ХАБАРИ ДОҒ

ВКД ҶТ: 169 нафар ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд

  • Панҷшанбе, Июл 25 2019

  

   Дар давоми 6 моҳи соли 2019 аз тарафи мақомот 226 ҷинояти хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти экстремистидошта ошкор ва ба ҳисоб гирифта, 1 амали террористӣ содир ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст. 97 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, бо доир кардани чорабиниҳои оперативию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.

   Чӣ тавре, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 549 ҷиноят аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии он 83,5 фоизро ташкил намуд. Аз ин ҳисоб 6 ҳазору 205 ё ин ки 67 фоизи ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи кушодашавӣ 94,6 фоизро ташкил дод. Дар давраи сипаришуда 48 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-62, таҷовуз ба номус-20, роҳзанӣ-14, савдои одамон-10, ғоратгарӣ-74, авбошӣ-541, қаллобӣ-1890, гардиши ғайриқонунии силоҳ-19, ҷиноят бо истифодаи силоҳ-17, дуздӣ-2945, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор-302 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.

   Дар натиҷаи чораандешӣ 19 далели ҷиноят мансуб ба ба қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ошкор карда шуда, 21 нафар гумонбарони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter