ХАБАРИ ДОҒ

Абдуғанӣ Давлат-қаҳрамони Раштонзамин

  • Панҷшанбе, Дек 05 2019

 

 26.11.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:53 дақиқа. Мухбири фаолтарини мо аз н. Рашт, Шокир Наимов дар моро задаву гуфт, моҷарои шаби 6.11.2019 дар дидбонгоҳи Ишқобод бори дигар исбот намуд, ки мо Тоҷикон марзу буми худро метавонем бо тамоми ҳастиямон ҳимоя намоем. Аввал дар расонаҳои хабарӣ қайд намуданд, ки дар ин моҷаро 2 нафар, 1 аскару 1 корманди ВКД-нозири минтақавӣ қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Аммо баъдтар дар шумораи гузаштаи СССР аниқ гардид, ки на 2 нафар, балки 6 нафар қаҳрамонӣ нишон дода ҳалок гардидаанд. Аскарони ҷоннисор бо ному насаб ва рутбаҳои ҳарбиашон дарҷ гардиданд, ки боиси таҳсин аст. Дар байни ин қаҳрамонони Ватан зодаи н.Рашт Абдуғании Давлат (дар шумораи гузашта бо номи Ғаниҷони Давлат қайд гардидааст) низ қаҳрамонӣ нишон дода, ҳалок гардид. Ин ҷавонмарди шуҷоъ тайи 1 сол буд, ки адои хизмат менамуд.  Дар таърихи 7.11.2019 дар масҷиди марказии н.Рашт бо иштироки  раиси ноҳия, муовини Фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, сардори РВК дар минтақа ва н.Рашт, сардори КДАМ, афсарону аскарони қисмҳои ҳарбӣ,  дигар мақомотҳои қудративу корхонаҳову идораҳои давлатӣ ва хонандагони муассиасаҳои таълимӣ рӯзи видоъ бо қаҳрамони ҷавонмарди раштӣ гузаронида шуд. Абдуғании Давлат 18.04.2001 дар к.Махсумӣ, хонаи 5-и шаҳраки Ғарм таваллуд шудааст. Дар вақти сӯҳбат  ҳамсабақонаш қайд намуданд, ки Абдуғанӣ  дар байни ҳамсинфон фарқкунанда буда, ташкилотчӣ ва фаъол буд. Бештар кӯшиш менамуд, ки ба ҳамсинфоне, ки сусттар буданд, кӯмаки худро расонад. Ҳамаи ин гуфтаҳоро бори дигар мардонавор дар сарҳад ҷоннисории Абдуғанӣ исбот намуд. 

Муовини Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ-Абдусаттор Шоҳиён дар рӯзи видоъ қайд намуд, Абдуғанӣ дар вақти ҳуҷуми нохалафон мардонавор ҷангида,  вақте мебинад, ки қувваи террористон нисбати онҳо зиёдтар аст, нотарсидаву наҳаросида синаро бар тири  душман сипар менамояд ва намегузорад, ки пои нохалафон ба Ватани азизамон ворид шавад ва зиёда аз 4 нафари онҳоро ба ҷаҳаннам мефиристонад. Вай медонист, ки дар пасаш кӣ истодааст-падар, модар, бародар, хоҳар ва миллату Ватан! Рӯҳат шоду ҷоят ҷаннат эй марди майдон. Мо ҳаргиз туро фаромуш намекунем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter