ХАБАРИ ДОҒ

Дастури Абдураҳмон Аламшозода барои ташкили нуқтаҳои сайёри шиносномаивазкунӣ дар деҳаҳои дурдасти ВМКБ

  • Панҷшанбе, Июл 11 2019

   Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ ва ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ба зертобеони худ дастур додааст, ки масъалаи саривақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014, яъне ID-шиносномаҳо ва фароҳам овардани шароит барои сокинони деҳаҳои дурдасти вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, бо таъсис ва равон намудани нуқтаҳои сайёр мушкили шиносномаивазкуниро дар маҳалҳо ҳаллу фасл намоянд.

   Тавре ба мухбири СССР дар сӯҳбати ихтисосӣ Рустам Мирзомурод, муовини сардори РВКД дар ВМКБ иброз дошт, аз номи сардори Раёсат ба унвони мудирияти ширкатҳои алоқа ва мобилӣ вобаста ба гузоштани таҷҳизоти махсус ва фароҳам намудани фазои интернетӣ дар дурдасттарин маҳалҳои вилоят алакай нома равон карда шудааст. 

   - Бо ба даст омадани чунин имконият кормандони шӯъбаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо тариқи мошинҳои сайёр ба маҳалҳои дур фиристода мешаванд, то дар ҷояш ин мушкили мардумро осон намоянд. Шумо медонед, ки амалӣ ёфтани ин кор бидуни шароити электронӣ ва интернетӣ ғайриимкон аст, зеро системаи шиносномадиҳиву ивазкунӣ муттамарказ мебошад. Воқеан ҳам баъзе деҳаҳо хеле дур аз маркази ноҳия ҷой гирифта, сокинонаш баъзан дар 2-3 моҳ 1 маротиба имкони омадан ба маркази ноҳияро доранд. Бо назардошти ин мо тасмим гирифтем барои осон кардани ин раванд кормандони худро ба деҳаҳои дурдаст фиристем, -афзуд Рустам Мирзомурод.

   Мавсуф инчунин қайд намуд, ки чунин деҳаҳо бештар аз ноҳияҳои Рӯшон-водии Бартанг, Мурғоб-Булункӯлу Қароқул, Роштқалъа, Дарвоз ва Ванҷ воқеъ буда, сокинон низ якчанд маротиба дар бораи ташкили нуқтаҳои сайёри шиносномаивазкунӣ дар маҳалҳои дурдаст ба унвони ВКД ҶТ низ муроҷиат намудаанд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter