ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кастет хар!

  • Панҷшанбе, Янв 02 2020

  Тӯли 1 моҳи ахир аксари ҷиноятҳое, ки миёни ҷавонон сар мезанад, бо истифода аз силоҳи сард (холодное оружие) анҷом дода мешаванд. Фикр мекунам, ки ҷавонони мо филмҳои ҳоливудиро бештар тамошо карда, баъзе саҳнаҳои даст ба ҷиноят задани қаҳрамонҳоро дида, ба худ ҳамчун 1 намуна қарор дода,  корду кастету дубинка гирифта мегарданд. Таҳлилҳо нишон дод, афроде, ки бо худ силоҳи сард мегардонанд онҳоро дар хурдтарин  муноқиша ва нофаҳмиҳои лафзӣ истифода мекунанд. Натиҷааш-панҷара ва ҳаёти сӯхта…

 

Мусодираи 66 силоҳи сард

    Чуноне ки ба мо дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, баҳри пешгирӣ намудани чунин ҷиноят тӯли моҳи ахир амалиёти “Корд” роҳандозӣ шудааст, ки аз оғози фаъолияташ то инҷониб 5 марҳиларо дар бар мегирад. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шудааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима татбиқ мегардад. Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 12 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои бо худ гардонидани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.

 

Амалиёти «Корд» кордфурӯшонро гурезонд!

    Дар навору аксҳои хабарӣ дида мешавад, ки ҷинояткорон пас аз амали нопоки худ, ба дасти милитсия афтода, аз онҳо корду кастет ва дубинкаҳо мусодира мешавад. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чунин олотро аз куҷо дастрас менамоянд?  Бо супориши редаксия мо барои муайян намудани нуқтаҳои фуруши силоҳҳои сард ва муайян намудани нуқтаҳои тақсимоти онҳо ба кӯча баромадем. То ҷое ки мо маълумот доштем, дар чанд нуқтаҳои бозори “Корвон” ва “Саховат” имкони дастрасии чунин силоҳ барои мардум муҳайё буд. 

  12.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Барои аниқтар кардани макони фурӯши олотҳои чун силоҳ истифодашаванда ба дӯконҳои гирду атрофи «Саховат» ва «Корвон» рафтем. Ман медонистам ва дида будам, ки дар ин нуқтаҳо озодона  кордҳои гуногуни кисагӣ ва якчанд намуди “дубинка”-ҳову “кастет”-ҳо ва дигар олоти ба ин монанд мефурӯхтанд, лек ҳангоми ҳозир шудан ба нуқтаҳои мавҷуда аз он ҳама олот чизе несту паяшро низ пайдо кардан имконнопазир шудааст.

   Пасон аз 1 фурӯшандае, ки нахост номаш ифшо гардад, пурсон шудем, ки “Амакҷон, чаро шумо дигар кордҳои аҷоибу кастетҳои гуногунро намефурӯшед?”. Посухи фурӯшанда чунин буд: «Моҳи охир ба дӯкони мо намояндагони суду прокуратура бо нозирони минтақавии бозор якҷо омада, қисме аз ашёҳои мефурухтаам аз қабили корд, кастет ва якчанд намуди дубинкаҳоро гирифта бурданд, баъдан корамонро то суд кашола карданду дар охир аз ман талаб намуданд, ки дигар чунин ашёро нафурӯшам, зеро агар маротибаи 2-юм ба даст афтам, ҳатман ҳабс хоҳам шуд…»

   Аз ин маълум шуд, ки сабаби дигар ғайб задани корду кастету дубинка “Амалиёти корд”-и милисаҳои пойтахт будааст. Зеро дар баробари пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ онҳо роҳи асосии хариду фурӯши силоҳҳои сардро  бастанд, ки ҳалолашон бод! Хуб мешуд агар назорати ин гуна дӯконҳои силоҳи сардфурӯшӣ пурра зери назорат гирифта шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии хатари чунин силоҳ ба ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад. Мо пайгири мавзӯъем. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, коромузи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter