ХАБАРИ ДОҒ

Кӯшиши баровардани маснуоти заргарии коркардношуда

  • Сешанбе, Апр 19 2016

Кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ» ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ як зани соҳибкорро барои ғайриқонуни пинҳон кардани тилло дар баданаш дасгир карданд.

 Аз тарафи нозири дидбонгоҳи барасмиятдарории гумрукии мусофирон Ғ.А. дар толори воридшавии мусофирони хатсайри №255 самти Душанбе-Дубай-Деҳлӣ ҷиҳати шубҳанок будани мусофир С.З., ки мутаваллиди 1968 ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, мавриди муоинаи гумрукӣ қарор дода шуд.

 Дар рафти муоинаи мутахассиси соҳаи тибби ДНГМ Гумруки «Майдони ҳавоӣ» муайян гардид, ки дар бадани С. З. як адад гарданбанди занона иборат аз овезаи (кулон) чоркунҷашакли бо навиштаҷоти «PAMP SUISSE 100 g FINE GOLD 999,9-192245», ки бо тасвири расми зани асотири қадим аз металли рангаш зард сохташуда ва як адад гарданбанди занона иборат аз овезаи (кулон) дорои 6 (шаш) адад пластинкаҳои чоркунҷашакли гуногунҳаҷми аз металли рангашон зард сохташуда дарёфт ва гирифта шуд.

 Шаҳрванд С.З. сабаби пинҳонкориашро дар надонистани қонунгузории гумрукӣ шарҳ дод. Номбурда бо ин амали худ талаботҳои қонунгузории гумрукиро бо моддаҳои 11-13 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуд, ки ҷавобгарии маъмурии ин ҳаракат дар қисми 1 моддаи 578-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, яъне пешниҳод накардани эъломия (декларасия), ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунӣ қарор гирад, сурат гирифтааст.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

 Тазакур бояд дод, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ барои маблағи аз 200 ҳазор сомонӣ боло парвандаи ҷиноятӣ ва ба миқдори кам аз маблағи дар боло зикршуда парвандаи маъмурӣ тартиб дода мешавад.

Маврид ба ёддоварист, ки мувофиқи қонунгузории ҷорӣ аз сарҳади гумрукӣ баровардани маснуоти заргарии коркардношуда, тибқи муқаррарот бояд иҷозатномаи махсуси Маркази иёргарии ҷумҳуриро дошта бошад.

 

Маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter