуттӣ чойи пастсифат

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе фурӯши чойи хушки пастсифатро бо нархи гарон ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Ин амал ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи машварати кории назди раиси шаҳри Душанбе аз 1- уми феврали соли 2016 доир ба сабаби фарқияти калони нархи чой нисбат ба соли гузашта сурат гирифта дар ин самт боз як қатор корҳои дигари назаррас иҷро гардид.

Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи баррасӣ намудани маълумоти фаврӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Қӯрғонтеппа як ҳолати ғайрирасмии чойи хушки дар халтаҳо ворид шударо, ба қуттиҳои тамғаи молии мансуб ба дигар ширкат ҷойгир намудан ва бо арзиши гарон ба муомилот баровардан он ошкор карда шуд.3000 чунин қутиҳои чойи пастсифат бо арзиши 24000 сомонӣ аз гардиши савдо гирифта шуда, маводхо дар баррасии прокуратураи шаҳри Душанбе қарор доранд.

СССР

 

 

Матлабҳои дигар