Принт

Нашъаҷаллобони калон ба даст афтоданд

 

    Зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи мамлакат машғул буд, муайян ва дастгир карда шуд. Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб дар умум навъҳои гуногуни воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон-70 кг 283 гр дарёфту мусодира гардид. 

    Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, ҳамаи дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич, соли таваллудаш 11 январи 1976, сокини ш.Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст, мебошад. Номбурда қаблан 2 маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия маҳбасӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 3 зан ва 11 фарзанд мебошад.

   Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар ш.Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, 221 гр афюн ва таблеткаҳои психотропии навъи «МДМА-экстазӣ» дарёфту мусодира гардиданд.

   Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯш ва ҳама гуна амалиёти доду гирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Муқим Қурбонов назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла «Ватс-Ап», «Имо», «Вайбер» бо дигар ҳаммаслаконаш додугирифти воситаҳои нашъадорро ба роҳ мондааст. Далелҳои шайъӣ аз ҷараёни доду гирифти воситаҳои нашъадор дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, ки дар вақти пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ ба даст омаданд, исботи ин гуфтаҳоянд.

    Ҳаммаслак ё шогирдони Муқим Қурбонов воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта, расм ва схемаи макони гузоштаашонро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ Муқим Қурбонов мефиристодаанд. Баъдан Муқим Қурбонов схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамудааст, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии «Киви-кошелёк» ба суратҳисоби Муқим Қурбонов мегузарондаанд.

    Чунончӣ, дар асоси маводи тафтишотӣ тасдиқ гардид, ки ин гурӯҳ охирин маротиба 10 октябри соли 2019  55 кг. воситаи нашъадори сахттаъсири навъи героинро ба яке аз давлатҳои ИДМ интиқол дода, бо схемаи махсуси интернетӣ ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоби хориҷӣ фурӯхтаанд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи 7 нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТпарвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

Матлабҳои дигар