Принт

Кондуктори дағалгуфтор ҷарима шуд

 

   Чанде пеш шаҳрванд Қурбонова Шаҳноза Маҳмадқуловна дар саҳифаи Фейсбукии худ аз дағалрафтории 1 нафар ҷавонписари пулчин-кондуктори микроавтобуси хатсайри №15 шикоят намуда буд. Дар натиҷа аз ҷониби масъулини хадамотҳои оперативии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дар якҷоягӣ бо Шуъбаи БДА дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, нафари ҳуқуқвайронкунанда боздошт ва ба милитсия дастрас карда шуд. 

    Муайян гардид, он ҷавонписаре, ки дар мавод аз ӯ ҳамчун пулчин ёдоварӣ мешавад, шаҳрванд Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович, соли таваллудаш 3. 09. 1992, истиқоматкунандаи ш.Душанбе будааст. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 21-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ ба ҳайси пулчин (кондуктор) дар микроавтобуси тамғаи Мерседес-спринтер рақамҳои қайди давлатиаш 3939 ТТ 05, ки дар хатсайри №15 ба мусофиркашонӣ машғул аст, ҳангоми дар маҳаллаи Ховарон расидан нисбати ин ҷавонзани мусофир, ки бо 2 фарзандаш қарор дошт, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафашро дар байни дигар шаҳрвандон паст задааст. 

    Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ(майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385-сомонӣ таъин кард. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД-и пойтахт хабар медиҳад.

 

Матлабҳои дигар