Принт

Ҳаракати ҳама гуна мошинҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд манъ карда шуд

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки бинобар фаромадани ҷинсҳои куҳӣ дар километри 119-700 роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ронандагон ва шаҳрвандон то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ бояд аз сафар худдорӣ намоянд. Оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ иловатан хабар дода мешавад.


Матлабҳои дигар